Асосӣ Мақолаҳо Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои рушди устувор» - ташаббуси башардўстонаи пешвои миллат

Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои рушди устувор» - ташаббуси башардўстонаи пешвои миллат

Даҳсолаи байналмилалии амал «об барои рушди устувор» - ташаббуси башардўстонаи пешвои миллат
2018-01-11
890

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд гардид, ки «тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва Рўзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор: 2018-2028» расман оғоз мегардад». ҳамин тавр, Пешвои миллат расман зимни ироаи Паём, ки муҳимтарин санади ҳуқуқию сиёсӣ ба шумор меравад, эълом доштанд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи мушкилоти об барои як давраи даҳсола расман ибтидо мегирад.

Ибтикороти паиҳами Сарвари давлати тоҷикон оид ба масоили об ва захираҳои об аз ҷониби кулли давлатҳо дастгирӣ ёфтаанд, зеро бо назардошти таҳқиқоти олимон роҷеъ ба пешомади мушкилот дар ин соҳа танзими масоили об дар сайёра ба мушкили асосӣ табдил хоҳад ёфт. Ин мушкилро бисёре аз давлатҳои ҷаҳон аз ҳозир эҳсос мекунанд ва аз ин рў, ба ҳунари ояндабинии Сарвари Тоҷикистон арҷ мегузоранд. Иқдоми навбатӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон дар баробари ҳалли масоили сиёсати дохилии кишвар ва минтақа инчунин дар миқёси ҷаҳонӣ низ ба ҳалли мушкилоти мардумони аксар мамолики дунё дар масъалаи дастрасӣ ба захираҳои об бо назардошти алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист дар партави ҳадафҳои рушди устувор расидагӣ мекунад. Аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон истиқбол ёфтани ташаббуси Сарвари Тоҷикистон низ шаҳодати дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи баланд доштани Тоҷикистон мебошад.

қаблан низ мо шоҳиди он будем, ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкории об, инчунин Соли байналмилалии беҳдошт низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ гардида буд. Дар ин давра ду чорабинии хеле пурмасъулияти ҷаҳонӣ дар кишвари мо амалӣ гардиданд, ки яке аз онҳо - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (моҳи августи соли 2013) ва дуюмӣ - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» моҳи июни соли 2015 ба шумор мераванд.

 Воқеан, чун амиқтар назар афканем, мушкилоти аз ҳама шадиде, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, норасоии об ва дар баъзе манотиқи ҷаҳон умуман ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоштани мардум мебошад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони обӣ буда, аз ин ҷиҳат саҳмаш дар таҳким ва танзими захираҳои обӣ низ назаррас аст.

Бояд гуфт, ки ибтикороти Тоҷикистон ва роҳбари дурандеши он аҳаммияти умумибашарӣ доранд. Ин хислати инсондўстонаи Сарвари давлати мо, албатта, аз фарҳанги волои аҷдодӣ, аз маданияти инсонпарваронаи бузургони адабиёту дин ва маънавиёти оламшумули тоҷикон сарчашма мегирад. Шеъри машҳури Саъдии Шерозӣ ишора ба ин таъкиди мо мекунад:

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

ҳамин ҷиҳати инсондўстии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ў дар ҷаҳони имрўза ҳамчун шахсияти дар хеш фарогири мушкилоти халқҳои дигар ва ташаббускори ҳалли бисёр муаммоҳои зиндагии башарӣ шинохта шудааст ва эҳтироми самимона миёни роҳбарони дигар давлатҳои ҷаҳон дорад. Дар баробари хўрдани ғами миллат ва давлати хеш, ба ояндаи мардумони олам низ таваҷҷуҳи вижа дорад.

Бояд дар ин замина қайд намуд, ки ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон хеле фарогиру доманадор ва пураҳаммият дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошанд. Масалан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим соли 2009 дар Женева, сипас ҳамон сол дар Конфронси 15-уми СММ оид ба тағйироти иқлим дар Дания пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нобуд шудани 1000 пирях дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда мушкилоти экологии шадид домангир мешаванд. Ин дар ҳолест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо камбуди оби ошомиданӣ дучор аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии таъмини минтақа бо об ақидаи интиқоли обро аз кўли Сарез ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб пешниҳод намуданд. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки ин барои Тоҷикистон захираи бисёр бузург аст.

Ин ва дигар пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои ҳама кишварҳоро дар бар мегиранд, яъне барои ободии умум ва беҳбудии ҳама халқҳо ва кишварҳо нигаронида шудаанд. Рафтору гуфтор ва андешаҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ва дигар пешниҳодот сари вақт ва хеле одилона ҳал кардани проблемаҳоест, ки солҳои сол дар даврони шўравӣ ҳал намешуданд ва касеро ҷиддан парвои ин масъала ҳам набуд, ҳарчанд кўшишҳо дар сатҳи давлатҳои алоҳида, на дар сарҷамъӣ зоҳир мегардиданд.

ҷойи таъкид аст, ки дар манбаъҳои асили дини мубини Ислом ки як ҷузъи фарҳанги миллии моро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро сероб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, хулоса, обу ободӣ ва некиву накўкорӣ дар заминаи тараққиёт ва дастгирии ҳамдигарӣ аҳаммияти бузурги ахлоқиву тарбиявӣ дорад, ки ташаббусҳои нави Пешвои миллат низ аз он сарчашма гирифтаанд.

  Хулоса, қабули «Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба ҳисоб меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад” 

Шўрои уламои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:14
Пешин13:00
Аср15:47
Шом17:45
Хуфтан19:15
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар