Асосӣ Мақолаҳо РОСТИРО ЗАВОЛ НЕСТ

РОСТИРО ЗАВОЛ НЕСТ

РОСТИРО ЗАВОЛ НЕСТ
2020-12-29
4435

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Худованди мутаъол бандагонашро ба рост будани ҳамешагӣ амр намудааст. Худованд фармудааст: «Шумо дар таваҷҷуҳ ба ў рост бошеду аз ў омўрзиш бихоҳед» (Сураи «Фуссилат», ояти 6). Хос Паёмбарашро ба ин сифат амр карда, Худованд фармудааст: «Ҳамон тавр ки маъмур шудаӣ, рост бош» (Сураи «Ҳуд», ояти 112).

        Росткоронро ваъда намуда Худованд фармудааст: «Дар ҳақиқат онҳое, ки мегўянд Парвардигори мо Худост ва росткорӣ мекунанд, малоикаҳо ба тарафи онҳо фурўд омада (мегўянд) шумо на тарсе доред ва на ѓаме» (Сураи «Фуссилат», ояти 30).

        Рост будан маънои дар пешгоҳи Худованд бо сидқ истодан ва ба аҳд вафо намуданро дорад. Рост будан дар гуфтор, дар кирдор ва ҳам дар ниятро дар назар дорад. Маънои васеъ дорад рост будан. Барои ҳамин чун марде баназди Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам омада пурсид: «Барои ман дар Ислом калимаеро бигў, ки роҷеъ ба он ѓайри ту каси дигареро напурсам”.  Гуфт: “Бигў имон овардам, пас рост бош» (Муслим).

         Рост будан ин маънои дар роҳи рост рафтан аст бидуни он, ки аз он ба рост ва ё чап бароӣ, дар он на чизеро зиёд намоӣ, на чизеро кам кунӣ ва на сахтгир бошию на беаҳамият. Зеро шайтон дили одамро мебўяду месанҷад ва агар дар он рўй тофтани аз дин ва ё танбалиро дар адои тоат эҳсос кунад, ўро ба беаҳамиятӣ ва танбалӣ даъват мекунад, то воҷиботро тарк намояд ва корҳои ҳаромро анҷом диҳад. Ҳамеша ўро фирефта мекунад, то ин ки алоқаашро куллан аз дин барканад ва дар биёбони ҳалокат афтад. Агар шайтон бубинад, ки банда ҳариси дин аст ва ўро аз дин дур карда наметавонад, вайро мефармояд, ки кўшишҳо намояд ва ҷони худро азоб диҳад ва аз ҳадди эътидол берун равад. Ба ў мегўяд ин ҳама хайр ва тоат аст ва дар он ҳарчи бештар кўшиш намоӣ, савоби бештареро соҳиб мегардӣ, аз ин рў ту ҳамроҳи заифон мабошу бо мардуми хуб магард. Бо ҳамин тариқ, шайтон мекўшад, ки ўро аз роҳи устуворӣ ва рост будан дур намояд.

       Дар ибодати Худо рост будан ба он тавре ки ҳеҷ тақсире аз ҷониби банда содир нашавад, кори номумкин аст, зеро банда аз нуқсу камбуд орӣ нест. Аммо фазилати Худост, ки барои банда истиѓфорро муайян намудааст, то камбудиҳояшро пўшонад. Худованд фармудааст:

«Бигў ман низ монанди шумо инсонам, ба ман ваҳй омадааст, ки Худои шумо Худои якка аст. Пас шумо дар баробари Ў рост бошед ва аз Ў омўрзиш бихоҳед. Вой баҳоли мушрикон»  (Сураи «Фусилат», ояти 6).

Дар ин ояти карима ишорааст, ки рост будан бе камбудӣ намешавад. Дар Саҳиҳайн омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Рост бошед ва наздик шавед». Рост будани ҳақиқӣ, яъне дар қавлу амалу ният содиқ будан аст. Аз банда тақозо ин аст, ки рост бошад ва агар тавони рост буданро надошта бошад, ҳадди аққал наздик ба рост бошад. Ва агар ин ҳардуро натавонист, пас ў фориѓбол ва зоеъ аст.

Худованд фармудааст:

     «Ва Ўст зоте, ки тавбаи бандагонашро қабул мекунад ва бадиҳои онҳоро афв мекунад ва медонад, ки онҳо чи кор мекунанд» (Сураи «Шуро», ояти 25).

Худованд бо фазлу карами хеш ҳасанотро афзун менамояд. Худо, рост будан хуб ва миёнаравӣ намудан дар ҳама кор зебост. Аз мартабаи он дине, ки Худованд инсониятро бо он мушарраф намудаю одамиятро такрим кардааст, дар он поёну паст рафтан, сахтгирӣ, ифротгарӣ, мушкилӣ ворид кардан ба мисли суннатҳоро монанди фарз ҳисобидан ва макруҳотро монанди ҳаром донистан, ба худ ҳаром сохтани он чизеро, ки Худованд мубоҳ гардонидааст ва он неъматҳои хуш ва зинатҳоеро, ки Худованд барои бандагонаш офаридааст, лозим нест. Аз Анас разияллоҳу анҳу чунин омадааст: “Се тоифа ба хонаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада аз ибодатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсон шуданд. Вақте ки дар бораи он хабарашон доданд, гўё онро кам ҳисобиданд ва гуфтанд: Мо куҷо ва Паёмбари Худо куҷо, ки Худованд гуноҳҳои гузашта ва ояндаи ўро бахшидааст. Пас яке аз онҳо гуфт: Ман аз ин баъд тамоми шаб намоз мехонам. Дигаре гуфт: Ман ҳама рўз рўза мегирам. Севумаш гуфт: Ман аз занҳо дурӣ ҷуста ҳаргиз издивоҷ нахоҳам кард. Дар ин ҳол Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам омада аз онҳо пурсид: Шумоед, ки чунину чунон гуфтед? Дониста бошед, ки ман аз ҳамаи шумо дида аз Худо бештар метарсам ва парҳезгортарам, вале рўза мегирам ва ифтор мекунам, шаб намоз мехонам ва мехобам, зан ҳам мегирам. Ҳар кас, ки аз ин суннати ман рўй гардонад, аз ман нест” (муттафақун алайҳ).

       Рост будан камоли имону ҳусни Ислом аст. Банда бо рост будан каромотро ноил гашта ба болотарин мақом, ростии бадану ростии дил мерасад. Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мегўяд: «Рост будан он аст, ки амру наҳйеро ба ҷо оварӣ ва монанди рўбоҳ ҳилагар набошӣ». Рост будан дар дини Худо ба сабру истодагарӣ, нафсро муҳосаба кардан, мулозимати амри Худо ва пайравӣ аз он чи Худованд нозил кардаю Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам овардааст, эҳтиёҷ дорад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегўяд: «Худованд роҳи ростро барзад. Дар ҳарду тарафи он роҳ девор аст, ки дарҳои кушода дорад. Дар болои ҳар даре чизе навишта шудааст ва даъваткунандае истода мегўяд, ки эй мардум ҳамагон ба ин дар дароед ва тамошо накунед. Агар ин мард дарро кушоданӣ шавад, каси дигаре аз мобайни роҳ садо мекунад ва барояш мегўяд, ки вой бар ту, он дарро накушо, зеро агар онро кушодӣ, вориди он машавӣ. Он роҳ Ислом аст ва он ду девор ҳудуди муайянкардаи Худо. Дарҳои кушода бошанд ҳаромҳои Худост ва оне нидои боз истодан мекунад, воизи Худованд аст, ки дар дили ҳар мусалмон маъво дорад» (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал).

      Худованд мефармояд: «Ба ростӣ, бар онон, ки: «Парвардигорамон Худо аст» гуфтанду сипас бар он биистоданд, фариштагон фуруд меоянд, ки: «матарседу андўҳ махўред ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, хушҳол шавед. (Сураи «Фуссилат», ояти 30)

Худованд ба мову шумо рўзии рост будан дар дин ва пайравии сайидулмурсалинро насиб кунад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар