Зиндагии оқилона
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, дар самти баланд бардоштани дарку фаҳмиши ҳақиқати зиндагӣ, воқеияти рӯзгор шинохтани усулҳои дуруст рӯзгордориву рӯзгор гузаронӣ таъсири бориз гузоштанд. Имрӯз ҳар як инсони бо нангу ор кӯшиш мекунад, ки чун Пешвои миллат барои дастгирии камбизоатон ё беҳдошти вазъи кор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳми худро гузорад. Воқеан дар байни кишварҳои осиёи марказӣ Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кард ва ин қонуни миллиро мардум хуб пазируфтанд ва дар ҳаёт татбиқ намуда зиндагии оқилонаро ҳадаф гузоштаанд. Маҳз ҳамин Қонун сабаб шуд, ки мо аз хурофот, намоиши тавоноиву молдорӣ, кӯшиши дарёфти обрӯи сохта даст кашем.
Имрӯзҳо мардуми доно ва бомасъулият ҳамчун намуна дар байни ҷомеа кӯшиш доранд, ки кореро анҷом диҳанд, ки он ба нафъи ҷомеа бошад. Махсусан дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандон беҳтарин хусусияти инсонист.
Азизулло Мирзозода, муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-ӯми феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабари ба хабарнигорон дар мавриди масъалаи мазкур ибрози назар намуда ахиран дар сомона мақолаеро бо номи “Кумак ба мактаб ба ҷои Худоӣ” нашр намуд, ки дар атрофи он андешаҳо гуногун баён шуд.
Аз ҷумла Азизулло Мирзозода сокинонро даъват мекунад, маблағҳое ки ба тӯю маъракаҳои пурдабдаба изофа аз меъёр истифода мешавад хуб мебуд барои ободкориҳои маҳаллаи худ ва кумак ба арсаи маориф сарф кунанд”
Ин даъват беҳтарин андеша буда, роҳнамоии мардум ба ободкориву илму маърифат мебошад. Ин ташаббусро дастгирӣ мебояд.
Аз нигоҳи шариат ҳам беҳтарин кори савоб, ки ҳам дар ҳаёт ва ҳам баъди вафот савобаш ба майит мерасад се аст, чуноне, ки дар ҳадиси шариф омада аст: Якӯм садақаи ҷория яъне дарахт шинондан, об баровардан, барои ҷамъият иморате бино кардан, аз худ асари илмие боқӣ гузоштан ё фарзанди солеҳ тарбия кардан. Дар роҳи илм сарф кардани хайру эҳсон аз беҳтарин амалҳо маҳсуб мешавад.
Ё дар ин мавод боз чунин мегӯяд: “Ғизоро ба сағирахона диҳанд, савобаш бештар аст ва роҳҳоро бунёд кунанд, ки худашон аз он убур мекунанд”.
Дар ин пешниҳоди Азизулло Мирзозода ягон хатогие дида намешавад, бояд мо сухани ҳақро дуруст қабул намоем, ба он амал кунем.
Мо, ки доим ҳамроҳи ҷамоат ҳастем, мушоҳида мекунем, ки мардум ин гуна пешниҳодро хуш қабул мекунанд ва ба он арҷ мегузоранд. Аслан мо бояд дар мавриди масъалаи мазкур назари фарох дошта бошем ва ба ҳаёт бо чашми нав ва дурбинона назар намоем. Ин аст маънии зиндагии оқилона.
Ҷонишини Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар