Асосӣ Мақолаҳо МАЗАММАТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

МАЗАММАТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

МАЗАММАТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ
2017-12-13
2949

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар масъалаи дин кафолат додааст. Аммо ҳар шакли озодӣ ҳудуди муайяни худро дорад. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки талаботи қонунҳои ҷории ҷумҳуриро риоя намуда, дар татбиқи онҳо саҳмгузор бошад.

Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд:

 «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст» (Сураи Оли Имрон, ояти 105).

Дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам, онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «даъватчиён» Расули Худо (с) фармудаанд: «Гурӯҳе аз даъватгарон бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.

Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номиданд. Таълимоти онҳо бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб муассис ва идеологи равияи “Салафия” чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кӯфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки онҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.

Гузашта аз ин, салафия мазҳаби ҳанафиро, ки мазҳаби аҷдодии мост, мавриди интиқод қарор дода, нисбати Имоми Аъзам носазо ҳам мегӯяд. Масалан, Носируддин Албонӣ дар саҳифаи 548-и китоби «Мухтасари Саҳеҳи Муслим», дар ҳошияи ҳадиси 2060 мазҳаби ҳанафиро монанди аҳли инҷил мухолифи ислом медонад. Дар баъзе маврид бошад, Имоми Аъзам гумроҳ, бидъаткор ном бурда мешавад, ки чунин мисолҳо бисёранд.

Чунин ақидаҳо дар дили ҷавонони мо шакку тардид эҷод намуда, ба ин васила итминон ва бовариашонро нисбат ба мазҳаби Имом Абуҳанифа, ки аз зумраи тобеин ба шумор меравад, коста мегардонанд. Оё ягон мусулмон бовар мекунад, ки мазҳаби ҳанафӣ монанди Инҷил мухолифи ислом бошад?

Салафии имрӯз, ваҳҳобии дирӯз ва хавориҷи парерӯз ҳама аз як сарчашмаи бидъат об мехӯранд ва дар дарёи торики гумроҳӣ шиноваранд. Ҳадафашон барҳам задани сафи мусулмонон аст.

Ин буд, ки имрӯз баъзе ҷавонони фиребхӯрда ва дунболарави салафия дар баробари уламои ислом бисёр беадаб ва машғули ихтилофу кинатӯзӣ мебошанд.

Бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ, эҷоди ихтилофот, омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегардад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 1300 сол инҷониб пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таълимоти Имоми Аъзам (р) аз хурдӣ ба кӯдакон талқин карда мешаванд: Мазҳаб ба кӣ дорӣ? Ба Имоми Аъзам.

Чанд сол қабл пайравони салафия, ки аз асли мазҳаб огоҳ набуда, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид мекарданд, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, ихтилоф эҷод намуданд, ходимони дин ва китобҳои муътабари мо-Чаҳоркитоб, Мухтасару-л-виқоя ва ғайра, ҳатто тарзи намозхонии моро мавриди интиқод қарор дода, худро аз дигарон авлотар медонистанд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир менамуданд. Аз ин рӯ, бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2009 фаъолияти равияи динии “Салафия” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, ҳамчунин дар таърихи 08.12.2014 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати иттиҳодияҳои экстремистӣ дохил карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, имрӯз ҳам баъзе ҷавононро мебинем, ки аз ҷамоат худро ҷудо мекунанд, аз адои суннатҳои намоз саркашӣ мекунанд, баъд аз салом додан дуо накарда зуд аз масҷид фирор мекунанд, гӯё ки аз қафас озод шуда бошанд. Паёмбари Худо (с) дар ҳаққи чунин афрод фармудаанд: «Ал-мунофиқу фил масҷиди ка-т-тайри фил қафас» - Мунофиқ дар масҷид, мисли парранда дар қафас аст.

Дар масҷиде, ки онҷо чунин одамон намоз мегузоранд, фазои якдигарбадбинӣ, хушунат, кибр, ғурур мавҷуд аст. Одам ҳаловати намози хондаашро эҳсос намекунад, зеро мухолифат аст, бадбинӣ аст.

Аз ин рӯ, барои мо мардуми хушбахти тоҷик, ки аксаран пайравии мазҳаби Имоми Аъзам (р) ҳастем, лозим аст, ки бо суханони пайравони дигар равияҳои номатлуби ҷомеа гӯш надиҳем. Ва ҳамеша пайрави мазҳаби аҷдодии худ бошему тамоми ибодату амалҳои худро мувофиқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ иҷро намуда, ҳамеша дар ҳаққи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ватани маҳбубамон Тоҷикиситон аз даргоҳи Худованд дуои хайр намоем.

Насриддинов Қ.А.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар