Асосӣ Мақолаҳо ТАРҒИБУ ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА

ТАРҒИБУ ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА

ТАРҒИБУ ТАШВИҚ БА АМАЛҲОИ ШОИСТА
2020-12-29
1267

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Парвардгори оламиёнро, ки ин ҳаётро офарид, то инсонҳоро озмоиш намояд, ки кадомашон бештар кори наку мекунанд. Дуруду саломи бисёри Худованд бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод ва бар ҳар ки ўро бо накуӣ пайравӣ кунад.

Ибни Аббос (р) аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Худованд некиҳо ва бадиҳоро навишта, сипас онро баён намудааст. Ҳар ки қасди анҷоми кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад. Ва агар қасди анҷоми кори некеро кунаду онро анҷом диҳад, барояш аз даҳ то ҳафтсад ва ё аз он ҳам зиёдтар савоб менависад. Агар банда кори бадеро қасд кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комилро менависад ва агар қасд кунаду онро иҷро намояд, барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз ин ҳадиси шариф чор масъаларо хулоса баровардан мумкин аст: якум анҷом додани кори наку, дуюм қасди кори наку, севум кардани кори бад, чорум қасди кори бад ва ҳар яке аз ин масоил ба худ ҳукми хоссе дорад. Ҳар ки кори некро анҷом дод, барояш савоб даҳчанд дода мешавад ва ин ҳукм дар ҳама некиҳо дида мешавад. Худованди таъоло мефармояд: «Ҳар ки накўӣ кунад, барояш даҳ баробари он дода мешавад» (Сураи «Анъом», ояти 190). Аммо аз даҳ баробар бештар додан, ин вобаста ба иродаи Худованд аст, ки барои ҳар кас, ки раво донист, мебахшад. Ин кор вобаста ба ихтилофи корҳо, ихтилофи ниятҳо ва ихтилофи иҷрокунандагон ва ихтилофи макону замон ва аҳвол аст. Масалан савоби дар роҳи Худо сарф намудани мол ҳафтсад баробар аст.

Худованд мефармояд: «Масали касоне, ки молҳои худро дар роҳи Худо нафақа мекунанд, монанди донаест, ки аз он ҳафт хўша рўидааст ва ҳар хўша сад дона дорад. Худованд онро барои касе бихоҳад, аз ин ҳам бештар медиҳад ва Худованд кушоишгаре доност» (Сураи «Бақара», ояти 261). Ин ояти карима далолат бар он мекунад, ки савоби нафақаи дар роҳи Худо ҳафтсад баробар дода мешавад ва корҳои дигаре ҳаст, ки аз ин ҳам бештар савоб дорад. Худованд мефармояд:

«Кист ки ба Худо қарзи некў диҳад, то Худованд барои ў дучандон ва чандин баробар кунад» (Сураи «Бақара», ояти 245).

Боз мефармояд: «Дар ҳақиқат Худованд аҷри собиронро беҳисоб бозмедиҳад» (Сураи «Қамар», ояти 10).

Дар ҳадиси шариф омадааст: «Худованди мутаъол мегўяд: Тамоми амалҳои фарзанди Одам барои худи ўст: Ба ҳар некўӣ аз даҳ то ҳафтсад савоб дода мешавад. Магар рўза, ки он аз барои ман аст ва ман худ подоши онро медиҳам» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Гоҳо баланд будани савоб ба сабаби шарофати макон мешавад, чунон ки дар ривоят омадааст, ки намоз гузоридан дар Масҷидул-ҳаром баробари сад ҳазор намоз ва намоз дар Масҷиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам баробари ҳазор намоз ва намоз гузоридан дар Байтул-муқаддас баробари 500 намоз аҷр дорад. Инчунин гоҳо баланд будани савоб ба шарофати замон мешавад, чунон ки дар ҳадис омадааст: «Умра кардан дар моҳи Рамазон баробари ҳаҷ кардан бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст»  (Ривояти Абудовуд).

Касе, ки бадӣ мекунад, ба ў як бадӣ навишта мешавад бе зиёдатӣ, ҳамчунон ки Худованди мутаъол мефармояд: «Ҳар ки бадие кард, ҷазо намегирад, магар монанди он бадияш ва онҳо ҳаргиз зулм карда намешаванд» (Сураи «Анъом», ояти 160). Чунон ки дар ҳадиси пешин омада буд: «Барои ў танҳо як гуноҳ навишта мешавад». Бар кайфари гуноҳ якчанд баробар афзуда намешавад, вале гоҳо он хеле бузург мешавад. Ин вобаста ба бузургии макону замон дорад, ки гуноҳ дар он содир шудааст. Барои ҳамин ҳам сазои он сахттар мешавад, монанди содир шудани гуноҳ дар Масҷидулҳаром ва ё дар моҳҳои ҳаром. Худованд мефармояд:

«Ҳамоно, онон, ки кофир шуданд ва аз роҳи Худо ва аз Масҷиду-л-Ҳаром, ки онро барои мардумони муқим ва саҳронишини он ҷо яксон пайдо кардаем, бозмедоранд ва ҳар ки он ҷо ба ситамкорӣ каҷравӣ кардан хоҳад, барояшон азоби дарддиҳанда бичашонем» (Сураи «Ҳаҷ», ояти 25).

Дар бораи моҳҳои ҳаром мефармояд: «Шумо дар ин моҳҳо ба худатон ситам накунед» (Сураи «Тавба», ояти 31).

Дар бораи эҳром мефармояд: «Ҳаҷ ба моҳҳои донисташуда муваққат аст. Ва ҳар ки дар ин моҳҳо ба худ ҳаҷро лозим кунад (эҳром бандад), пас, дар ҳаҷ мухолатати занон ва бадкорӣ ва бо ҳам муноқиша кардан ҷоиз нест» (Сураи «Бақара», ояти 197).

Аҳёнан гуноҳ ба сабаби бузург будани содиркунандаи он бузург мешавад. Худованд мефармояд: «Ва агар он намебуд, ки Мо туро собит доштем, наздик будӣ, ки ба сўи онҳо ба андак майле майл кунӣ. Он гоҳ ба ту дучанд азоби зиндагонӣ ва дучанд азоби маргро мечашонидем; сипас барои худ мададкунандае бар Мо намеёфтӣ» (Сураи Исро, оятҳои 74-75).

Худованд ба ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хитоб карда мегўяд: «Эй ҳамсарони Паёмбар! Ҳар ки аз Шумо гуноҳи ошкоре намояд, азоби ў чанд баробар дода мешавад» (Сураи «Аҳзоб», ояти 30).

Гуноҳи олим сахттар аз гуноҳи дигарон аст. Ҳамчунон вобастагии гуноҳ ба аҳволу шароит мебошад, чунончи дар ҳадиси қаблан зикршуда Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда буд: «Ҳар ки қасди анҷом додани кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад». Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки Худованд барои нияти хайр кардан ҳам савоб медиҳад. Яъне агар банда нияти кори хайреро кунад, вале шароит фароҳам нашавад ва он амалро анҷом дода натавонад. Дар давоми ҳадис Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд: «Агар банда қасди анҷом додани кори бадро кунаду онро иҷро накунад: Худованд барояш як савоби комил менависад». Яъне агар инсон қасди кардани кори бадеро кунаду аз тарси Худо онро анҷом надиҳад, барои ў як савоб навишта мешавд, зеро тарки маъсият аз тарси Худо худ кори накуст. Вале агар банда он кори бадро на  аз тарси Худо, балки аз тарс ва ё шарми мардум накунад, барои ў савоб навишта намешавад, балки мегўянд, ки як гуноҳ навишта мешавад, зеро тарси мардумро аз тарси Худо болотар донист. Агар банда қасди кардани кори бадро кунад ва тамоми кўшишашро ба харҷ дод, вале тавонаш нарасид ва ё чизи дигар боис гардид, ки он кор анҷом наёфт, вале ният ва қасдаш он буд, ки он корро иҷро мекунад, дар ин сурат барои ў як гуноҳ навишта мешавад. Чунончи Паёмбар (с) фармуданд: «Вақте ду мусалмон ба рўи ҳамдигар шамшер кашанд, кушанда ва кушташуда ҳарду дар оташ мебошанд. Гуфтанд: Эй Расули Худо, кушандаро фаҳмидем, вале чаро кушташуда ҳам дар оташ аст? Гуфт: Зеро ў мекўшид, то бародарашро бикушад» (Ривояти Бухорӣ).

Аз Худованди мутаъол тарсидан, ҳамеша корҳои некў кардан ва тоатҳоро зиёд намудан сабаби наҷот аст. Худованд мефармояд: «Пас мо расулони худ ва касонеро, ки имон овардаанд, наҷот медиҳем, ҳамчунин бар худ наҷоти мўъминонро лозим гардонидем » (Сураи «Юнус», ояти 103). Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд: «Ҳар ки мехоҳад дар вақти сахтӣ ва мушкилӣ дуояш қабул шавад, бояд дар вақти хушҳолӣ бештар дуо намояд» (Ривояти Тирмизӣ). Яъне банда вақте дар ҳоли фарохдастӣ аз Худо битарсад, ҳудуди Ўро ҳифз ва ҳуқуқашро риоя намояд, ў бо ин кораш бо Худо ошноӣ намудааст ва дар байни ў ва Худованд улфати махсус пайдо шудааст, пас вақте ки гирифтори сахтӣ шавад, Худованд ўро раҳоӣ мебахшад. Ҳар ки муомилоташ бо Худованд дар ҳоли хушҳолӣ бо тоату ибодат бошад, Худованд бо ў дар ҳолати сахтӣ бо ёрӣ додан муомила мекунад. Худованд мефармояд: «Ва ҳар ки аз Худо битарсад, барояш кушоиш медиҳад ва ба ў аз ҷое ризқ медиҳад, ки дар ҳисобаш набуд»  (Сураи «Талоқ», оятҳои 2-3).

Ҳазрати Юнус (а) ҳамеша Худоро ёд мекард, вақте дар шиками моҳӣ афтод, Худованд фармуд: «Ва агар ў аз ҷумлаи зикркунандагон намебуд, дар шиками моҳӣ то рўзи қиёмат боқӣ мемонд» (Сураи «Соффот», оятҳои 142-143). Аммо Фиръавн, ки яке аз ситамгарон буд ва Худоро фаромўш карда буд, вақте ба ғарқ шудан наздик шуд, гуфт: «Имон овардам». Пас Худованд дар ҷавоби ў гуфт: «Акнун имон овардӣ, дар ҳоле, ки пештар осӣ шуда будӣ ва аз ҷумлаи фасодкорон будӣ?» (Сураи «Юнус», ояти 91).

Сахттарин мушкилот, ки бар сари одам меояд, ин марг аст ва моҷарои баъди марг аз санг ҳам сахттар аст. Мўъмин бояд дар ҳолати саломатӣ ва хушҳол буданаш ба анҷом додани корҳо нек барои марг ва баъд аз марг омодагӣ бинад. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ пеш фиристодааст. Ва аз Худо битарсед, ҳамоно ки Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, бохабар аст. Ва шумо монанди касоне набошед, ки Худоро фаромўш карданд, пас Худо ононро аз ёди худашон баровард ва онҳо фосиқонанд»  (Сураи «Ҳашр», оятҳои 18-19).

Ҳар ки Худоро дар вақти саломатӣ ва оромӣ ёд кунад ва барои мулоқоти Худованд омодагӣ дида бошад, Худованд ўро дар ҳолатҳои сахтӣ ёд мекунад, бо ў мебошад ва бо имон устувор намуда, мемиронад ва аз ў розӣ мегардад. Аммо он ки дар ҳолатҳои оромӣ Худоро фаромўш кунад ва барои мулоқоти Ў омодагӣ набинад, Худованд ҳам ўро дар ҳолатҳои сахтӣ фаромўш мекунад, яъне аз ў рў гардонида, кумакаш намекунад.

Яке аз ҳодисаҳои аҷибе, ки бар сари парҳезгорон омад ва чӣ гуна онҳо ба сабаби тақвои худ аз он сахтиҳо раҳоӣ ёфтанд, он аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадис фармудаанд: «Аз умматони собиқ се нафар ба ҷое равона буданд. Чун шаб шуд, ба ғоре паноҳ бурданд, то шабро дар он ҷо рўз кунанд. Санги бузурге аз болои кўҳ афтида, дари ғорро баст. Онҳо гуфтанд, ки аз ин бало касе шуморо раҳо дода наметавонад, магар дуо кардан бо пешниҳоди амалҳои хубатон. Пас яке аз онҳо гуфт: Худоё, ман падару модари калонсоле доштам ва ман ба аҳли оилаи худ ва молҳоям пеш аз он ки ба онҳо об диҳам, об намедодам. Рўзе ба ҷустуҷўи ҳезум рафта, каме дер кардам ва чун қадаҳи обро ба наздашон бурдам, дидам, онҳо дар хобанд. Ман нахостам онҳоро аз хобашон бедор созам ва нахостам ба оила ва молҳоям пеш аз онҳо об диҳам. Мунтазир истодам, то ин ки субҳ дамид ва тифлонам дар пеши поям зорӣ мекарданд. Пас падару модарам бедор шуданд ва аз он об нўшиданд. Худоё, агар ин кори ман барои ризои Ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ ва ин сангро дур соз. Санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд. Марди дигараш гуфт: Худоё, ман духтари амаке доштам, ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам. Ман аз ў борҳо нафсашро хостам, вале ў розӣ намешуд. Соле аз солҳо сахтие бар сараш омад ва худи ў ба назди ман омад ва ман ба ў яксаду бист динор додам, то худро дар ихтиёри ман гузорад. Ў ин корро кард. Вақте ки ман хостам он корро иҷро кунам, ба ман гуфт аз Худо битарс ва ангуштариро ноҳаққона соҳиб машав. Пас ман бо вуҷуди он ки аз ҳама бештар дўсташ медоштам, аз ў рўй гардондам. Худоё, агар ин кори ман барои ризои ту бошад, пас моро раҳо кун. Боз санг каме яктараф шуд, вале на ба он андоза, ки баромада тавонанд. Севумаш гуфт: Худоё, ман якчанд мардикор гирифтам ва ба ҳамаи онҳо ҳаққашонро додам, магар як нафари онҳоро, ки ҳаққаш назди ман монда, худ рафта буд. Ман музди ўро кор фармудам ва фоидаи зиёде ба даст овардам. Баъди чанд муддате ў ба назди ман омада, ҳаққашро талаб намуд. Ба ў гуфтам, ин ҳама шутуру гову гўсфанду ғуломон, ки мебинӣ, азони туст. Гуфт эй бандаи Худо, ту маро масхара макун. Гуфтам масхара карданӣ нестам. Пас ў ҳамаро гирифта рафт ва ба ман чизе ҳам намонд. Худоё, агар ин кори кардаи ман барои ризои ту бошад, пас моро аз ин бало наҷот деҳ. Пас санг кушода шуд ва онҳо баромада рафтанд» (Ривояти Бухорӣ).

Ин се нафар чун дар бало ва сахтӣ гирифтор шуданд, барои раҳоии худ чорае ҷуз корҳои некўи пештар анҷомдодаи худ наёфтанд. Якумашон назди Худо накуии ба падару модарашро васила намуд, ки ба падару модараш зану фарзандашро баробар намекард. Дуюмаш парҳезгорӣ ва покии худро васила намуд, ки чун ба зино даст ёфт, аз тарси Худо аз он худдорӣ кард. Севумаш амонатдории худро васила намуд, ки амонатро чӣ гуна пурра ба соҳибаш баргардонид. Пас, баъд аз он ки бо корҳои накуяшон дуо намуданд, Худованд сахтиро аз сарашон дур намуд. Яъне корҳо наку сабаби раҳоии онҳо ҳам дар дунё ва ҳам дар охират гардид.

Худованди мутаъол ба ҳамагон тавфиқи аъмоли наку ва сидқу ихлос иноят намуда, аз ҳама гуна амалҳои бад ва гуноҳҳои хурду бузург дар паноҳи худ ҳифз фармояд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар