Асосӣ Мақолаҳо Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ

Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ

Тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Исои Тирмизӣ
2016-08-09
5222

Ном ва насаби ӯ

Куняи ӯ Абӯисо, номи ӯ Муҳаммад ва номи падараш Исо буд. Силсилаи насаби ӯ Муҳаммад ибни Исо ибни Савра ибни Мӯсо ибни Заҳҳок мебошад. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.270)

Таърихи таваллуди ӯ

Муҳаммад ибни Исои Тирмизї соли дусаду нуҳуми ҳиҷрии қамарӣ дар деҳаи Бӯғ чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Бӯғ аз Тирмиз шаш фарсах фосила дошт. Аз он ҷиҳат ки Бӯғ тобеъи Тирмиз буд, ӯро ҳам Бӯғӣ ва ҳам Тирмизӣ мегуфтанд. Аҷдод ва ниёгони ӯ аз Марв буданд ва баъдан ба Тирмиз кӯчиданд. (“Оризат-ул-аҳвазӣ”, ҷ.1, с.8)

Реҳлати ӯ барои шунидани ҳадис

Муҳаммад ибни Исо фарогирии илмро аз уламои зодгоҳи худ оғоз намуданд. Сипас барои касби илм роҳи Хуросон, Ҳиҷоз, Миср, Шом, Кўфа, Басраро пеш гирифтанд. (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.163)

Устодони ӯ

Муҳаммад ибни Исо аз уламои бисёре ҳадис шуниданд, ки ба тариќи ихтисор иддае аз онҳо дар ин ҷо ном бурда мешаванд: Қутайба ибни Саид, Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Муҳаммад ибни Амр Саввоқи Балхӣ, Маҳмуд ибни Ғайлон, Исмоил ибни Мўсои Фазорӣ, Аҳмад ибни Маниъ, Абӯмусъаби Зуҳрӣ, Алӣ ибни Ҳуҷр, Амр ибни Алии Фаллос, Имрон ибни Мӯсои Қаззоз, Муҳаммад ибни Абони Мустамлӣ, Муҳаммад ибни Ҳумайди Розӣ, Муҳаммад ибни Абдулмалик ибни Абушшавориб, Яҳё ибни Аксам ва дигарон. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.271)

Шогирдони ӯ

Аз Муҳаммад ибни Исо уламои бисёре низ ҳадис шунидаанд, ки бархе аз онҳоро дар ин ҷо зикр мекунем: Абӯбакр Аҳмад ибни Исмоили Самарқандӣ, Абӯњомид Аҳмад ибни Абдуллоњ ибни Довуди Марвазӣ, Аҳмад ибни Юсуфи насафӣ, Ҳаммод ибни Шокири Варроқ, Алӣ ибни Умар ибни Кулсуми Самарқандӣ, Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ, Макҳул ибни Фазли Насафӣ, Маккӣ ибни Нўҳ, Наср ибни Муҳаммад ибни Сабра, Ҳайсам ибни Кулайби Шошӣ ва дигарон. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.272)

Робитаи ӯ бо Муҳаммад ибни Исмоили Бухорї

Ҳамаи устодон ба Муҳаммад ибни Исо бо чашми нек менигаристанд. Ба хусус Муҳаммад ибни Исмоил бо ӯ алоқаи зич доштанд ва ӯро гиромӣ медоштанд. Чунончи рӯзе ба Муҳаммад ибни Исо хитоб карда фармуданд: “Фоидае, ки ман аз шумо бурдам, бештар аз он фоидаест, ки шумо аз ман бурдед”. (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.163)

Муҳаммад ибни Исо бо вуҷуди он ки аз ҷумлаи шогирдони Муҳаммад ибни Исмоил ба шумор мераванд, дар баъзе аҳодис устоди ӯ мебошанд, яъне Муҳаммад ибни Исмоил якчанд ҳадисро аз ӯ шунидаанд. Чунончи Муҳаммад ибни Исо дар “Ҷомеъ”-и худ дар мавриди ду ҳадис тасреҳ намудаанд, ки Муҳаммад ибни Исмоил онҳоро аз ман шунидаанд. Аз ҷумла, баъд аз ҳадиси Атия мефармоянд, ки Муҳаммад ибни Исмоил ин ҳадисро аз ман шуниданд. (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.163)

 

Аз Худо метарсиданд

Муҳаммад ибни Исо дар ибтидои зиндагӣ бино буданд, аммо дар поёни зиндагӣ аз ҷиҳати хавфи Худо бисёр ашк рехтанд ва дар натиҷа нобино шуданд. (“Дарси Тирмизӣ, ҷ.1, с.165)

Ҳофизаи қавӣ доштанд

Муҳаммад ибни Исо ҳофизаи фавқулодае доштанд, ки дар бораи он достонҳои бисёре нақл шудааст. Муҳаммад ибни Исо баъд аз нобино шудан ба сафари њаҷ баромаданд. Дар роҳи сафар ба маҳалле расида, ногоҳ сари худро поин карданд. Рафиқон аз ин кор тааҷҷуб карда, аз ӯ иллатро ҷӯё шуданд. Муҳаммад ибни Исо пурсиданд, ки оё дар ин ҷо дарахте нест? Рафиқон  гуфтанд, ки не. Муҳаммад ибни Исо ба қофила дастур доданд, ки таваққуф намоед ва таҳқиқ кунед. Зеро хуб дар ёд дорам, ки чандин муддат пеш аз ин ҷо убур карда будам ва он замон дар ин ҷо дарахте буд, ки шохаҳои овезонаш ба мусофирон халал мерасонд ва аз зери он гузаштан бе поин кардани сар мумкин набуд. Шояд касе он дарахтро қатъ карда бошад. Аммо агар яқин гардад, ки дар ин ҷо дарахте набудааст, маълум мешавад, ки ҳофизаи ман заиф гаштааст ва бояд ривоят намудани ҳадисро тарк кунам. (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.164)

Муҳаммад ибни Исо аз шайхе ривоят намудани ду ҷузъро иҷозат доштанд. Дар роҳи Макка бо он шайх вохўрданд. Фурсатро ғанимат шумурда, хостанд ки он ду ҷузъро дар назди ӯ хонанд. Бинбар ин, аз шайх дархост намуданд ва ӯ низ пазируфанд. Муҳаммад ибни Исо ба гумони он ки он ду ҷузъро бо худ гирифтаанд, сомонҳои худро ҷустуҷӯ карданд ва диданд, ки ба ҷои он ду ҷузъ ду ҷузъи сафед бо худ гирифтаанд. Ӯ бениҳоят парешон шуданд, сипас ба ҳофизаи худ такя карда, дар ҳузури шайх ба хондан шуруъ карданд. Ногоҳ чашми шайх ба саҳифаҳои сафед расид ва ба Муҳаммад ибни Исо гуфтанд, ки оё аз ман ҳаё намекунӣ? Муҳаммад ибни Исо моҷароро ба шайх нақл намуданд ва ба ӯ гуфтанд, ки аҳодиси он ду ҷузъро, ки ба тариқи иҷозат ривоят мекардам, аз ёд медонам. Шайх ба ӯ фармуданд, ки бихон! Муҳаммад ибни Исо бе даранг аҳодисро хонданд. Шайх ӯро бовар накарда, фармуданд, ки шояд онҳоро пеш аз омадан омода карда бошӣ? Муҳаммад ибни Исо барои бовар кунонидан ба шайх дастур доданд, ки барояшон аҳодиси дигаре хонанд. Шайх чиҳил ҳадиси дигар барояшон хонданд ва ба ӯ дастур доданд, ки акнун аз ёд гӯед. Муҳаммад ибни Исо бе даранг он чиҳил ҳадисро аз ёд хонданд ва дар ҳеҷ ҳарфе хато накарданд. Шайх тааҷҷуб карда фармуданд, ки ман монанди ту касеро надидаам. (“Сияру аъломин-нубало, ҷ.13, с.273)

Имом Тирмизї аз дидгоҳи уламо

Абӯсаъди Идрисӣ мефармоянд, ки Абӯисои Тирмизӣ дар ҳифзи ҳадис зарбулмасал буданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.273)

Умар ибни Аллак мефармоянд, ки Муҳаммад ибни Исмоил вафот карданд, аммо дар Хуросон монанди Абӯисои Тирмизӣ ҷонишине дар илму ҳифз ва вараъу зуҳд нагузоштанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.273)

Мазҳаби ӯ

Дар мазҳаби Муҳаммад ибни Исо миёни уламо ихтилофи назар аст. Баъзе уламо, аз ҷумла Анваршоҳи Кашмирӣ ӯро муқаллиди Аҳмад ибни Ҳанбал, баъзеи дигар, аз ҷумла Ибни Таймия ӯро аз ҷумлаи аҳли ҳадис, яъне на муҷтаҳиди мутлақ ва на муқаллиди холис, бархе дигар ӯро муҷтаҳид, аммо мансуб ба Аҳмад ибни Ҳанбал ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ медонанд. (“Кашфул-Борӣ”, ҷ.1, с144)

Таърихи вафоти ӯ

Муҳаммад ибни Исо сездаҳуми Раҷаби соли дусаду ҳафтоду нуҳ дар Тирмиз вафот намуданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.277)

Таснифоти ӯ

Аз Муҳаммад ибни Исо се китоб ба ёдгорӣ мондааст, ки то ба имрӯз дастраси дўстдорони илму дониш қарор доранд.

  1. Ҷомеъут-Тирмизӣ.
  2.  Китобуш-шамоил.
  3.  Китобул-илал.

Илова бар ин, Ибни Надим дар “Феҳраст” мефармоянд, ки Муҳаммад ибни Исо китобе дар таърих навиштаанд. Ибни Касир дар “Албидояту ван-ниҳоя” дар зайли тарҷумаи ҳоли Муҳаммад ибни Исо тафсиреро низ ба ӯ нисбат додаанд, аммо имрӯз ин ду китоб дастрас нест. (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.167)

“Сунан”-и Тирмизӣ

“Ҷомеъ”-и Тирмизӣ аз миёни осори Муҳаммад ибни Исо маъруфтарин асар ба шумор рафта, ба иттифоқи уламои уммат дар руйхати китобҳои саҳеҳи шашгона қарор гирифтааст. Муҳаммад ибни Исо баъд аз таълиф онро ба уламои Ҳиҷоз, Ироқ ва Хуросон пешкаш намуданд ва онҳо онро бо самимият пазируфта, таъйид карданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.274)

Ин китоб бо вуҷуди ҷомеъ буданаш, сунан низ ба шумор меравад, зеро бар асоси бобҳои фиқҳӣ тадвин шудааст. Дар ин китоб аҳодис такрор нашудаанд ва муаллиф далелҳои ҳамаи фуқаҳоро ҷамъоварӣ намуда, барои ҳар яке боби алоҳида тадвин кардаанд. Дар ҳар бобе ба худ лозим донистанд, ки мазоҳиби фуқаҳоро зикр намоянд. Истиноди ҳар ҳадисро тасреҳ намуда, заъфҳои санадро ба хубӣ мушаххас кардаанд. Агар дар санади ҳадисе иллат ё изтиробе вуҷуд дошта бошад, онро ба таври муфассал шарҳ додаанд. Агар ҳадисе тўлонӣ бошад, танҳо ба овардани он қисмате, ки бо боб муносибат дорад, иктифо намудаанд. Ҳамаи аҳодиси он ҳадди ақал назди яке аз фуқаҳо қобили амал мебошанд.  (“Дарси Тирмизӣ”, ҷ.1, с.167-168)

Муҳаммад ибни Исо худ мефармоянд: “Њар касе, ки дар хонаи ӯ ин китоб бошад, гӯё дар хонааш пайғамбарест, ки бо ӯ суҳбат мекунад”. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.274)

Абӯисмоил мефармоянд, ки “Ҷомеъ”-и Тирмизӣ аз китоби Бухорӣ ва Муслим судмандтар мебошад, зеро аз китоби Бухорӣ ва Муслим танҳо олими фарзона суд мебарад, аммо аз “Ҷомеъ”-и Тирмизӣ ҳар шахс суд мебарад. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.277)

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар