Асосӣ Мақолаҳо АЗ ХУД ФАРИШТА НАСОЗЕД.

АЗ ХУД ФАРИШТА НАСОЗЕД.

АЗ ХУД ФАРИШТА НАСОЗЕД.
2018-03-13
3031

Дар расонаҳои хабарӣ мусоҳибаи узви собиқадори ҲНИТ ва узви Раёсати олии ин ҳизб Муҳаммадсаид Ризоиро хонда ба тааҷҷуб афтодам. Аҷаб суханбофиҳову худсафедкуниҳо. Нафаре собиқаи фаъолияти пешинаи пур аз сӯзу алам ва тираву тори ТЭТ ҲНИТ-ро надонад, шояд ба суханбофиҳое, ки холӣ аз ҳақиқату ростист, пай набарад. Вале ман яқинам, ки ҳар як аҳолии Тоҷикистон аз амалҳои зишти ин гурӯҳ огоҳ буда, ҳеч вақт ба ин суханпардозиҳои пучу хоми ин тоифа бовар намекунанд.

Бинед, ки ин шахс шарм надошта, ҳадаф ва мароми ТЭТ ҲНИТ-ро чунин бозгӯ мекунад: “Ҳадаф аз таъсиси он (ҲНИТ) бедории ҳуввияти миллӣ, мейҳандӯстӣ ва зинда гардонидани фарҳанг ва суннатҳои хуби аз байн бурдашудаи аҷдодӣ буд”. Пас савол ба миён меояд, ки ин гурӯҳ дар тӯли фаъолияти ҳизбии худ дар Тоҷикистон кадоме аз ин корҳоро анҷом додаанд ва ё дар рушди он чӣ саҳме гузоштаанд? Албатта ин саволи беҷавоб аст. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳизб ҳам фарҳанги дигар ва ҳам мазҳаби дигарро дар тӯли фаъолияти худ дар Тоҷикистон тарғиб кардаанд.

Аз фарҳанг ва суннатҳои гузаштаву аз байн рафта ҳарф мезананд, дар ҳоле ки худашон ин истилоҳотро чанд сол пеш ёд гирифтаанд, вале то ҳол аз моҳияти он бехабаранд. Яъне, ин ҳама даъвоҳои калону вале дар асл пучу холӣ...

Хуб мешуд, ки то ин ҳама суханбофиҳову гапфурӯшиҳо ақалан як кори хайре, мисли мактаб ё бемористон ва ё ақалан ягон бунгоҳи тиббӣ ва ғайра, ки дар вақти фаъолияташон дар Тоҷикистон агар карда бошанд, онро ба ҷои ин ҳама суханҳои холӣ аз маънӣ, ба расонаҳои хабарӣ мегуфтанд. Вале афсӯс...

ҲНИТ аз рӯзи аввал худро на ободгар, балки ҳамчун ифротгар, шинос кард. Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бояд хато накунанд, иштибоҳе ки солҳои 90-ум кардем, бояд сабақи зиндагии гардад.

Обидин Хоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Имом Бухорӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар