Асосӣ Хабарҳо Мақолаи “Ал-Аҳром” - муаррифии воқеии хатари Ҳнит

Мақолаи “Ал-Аҳром” - муаррифии воқеии хатари Ҳнит

Мақолаи “Ал-Аҳром” - муаррифии воқеии хатари Ҳнит
2018-04-01
4328

Дар урфият мегӯянд, ки инсон ҳар чизе ки корид, оқибати кор ҳамонро медаравад. Дар ҳаёт борҳо шоҳиди воқеаҳое шудаем, ки аз гумроҳиву таассубу фанатизм шахсиятҳои зоҳиран дуруст ба коми макри онҳое меафтанд, ки дар зиндагӣ ғаразҳо ва манфиатҳои шахсиашон болотар аз давлату миллат қарор доранд. Сарнавишти бисёр одамоне, ки худро дониста ё надониста ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ пайвастаанд, оқибат рӯ ба пастӣ ва шармандагӣ овардааст.

Мақолаи «Ҳизбе, ки ҳамсафи гурӯҳҳои террористӣ буд», ки дар нашрияи «Минбари халқ» чоп шуд, бори дигар исбот мекунад, ки ин ҳизби террористиву экстремистӣ аз ибтидо нақшаи ноором кардани кишварро дошта, тамоми эъломияҳо ва изҳороти раҳбарияти он раҳгум занондани мардум ва дар мафкураи онҳо коштани тухми адовату нифоқ нисбат ба давлату миллати Тоҷикистон будааст.

Дар мақолаи мазкур, ки дар яке аз рӯзномаҳои маъруфи Миср «Ал-Аҳром» чоп шудааст, ошкоро гуфта мешавад, ки ҲНИТ бо чанде аз созмонҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ, «Ҷабҳат ан-нусра», «Ҷайш-ал-ҳур», «Ихвон-ал-муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ робитаҳои доимӣ доштааст. Байни ду гурӯҳи террористӣ — ҲНИТ ва ДИИШ дар робита ба кумакҳои нақлиётӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ мегардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои Ҳизби наҳзат дар сафи ташкилоти террористии «ДИИШ» дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», «Лашкари озоди Сурия» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҷангида истодаанд.

Дар мақола аз тактика ва усули тайёр намудани кадрҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ сухан меравад, ки аслан дуруст аст. Ин усулу методҳои корбурди одамони гумроҳ дар солҳои баъдӣ низ истифода мешуд. Ба ҳар навъ, рӯзнома роҳу равишҳои маълуми фаъолияти ҲНИТ-ро дуруст ба қалам додааст: «Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта навъҳои гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон,  ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар Аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.

Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад…».

Аҷиб аст, ки баъди дар рӯзномаи мазкур нашр шудани исми онҳое, ки дар созмонҳои зикршудаи террористӣ аъзо шуда, ба даҳшатафканиву куштор машғуланд, раҳбарияти фирории ҲНИТ боз чӣ даъвоҳое пеш меоварда бошад? Яқин аст, ки онҳоро «аз мо нест»-гӯён инкор мекунанд. Ин ҳам як усули корбарии пешгомони ин ҳизби ҷанговару ихтилофкор аст. Аммо дар урфияти тоҷикӣ мақоле ҳаст, ки «офтобро бо доман пӯшонда намешавад».

Ба фаъолияти ҳизби мамнӯи ҲНИТ рӯ овардани рӯзномаи давлатии Миср боз исботгари он аст, ки онҳо низ аз хатароти террористони наҳзатӣ эмин будан мехоҳанд. Ҷумҳурии Миср чанд сол пеш бо хавфу хатари «Ихвон-ул-муслимин» дучор омада буд. Ин ташкилоти террористӣ низ нақшаи тағйир додани сохти ҳозираи давлатдории Мисрро дошт. Аз ин хотир, мақолаи мазкурро ҳамчун огоҳномае барои мардуми шарифи Тоҷикистон метавон номид. Ба ин маънӣ, ки мардум зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва мунтазам дар хотир дошта бошанд, ки аз ин наҳзатиёни террорист ҳама гуна корҳои бад, аз ҷумла иғвогарию ихтилофангезиро  интизор шудан мумкин аст.

Раёсати Маркази исломӣ

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар