ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – “ГЕНЕРАЛИ” АЗ ГЕНЕРАЛИ ВОҚЕӢ ФАРСАХҲО ДУР
Ахиран номи Қиёмиддини Ғозиро дар хабарҳои расонаҳо хондам ва солҳои хунини навадум боз хаёлам омад. Саҳнаи майдони Шаҳидон, ки мардуми фирефташуда ҷамъ омада буданд ва ба суханҳои бисёр пуртаъсири баромадкунандагон гӯш медоданд. Байни онҳо Қиёмиддини Ғозӣ ҳам бо тамоми маҳорати хитоба мардумро ба фитнаву тафриқа ва нооромиҳо даъват менамуд ва кор то ба он ҷое рафта буд, ки ӯро бо номи «генерали мардумӣ» муаррифӣ менамуданд. Ман аз он тааҷҷуб менамоям, ки ин шахсони аз дину мазҳаб бохабар ва аз таълимоти ислом бархӯрдор, ки худро байни мардум эшону мулло мегӯянд, чаро одамонро ба таълимоти исломи пок даъват накарданд? Охир онҳо медонистанд, ки оятҳои Қуръони карим ба ҷангу қатлу куштори одамон даъват накардааст ва алалхусус мардуми мусулмонро. Онҳо медонистанд, ки дини мубини Ислом дини сулҳу салом аст, дини оромиву осоиштагист. Пас, онҳо мақсадҳои дигар доштанд ва барои расидан ба ин мақсадҳояшон аз ҳама гуна ҳилаю найрангҳо истифода бурданд. Агар мақсади онҳо ҷанг набошад, чаро мардум Эшони Қиёмиддинро бо ному рутбаи ҳарбӣ номгузорӣ намуда, ӯро «генерал» номиданд. “Генерале”, ки ҳарфу амалаш аз генералҳои воқеии фидоии Ватану миллат фарсахҳо дур.
Илова бар ин маълум гардид, ки ҳамаи ин корҳо бо маблағҳои Эрон дастгирӣ шуда будааст ва алоқаҳои саркардагони ҷанги бародаркуш бо ин кишварро он ҳам тасдиқ менамояд, ки дар он солҳо аксарияти роҳбарони мухолифин дар он ҷо сарпаноҳ ёфтанд. Имрӯз мо бояд аз ин дарсҳои таърих панди ҳаётро гирем ва барои ояндаи миллату давлатамон дилсӯзона меҳнату фаъолият барем ва алалхусус ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Ибодулло Калонзода,
имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури ислом»-и ш.Хуҷанд
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар