Асосӣ Мақолаҳо ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН – ВАЗИФАИ ИНСОНИЮ ИСЛОМИИ ВОЛИДОН

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН – ВАЗИФАИ ИНСОНИЮ ИСЛОМИИ ВОЛИДОН

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН – ВАЗИФАИ ИНСОНИЮ ИСЛОМИИ ВОЛИДОН
2018-03-06
2903

Вазъияти сиёсӣ дар аксар давлатҳои Осиё ва Африқо он қадар хуб нест. Сабаби хуб набудани вазъияти сиёсӣ дар ин давлатҳо пайдо шудан ва фаъолият кардани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун аст, ки қариб  хамаи онҳо ба сари қудрат омадан мехоҳанд. Таъсири амалҳои онҳо ба аксари давлатҳо расидааст. Алалхусус ба ҷавонҳои мо, ки фиреб хӯрда, ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешаванд.

Яке аз сабабҳои асосии шомил шудани ҷавонон аз рӯи саводи кофӣ надоштани онҳо аст, ки на саводи динӣ доранд ва на саводи дунявӣ. Барои мисол агар каму беш саводи динӣ дошта бошанд, яъне аз ақидаи мазҳаби Имоми Аъзам бохабар бошанд, ҳеч гоҳ ба чунин ҷараёнҳои ифротӣ  шомил намешаванд.

Сабаби дигар воситаҳои хабаррасони муосир, аз ҷумла сомонаҳои интернетӣ аст, ки тавассути онҳо ҳамсуҳбат шуда, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундгаро мешаванд.

Барои ҳамин моро зарур аст, ки зиракиро аз даст надиҳем, фарзандҳои  худро беназорат нагузорем, нисбат ба тақдири имрӯзу фардои онҳо бетафовут набошем. Зеро тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонону наврасон вазифаи инсонӣ ва исломии мост. Дар акси ҳол, мо аз ин бемасъулиятҳо дар баробари пушаймониву хисоратҳо дар дунё, дар охират низ дар пешгоҳи Худованд посух хоҳем дод. Зеро Худованд ояти 6-уми сураи «Таҳрим» мефармояд: «Эй имондорон, худро ва аҳлу аёли худро аз оташи ҷаҳаннам наҷот диҳед».

Пайғамбари Худо (с)  ҳам мефармояд: «Ҳамаи  шумо ба манзалаи чӯпон ҳастед ва ҳамаи шумо аз раъияти худ, яъне аз аҳлу аёли худ пурсида мешавед».

Имрӯз агар ҳар як волидайн ба ҳар васила ҳамарӯза аз авҳоли фарзанд бохабар бошад (фарзанд чӣ дар хориҷ бошад ва чӣ дар дохили давлат), Худо хоҳад ҷавонони мо ба ягон ҷиноят даст намезанд. Пас, ҳамаи мо волидайнро шарт ва зарур аст, ки дар таълиму тарбия ва назорати фарзандон фаъол бошем.

Карим Розиқов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи домулло Фахриддини 

Ҷамоати деҳоти   Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар