Асосӣ Мақолаҳо Пешвои миллат намунаи олии ибрат

Пешвои миллат намунаи олии ибрат

Пешвои миллат намунаи олии ибрат
2019-01-29
556

28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ - мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанберо пас аз таъмири асосӣ ба истифода дода, ҳангоми  шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар муассисаи мазкур бо тарбиятгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ оростанд ва ба муносибати Соли нави милодӣ ба онҳо армуғонҳои солинавӣ, аз қабили сарулибоси зимистона, шириниҳо ва лавозимоти хониш, тақдим намуданд. 
Мо бо як гурӯҳ ин лаҳзаҳоро аз телевизион тамошо мекардем ва ҳангоми суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо аз тарафи Пешвои миллат пирони рӯзгордида бо ашки шодӣ дар чашмон мегуфтанд: “ Муборак бод моро, ки чун Эмомалӣ Раҳмон Сарвари мушфиқу ятимпарвар дорем!”.


Воқеан, ҳангоме ки Пешвои миллат сари ятимонро сила мекарданд, дурахши ситораи меҳру муҳаббат дар чашмони кӯдакон дучанд мегардид ва туҳфаҳои Ҷаноби Олиро бо иродат мепазируфтанд.

 

Кас аз дидани чунин манзара ба андеша фурӯ меравад ва байт вирди забон мегардад: 


Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, 
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?!


Ятимакони шикастадил бо тамоми вуҷуд эҳсос мекарданд, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ҳаргиз танҳо нахоҳанд гузошт. Ин суханони ҷонбахшу рӯҳбаландкунандаи Сарвари кишвар ба ҳар як ятим эътимод мебахшад: “Ман ҳеҷ вақт, ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам. Меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақил гусел менамоям”.
Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи мо сафи ашхосе, ки рӯ ба эҳсонкорӣ мебиёранд, зиёд мегардад. Ва ҳамин аст, ки тавассути телевизиону матбуоти даврӣ мо ҳар рӯз аз кори савоби ин ё он шахси хайрхоҳу саховатпеша  дарак меёбем. Яке пул месозад, дигаре мактаб, севумӣ ба маъюбон дасти мадад дароз мекунаду чорумӣ пули сафари ҳаҷашро сарфи ободии зодгоҳаш менамояд.

Чуноне ки иттилоъ доред, ҳамин мактаб-интернат ҳам бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз ҷониби як тан соҳибкори меҳандӯсту саховатпеша – Маҳмудҷон Муродов таъмир гардида, бо тамоми шароити зарурӣ ба ятимони шаҳри Душанбе тақдим гардид. Бале, Пешвои миллат дар тамоми ҷодаҳо намунаи олии ибратанд ва амалҳои хайрашон мактабест омӯзанда.

Соро ШЕРОВА

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:19
Хуфтан20:49
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар