Асосӣ Мақолаҳо Чӯҷаи зоғи зулматсиришт

Чӯҷаи зоғи зулматсиришт

Чӯҷаи зоғи зулматсиришт
2018-10-03
2360

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки як зумра мунофиқони фирории тоҷик, ки дар мамолики хориҷи кишвар дур аз ватани аҷдодӣ зери қаноти хоҷагони худ мебошанд, бо дастгирии чӯҷаи зоғи зулматсиришт Муҳиддин Кабирӣ дар Лаҳистон гирди ҳам омада, кӯшиш ба харҷ додаанд, то санги маломате ба ватани аҷдодии худ ва Ҳукумати қонунӣ зананд.

Нуктаеро бояд қайд намуд, ки Кабирӣ бори дигар сурат ва сирати аслии худро барои аҳли башар нишон додааст, ки ӯ ҳамон чӯҷаи зоғи зулматсиришт мебошад, ки дар ҷаннати рӯи замин Тоҷикистони азиз паҳлӯи Товуси боғ ҷой гирифта буд. Обу дону нуқли ӯ аз ҳисоби халқи одии заҳматкаш чунон зиёд шуда буд, ки ҳеҷ ҳамто надошт.

Аммо, ин чӯҷаи зоғ аз анҷири ҷаннат ва обу ҳавои мусаффои он қаноат накарда, одати бад, ки дар мағзи устухонаш ҷой гирифтааст, хиёнатро пеша карда, аз гиребони падар гирифтанӣ шуд. Аммо фаромӯш карда буд, ки бе дуои падар касе ба ҷое нарасидааст.

Аз ин рӯ, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чун зоғҳои манқурт зери болу пари аҷнабиён афтода, ба як санги сиёњи Тоҷикистони азиз зор хоҳанд шуд. Зеро фармудаанд:

Шавад оқибат бачаи зоғ-зоғ,

Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.

Боқӣ Қудратов,

мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Бӯстон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар