Асосӣ Хабарҳо Андешаҳо перомунӣ мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»

Андешаҳо перомунӣ мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»

Андешаҳо перомунӣ мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»
2017-12-12
3591

Ҳангоми мутолиаи мусоҳибаи Собиршо Ҳасанов бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зери унвони «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад», ки дар рӯзномаи «Минбари халқ» аз 06.12.2017 нашр гардидааст,  аз ҳамоқату разолати бархе аз ҳамватанони раҳгумза огоҳӣ пайдо карда, нисбати Роҳбарият ва пайравони хоини ТЭТ «ҲНИТ» нафратам зиёд гардид.

Пас аз хондани ин мусоҳиба дарк кардам, ки чаро ҷавонони дар Ватан муътадилу боадаб яку якбора дар хориҷи кишвар иртиҷоӣ мешаванду нисбат ба Ватану миллати худ таҳқиру носазогӯӣ оғоз мекунанд ва ин таҳқирномаҳои онҳо тариқи видеоӣ дар интернет паҳн мегарданд. Чунин ҳолатҳое буданд, ки ҳатто падару модари онҳо дар ҳайрат монда фарзандони худро аз рафти суханрониҳояшон қариб аст, ки нашиносанд.

Тавре маълум гардид, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ «ҲИТН» усули бағоят маккорона будааст, ки онҳо дар аввал аз номи Худову Расулаш (с) сӯистифода намуда, ҷавононро ба доми фиреби хоинонаи худ шомил мегардонанд ва  баъдан бераҳмона барои ба даст овардани пули ҳаром истифода менамоянд.

 Мутолиаи чунин мусоҳибаҳо боиси ибрати мо ҷавонон ҳаст. Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем, бояд ба шукургузоӣ дар паӣи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дасисаҳои миллатфурӯшону хоинони асолатбохта дода нашавем.

 

Насриддинов Қ.А. 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:58
Пешин12:40
Аср16:45
Шом18:44
Хуфтан20:14
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар