Дини мубини ислом дини раҳмат аст
Табиист,ки ҳар як фарди ин ҷомеа новобаста аз рангу миллату нажоду дин, ки худро соҳибақл меҳисобад, албатта ба махлуқ будани худ иқрор буда, ба ҳастии Холиқ бовар дорад.
Модоме,ки мо дар курраи арз махлуқи Холиқ бошем, пас он Холиқи меҳрубон барои ҳидояти махлуқот ва ҷомеаи башарӣ Пайғамбаронро бо дину адён ва бо кутуби осмонии ҳидояткунанда равон кард.
Модоме,ки мо бандаи Худо бошем,дин аз ҷониби Худованд барои раҳнамоии бани башар нозил шуда бошад,пас чаро пайравони ин дин имрӯз дар ихтилофоту низоъ қарор доранд?
Ҳоло он ки шоир мефармояд;
Ислом ба зоти худ надорад айбе.
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Кулли адени осмони барои хушбахтии инсоният омадааст, хоссатан дини мубини ислом,ки ҷамъбасткунанда ва комилкунандаи адёни осмонӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, мехостам каме атрофи муҳтавои таълимоти дини мубини ислом сухан кунам.
Исломи воқеӣ чист ва оё метавон дини мубини исломро ба гурӯҳҳо тақсим намуд? Исломи воқеӣ ё аслӣ ин динест, ки аз ҷониби Худованди тавоно ба бандагонаш арзонӣ дошта шуд, то мардум тавассути дин ҳидоят ёбанд, некро аз бад, ҳалолро аз ҳаром фарқ кунанд.
Дини мубини Ислом танҳо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдори нек, пайванди дӯстиву бародарӣ ва дигар хислатҳои хуби инсониро талқин мекунад.
Аз Умар иби Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Беҳтарини амалҳо баъд аз имон овардан ба Худо, ба мардум некӣ намудан аст». (Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Беҳтарин муъминҳо аз ҷиҳати ислом касе аст, ки дигарон аз дасту забони ӯ саломат бошанд. Беҳтарини муъминон аз ҷиҳати имон касе аст, ки хулқаш неку бошад. Беҳтарин муҳоҷир касе аст, ки он чи Худои тоъоло манъ намудааст аз он дурӣ ҷӯяд. Беҳтарин ҷиҳод он аст, ки инсон дар зоти Худои тоъоло бо нафси хеш ҷиҳод намояд». (Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)
Аз Абӯзар (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Дуруст мулоҳиза намо! Ҳамаи одамон баробаранд. Бо арабию аҷамӣ, бо сурхию сиёҳӣ ҳеҷ фазилате нест. Фазилату бартарӣ бо парҳезгорӣ аст». (Ривояти Аҳмад, Суютӣ ва Манновӣ)
Имрӯз олами ислом ба чандин равия, мазҳаб ва фирқаҳо қисмат шудааст. Ҳар як аз ин фирқаҳо даъво дорад, ки танҳо таълимоти онҳо дуруст буда, дигарон дар гумроҳианд. Дар натиҷа чунин ихтилофоти мазҳабӣ ба муноқишаҳои мусаллаҳона оварда расонд.
Имрӯз дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои мусулмоннишин даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки ниқоби ислом ба бар карда, ба сари мардуми худ бадбахтӣ меоваранд. Кушторҳои ваҳшиёна, ҳамла ба мактабу масҷид, вайрониву валангорӣ фақат баъзе аз кирдори онҳост.
Мутаассифона мардуми ноогоҳ ва дур аз таълимоти исломи аслӣ ба суханони онҳо фирефта шуда, ба домашон меафтанд.
Худованди тавоно дар Қуръони карим мефармояд: «Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». (Сураи «Нисо», ояти 93).
Ҳол он ки дини ислом моро масъул сохтааст, то фарзандонро таълиму тарбия намоем, нисбати якдигар ҳалиму меҳрубон бошем, ҳамдигарро насиҳат кунем.
Худованд мефармояд: «Ва ман барои шумо насиҳатгари амин мебошам». («Аъроф» ояти 68)
Аз Абӯруқайя Тамим ибни Авси Дорӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Дин иборат аз насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтанд: барои чӣ касе? Фармуд: Барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин».
Хонандагони азиз! Магар Пайғамбар (с) моро чунин таълим медоданд? Магар Пайғамбар (с) ояндаи уммати исломиро дар тафриқаву ихтилоф медиданд? Дин тавҳид аст, дин ягонагӣ аст. Магар бо тафриқаву ҷудоиандозӣ метавон уммати исломиро пеш бурд, ватанро обод кард? Маҳз ҳамин гуна ихтилофҳо буд, ки имрӯз мусулмонон ба як ҷомеаи ақибмонда табдил ёфта, бозичаи дасти бадхоҳон гаштаанд.
Оқибати ҷудоӣ бадбахтист. Шумо худ шоҳидед, ки дар баъзе кишварҳои мусулмонннишин, мардум бо нидои «Аллоҳу акбар» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмони бегуноҳ ҷиҳод аст, магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст! Бинобар ин, мо бояд ваҳдати миллӣ, яккамазҳабиро нигоҳ дорем, ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем.
Худованди мутаъол мусалмононро аз бархӯрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар доштааст ва онҳоро аз вайронкорӣ ва зулму ситаму қудратнамоӣ манъ намудааст.
Таҳаммулгароӣ, ободӣ ва пешгирӣ аз парокандагию вайронкорӣ яке аз усулҳое аст, ки Парвардигор ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ин ҳақиқатро инкор намекунад.
Сарвари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:
«Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон.
Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Агар имрӯз дар Тоҷикистон равия, фирқа ва дигар гурӯҳҳои ба ном исломӣ ривоҷ ёбанд, ҳоли Сурияву Ироқ ба сари мо низ хоҳад омад.
Мо бояд пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва дар ақидаамон устувор бошем, ба ифротгароёну иғвогарон, онҳое, ки аз номи ислом суханҳои бардурӯғ мегӯянд, мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бовар накунем. Бинобар ин, аз ҳамаи шумо даъват ба амал меорем, ки агар ризогии Худову расулаш, ободии ватану хушбахтии фарзандонро хоҳед, дар мазҳаби худ устувор бошед!
Пайрави мазҳаби ҳанафӣ будан шараф аст ва мо бо мазҳаби худ ифтихор дорем
Лизо тоҷику тоҷикистонии азизу фарҳангдӯсту миллатпарвар ба ягон равия,ҳизби исломӣ, алалхусус Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ эҳтиёҷ надорад, мо як китоб дорем,ки он Қуръони карим аст,як Пайғамбар дорем,ки Ҳазрати Муҳаммади Мустафост, як мазҳаб дорем,ки асосгузори он Имоми аҳли суннату валҷамоъат Абуҳанифа мулаққаб ба Имоми Аъзам аст, як роҳбар ва пешвои одил дорем,ки Эшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарҷамъкунандаи мардуми сарбаланди тоҷик, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Худованд мулку мамлакати моро бо сардории Сарвари хирадманди ин сарзамин дар паноҳи амнаш нигаҳ дорад ва барои кулли ҷомеъа саъодати дорайнро насибу рӯзӣ гардонад.
Сархатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуҷамол Ҳомидов
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар