Мутаассифона, ин миллат раҳимбоеву хоҷаеву кабирӣ ҳам дорад
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Аз таърихи начандон дури Тоҷикистони навин бароямон маълум аст, ки баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, баъди гиру дорҳо, қатлу кушторҳо дар айёме, ки ҳанӯз ашк аз дидаҳо мерехт, захму ҷароҳатҳо сӯзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилҳо нарафта буданд, тарафҳои мухолифро сари мизи музокирот овардану ба ризояти сулҳ моил намудан чандон саҳлу осон набуд. Хушбахтона, ба бахти ин миллати куҳанбунёду тамаддунсоз роҳбари тозаинтихоби он Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданаш пешгирии муқовимати шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар кишварро аз аввалин ва муқаддастарин вазифаҳои худ эълон намуд. Зиёда аз ин, ӯ таъкид намуд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ин меҳанеро, ки мардумаш дар таърих ҷафоҳои зиёд кашидаааст, аз вартаи нестшавӣ наҷот дод.
Мутаассифона, дар баробари ин шахсиятҳои фарҳехта аз миллат ба монанди ангушти шашум фарзандони хоине ба монанди Тиши якчашм, Маҳмуди Ялавоҷ, Абдулло Раҳимбоеву Файзулло Хоҷаев, сарварону пайравони гурӯҳи террористии ҲНИТ-Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, сарварони «Гурӯҳи 24»-Умаралӣ Қувватов ва дигарон ба саҳнаи таърих ворид шуданд, ки барои ин миллати тамаддунофар хиёнатҳои кам накардаанд ва дар таърих симоҳои манфури онҳо барои миллати тоҷик то абад боқӣ хоҳад монд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки таъсисёбии ҳизбҳои сиёсии исломӣ ва порасозии мардум ба ҳизбҳои сиёсӣ падидаест, ки дар охирҳои асри XIX ва оғози асри XX-ум зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ дар кишварҳои озодихоҳи Шарқ бо ташаббуси аҷнабиён оғоз ёфтааст. Ислом низ ҳамчун як дини тавҳидӣ аз дигар динҳо бо он фарқ мекунад, ки Қуръон ваҳйи охирини Аллоҳ Таъоло буда, бо ҳамин рисолати пайғамбарӣ анҷом мепазирад. Худи ҳамин мазмун далолат бар он мекунад, ки Ислом дар зоту сиришти худ дигар эҳтиёҷе барои аҳзоби сиёсие, ки аз номи Ислом барои ғаразҳои сиёсии худ истифода мекунанд, надорад ва ба хусус дар кишваре, ки зиёда аз 97 фоиз аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, зарурат ва эҳтиёҷе ба чашм намерасад. Илова ба ин, ҳеҷ як ҳизбу ҳаракат ва ҷараёне ҳам ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки аз ин минбари илоҳӣ бо ғаразҳо ва ҳадафҳои сиёсии худ истифода намояд.
Умуман ба ҳизбҳо тақсимкунии мардуми мусулмон ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо натиҷаи манфӣ ба бор оварда, то ҳанӯз самаре ба ғайр аз харобиву қатлу куштор ба бор наовардааст. Беҳуда нест, ки дар китоби азимушшаън, яъне Қуръони карим борҳо ва такрор ба такрор таъкид гашта, ки ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ҷудокунии пайравони як дин боиси оқибатҳои нохуш мегардад. Масалан, дар яке аз оятҳои ин китоби муқаддас омадааст, ки «…аз мушрикон мабошед, аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурўҳ-гурўҳ шуданд; ҳар гурўҳ бо он чӣ назди ӯст, хурсанд аст!» (Сураи «Рум», ояти 32). Ва ҳамзамон дар Тафсири Қуртубӣ омадааст, ки саҳобаи гиромии Расулуллоҳ ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ин ояти каримаро чунин тафсир кардаанд: «Дур шуданд эшон аз дини тавҳид, ки лозим буд пайравии он ва гардиданд гурӯҳ-гурӯҳ».
Ҳадафи стратегии дини мубини Ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз «муттаҳид намудан», «бо ҳам овардан» ва «бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳост», на тафриқа ва ҷудоиандозӣ.
Пас, мо дар дохили як ҷумҳурии ҷавони соҳибистиќлол, ки бошандагони он аксаран як миллатанд, чи гуна метавонем онҳоро ба воситаи чунин ҳизбҳои сиёсӣ пароканда созем?!
Ҷои дигар дар мавриди ҳизбсозӣ ва низоъ кардан дар Қуръони карим чунин омадааст; «…ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебои варзед!» (Анфол 46). Худи ҳамин оятҳои зикршуда далолат ба он мекунанд, ки ҳеҷ як гурӯҳи одамон ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки ҳизбҳои сиёсии исломӣ таъсис дода, муҷиби парокандасозии пайравони дини мубини ислом гарданд. Бояд ба ҳамагон маълум бошад, ки арзиши олии дини ислом шинохти инсон ва шинохти Худованди ягона - Аллоҳ буда, ҷавҳари онро насиҳат, тарбият, одобу рафтори накӯ, умуман ба танзим даровардани меъёрҳои ахлоқии инсонӣ ташкил медиҳад. Пас, чӣ гуна метавон одобу ахлоқ ва шинохтани бузургтарин арзишҳои инсониро сиёсӣ сохта, дар доираи як ҳизби сиёсии исломӣ ҷо намуд?
Ҳадиси дигаре низ вуҷуд дорад, ки амалҳоро вобаста ба ният дониста, таъкиди он маъно мекунад, ки амали ҳар мард ба нияти ў вобаста аст: «Ва ҳар касро ҳиҷраташ ба ҷониби Худову пайғамбари Ӯ бошад, ҳиҷрати ӯ ба ҷониби Худову пайғамбари Ӯст ва ҳар касро, ки ҳиҷраташ барои дунё бошад, то онро ба даст орад…»'. Аз мазмуни ин ҳадис низ чунин бармеояд, ки «ҳиҷрати аъзоёни ин ҳизб ба сўи ҳадафҳои сиёсии худ аст» на ба сӯи гавҳару сарчашмаи поке чун Ислом ва таълимоти аз сиёсатбозиҳои сиёсӣ поки Пайғамбар (с). Ин ҳамон ҳиҷрат аст, ки ба хотири “дунё”, ки мехоҳанд онро бо ҳар роҳу восита ва ҳарчи зудтар ба даст оваранд.
Вале, мардуми шарифу шарафманди тоҷик дар таърих аз ин гуна хиёнатҳо зиёд ранҷ кашидаву аз оқибатҳои фиҷиабори он хотираҳои манфии бисёр ба ёд доранд ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои чунин гурӯҳҳову ашхоси манфиатҷӯву хоҷапараст дигар бовар нахоҳанд кард. Дигар намегузоранд, ки фазои кишвари ободу зебои онҳо, ки онро Тоҷикистон ном аст, ғуборолуд гардад.
Ҷиёншоҳ Назаров,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
Домулло Шоҳи ноҳияи Файзобод
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар