Андешаҳо перомунӣ мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»
Ҳангоми мутолиаи мусоҳибаи Собиршо Ҳасанов бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зери унвони «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад», ки дар рӯзномаи «Минбари халқ» аз 06.12.2017 нашр гардидааст, аз ҳамоқату разолати бархе аз ҳамватанони раҳгумза огоҳӣ пайдо карда, нисбати Роҳбарият ва пайравони хоини ТЭТ «ҲНИТ» нафратам зиёд гардид.
Пас аз хондани ин мусоҳиба дарк кардам, ки чаро ҷавонони дар Ватан муътадилу боадаб яку якбора дар хориҷи кишвар иртиҷоӣ мешаванду нисбат ба Ватану миллати худ таҳқиру носазогӯӣ оғоз мекунанд ва ин таҳқирномаҳои онҳо тариқи видеоӣ дар интернет паҳн мегарданд. Чунин ҳолатҳое буданд, ки ҳатто падару модари онҳо дар ҳайрат монда фарзандони худро аз рафти суханрониҳояшон қариб аст, ки нашиносанд.
Тавре маълум гардид, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ «ҲИТН» усули бағоят маккорона будааст, ки онҳо дар аввал аз номи Худову Расулаш (с) сӯистифода намуда, ҷавононро ба доми фиреби хоинонаи худ шомил мегардонанд ва баъдан бераҳмона барои ба даст овардани пули ҳаром истифода менамоянд.
Мутолиаи чунин мусоҳибаҳо боиси ибрати мо ҷавонон ҳаст. Мо ҷавонони саодатманд, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем, бояд ба шукургузоӣ дар паӣи ватансозӣ бошем ва ба иғвову дасисаҳои миллатфурӯшону хоинони асолатбохта дода нашавем.
Насриддинов Қ.А.
More news
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


