Асосӣ Мақолаҳо «РИЗОИ МОДАРОН…». Васфи зан-модар дар ашъори урду ва форсӣ-тоҷикии Муҳаммад Иқбол

«РИЗОИ МОДАРОН…». Васфи зан-модар дар ашъори урду ва форсӣ-тоҷикии Муҳаммад Иқбол

«РИЗОИ МОДАРОН…». Васфи зан-модар дар ашъори урду ва форсӣ-тоҷикии Муҳаммад Иқбол
2019-03-08
290

 Зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ин мавҷуди олам дорои сиришту сармояест, ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд. Ӯ чун фариштаест, ки боли пурмеҳру нозашро  барои башарият мекушояд. Вай арзишмантарин ва қиматтарин неъмати  дунёст, ки манбаи муҳаббати  беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад. Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш мо, инсонҳоро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо, мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин  бо олами рангинмоя ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат, садоқату инсондӯстӣ  меомӯзем.

Дар васфи  ӯ хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа  мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё қораи Ҳинду Покистон низ мавҷуданд. Қобили зикр аст, ки қораи мазкур пур аз суханварону шоироне мебошад, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти мо- мардуми Тоҷикистон буда,тавассути эҷодиёти пурмояи худ тамаддуну маърифати илмии моро боз ҳам ғанитар мегардонанд.

Зимнан яке аз маъруфтарини онҳо шоир ва файласуф Муҳаммад Иқбол (1877-1938)  мебошад. Инҷо ба маврид аст то назару андешаҳои Муҳаммад Иқболро дар шинохт ва эҳтироми зан барои хонанда  рӯи коғаз оварем, то ёди ин ёри меҳрубон ва шарики ҳаёти мардон дубора зинда ва поянда монад. Шоир ва файласуфи Шарқ Муҳаммад Иқбол  дар осораш ҷойгоҳи занро бо латофат баррасӣ карда, дар  маҷмӯаи ашъори урдуаш  қисматеро зери унвони «Аврат» (зан) тахсис додааст, ки аз бузургӣ, фарзонагию шарофати зан моро хабардор мекунад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чун инсони бо маърифат қадру қимати ин олиҳаро дарк карда, ӯро дар шеъраш бо забони урду чунин васф мекунад:

Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,

Иси ка соз си  ҳе зиндаги ка сузи дарун.

Яъне, аз вуҷуди зан тасвири  коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун  пайдо мегардад. Муҳаммад Иқбол ҳусну зебоии ҷаҳонро дар симои ин ҷинси латиф мебинад ва ёдрас мекунад, ки ӯ тавлидкунандаи ҳаёт барои  башарият мебошад. Вай занро чун хазинае медонад, ки дар дарунаш ҷавоҳироти пуразамат нуҳуфтаанд.

Шоир дар шеъри дигараш занро  чун модар ва тарбиятгар дониста, аз мардон тақозо мекунад,ки муҳофизатгари он бошанд, то ба ӯ осебе нарасад. Зеро ҷомеаи хубу солим ба вуҷуди занони покдоман вобастагӣ дошта, ононро чун сутуни хонавода ва ҷамъият медонад. Мо бояд дониста бошем, ки барои зан ҳамчун модар фарзандон ва тарбияи онон дар зинаи аввал меистад. Дар  тақвияти ин сухан Муҳаммад Иқбол дар байте ба забони форсӣ- тоҷикӣ ширину форам чунин баён мекунад:

Қавмро сармоя, эй соҳибназар,

Нест аз нақду қимошу симу зар.

Моли ӯ фарзандҳои тандуруст,

Тардимоғу сахткӯшу чоқу чуст.

Инҷо Муҳаммад Иқбол  ба инсоният хитоб карда, таъкидан мегӯяд, ки сармояи аслӣ дар ҷомеа- ин тавлид ё доштани фарзандони солиму тандуруст мебошад. Бо доштани фарзандони ҳушёру сахткӯшу чоқу чуст метавон сармояи  миллатро фароҳам овард ва  илло  симу зар барои қавми соҳибхирад манфиати ҳамешагӣ намеорад. Зеро ин фарзандони солиму тандуруст метавонанд сармояҳои нуҳуфтаеро кашф намоянд, ки дар рушду нумуи ҷомеа  кумак ва фоида меоранд.

Аз гуфтаҳои Муҳаммад Иқбол метавон чунин хулосабарорӣ кард, ки зан чун модар  ягона олиҳаест, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад ва ҳамеша хоҳони он аст, ки тифлаш бе нуқс ба воя расида, мададгори ӯ гардад. Домону болини ӯ дар даврони тифлӣ биҳиштеро мемонанд, ки замони ба синни булуғ расидан шахс аз набудани он сарсону саргардон мемонад.

Шоир баҷо фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат оромиву сиҳатмандӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, рӯҳияи тоза гирифта, меболад. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт мо ба шарафу иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем.

Дар ниҳояти калом мо  бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро бидонем ва чуноне ки гуфтаанд:

Ҷаннат ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми Модарон аст.

Хоҳӣ ки ризои мо биёбӣ,

Он кун ки ризои Модарон аст.

Хулоса, арҷгузорӣ ва эҳтироми модарон қарзи фарзандии ҳар яки мо буда, бояд доимо омодаи хидматашон бошем. Ва неку  муборак бод бузургдошти рӯзи Модар ва ҳамеша  бо ин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки тамоми бузургони олам пеши модарон сар фуруд меоранд, зиндаву саломат бошанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
корманди Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Аврупо ва Осиёи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:24
Пешин13:00
Аср17:49
Шом19:49
Хуфтан21:19
Суханронии Президент
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар