Асосӣ Мақолаҳо Масъалаи талоқ ва паёмади он

Масъалаи талоқ ва паёмади он

Масъалаи талоқ ва паёмади он
2019-04-18
2055

Яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ оилава оиладорист ва арҷгузорӣ аз он вазифаи муқаддас барои барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Лаззат ва ширинии ҳаёти инсон дар эҳтиромиҳамдигарӣ ва ба қадри ҳамдигар расидани зану шавҳар аст. 

Оилае, ки дар он ҳуқуқи якдигар риоямешавад, дар он оила меҳру вафо, садоқат, муҳаббат, эҳтироми миллат, ватандӯстӣ ва аз ҳамамуҳим насли поку солим ба дунё меояд ва ба воямерасад.

Қуръони карим ҳам дар мавзӯи оиладорӣфармудааст:

 “Ва аз нишонаҳои Худо он аст, кибарои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то боонҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстиюмеҳрубонӣ пайдо кард...

”(сураи Рум, ояти 21) Яъне, издивоҷ ва оиладорӣ қонуни муҳаббат, садоқат ва вафодорист. ПайғомбариХудо (с) ҳам издивоҷро нисфи дин хондааст ва дар ҳадиси дигаре фармудааст:

“Дунё ҳамааш матоъ аст ва беҳтарин матоъидунё зани солеҳа аст.” Яъне зан барои мард аз ҷониби Худованд неъматест, бебаҳо.

Дар ҳама давру замон ва дар ҳама адён барои издивоҷ ва ҷуфт шудан байни зану мард қонунест ба номи “никоҳ” ва барои ҷудошудан байни ҷуфтҳо қонунест ба истилоҳи “талоқ”. Никоҳ дар луғат иборат аст аз “зам(м)”, яъне, ҷуфт сохтан. Аз нигоҳи аҳлисуннат ва ҷамоат, бо дарназардошти ҳувияти зан аз лиҳози саломатӣ, беҳбудии ҳолати зан дар ҳама шууни зиндагӣ, никоҳимутъа ва муваққат ҷоиз нест, то мард дар ҳама ҳол то охири ҳаёт мувозиби он зан бошад. Талоқ дар луғат ба маънои озодкардан, ҷудо кардан, бардоштани қайду аҳд, раҳо кардан ва дар истилоҳи шариат талоқ аз ҳукми шаръие иборат аст, ки қайдиникоҳ ва ресмони ақд ва аҳдро ба гуфтани калимаҳои махсус бардошта месозад ва ба ҳаёти якҷояи заношавҳарӣ хотимамебахшад.

Бо таассуф, ҳаводис ва мушкилоти ғайричашмдошт дар зиндагӣ ба вуқуъ меояд, ки пойдорӣ ва улфату дӯстии хонаводагиро барҳам мезанад. Дар сурате, ки робитаи зан ва шавҳар ба сабаби бадрафториҳои зан ё мард дар оила вайрон мешавад ва боҳеҷ восита ва илоҷ ислоҳ кардан имкон надорад, пас дар он сурат шариати ислом ва ҳам мақомоти марбутаи давлатӣ иҷозатмедиҳанд, то робитаи ин зану мард қатъ карда шавад ва аз ҳам ҷудо шаванд. Яъне, ки талоқ дар ҳолати ночорӣ ва изтирорӣилоҷи воқеа мегардад.

Мутаассифона,дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳои зиёде аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣшумораи пошхӯрии оилаҳо дар миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш аст, ки ин боиси ташвиши ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида аст.

Вуқуъи талоқ ва вайрон намудани оила аз нигоҳи дини мубини ислом амали бад ва шанеъ маҳсуб мешавад. ПайғомбарамонМуҳаммад (с) дар ин маврид фармудаанд: 

Зишттарин кори мубоҳ дар назди Худованд талоқ аст. 

Инчунин дар ҳадиси дигарфармудаанд: Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, пас ҳароина Арши боазамати Парвардигор аз вуқуъи талоқ ба ларза меояд. Яъне, шариати ислом аз ибтидо мухолифи вайроншавии оила ва вуқуъи талоқ аст, магар дар ҳолати истисноӣ ва изтирорӣ.

Абӯлайси Самарқандӣ (р.) дар шарҳ ва эзоҳи як ҳадиси шариф менигорад, ки шайтони мардуд  вақте ки аз амри Худо ба саҷдаитаъзим намудан барои Одам (а) кибр варзида, ибо мекунад ва мардуди даргоҳ мегардад, қасам ёд мекунад, ки ба насли одам душманӣ мекунад. 

Яке аз дасисаҳояш ин аст, ки ҳар пагоҳ барвақт курсияшро болои об гузорида, лашкарашро ба наздашдаъват менамояд ва барои фитна андохтан ва корҳои бад дар байни бандагони Худо муваззаф месозад ва ҷоиза низ ваъда менамояд. Пас, вақте ки шаб шуд, лашкарашро ҷамъ месозад ва аз якояки онҳо пурсон мешавад, ки чӣ кореро анҷом додаанд. 

Яке гузориш медиҳад, ки ман дар байни фулон бандагони хос ва ботақво даромадам ва гуноҳро чунон ҷилва додам, то зинонакарданд, раҳояшон накардам.

Шайтон мегӯяд: 

Хело кори хубе кардӣ, аммо ҳоло ҳам сазовори ҷоизаи ман нестӣ! Дигареҳисобот дода, мегӯяд: Ман дар байни ду бандаи Худо чунон душманӣ андохтам, то хун нарезонданд қафо нагаштам... Ҳаминтавр, ҳама гузориш медиҳанд, аммо сазовори ҷоиза намешаванд.

Дар ин миён яке гузориш дода, мегӯяд: Ман дар байни занушавҳар даромадам ва онҳоро чунон шӯронидам, ки то шавҳар занашро талоқ надод, раҳояшон накардам. 

Пас, шайтони малъунӯро ба наздаш даъват карда, навозиш намуда, дар оғӯш мегирад ва мегӯяд: 

Сазовори ҷоизаи ман ту ҳастӣ. Яъне, ҷудоӣандохтан байни зану шавҳар ва паёмаду вахомати талоқ аз ҳама корҳои бад бадтар аст.

Ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:

То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,

“Абғазу-л-ашёи ъиндӣ ат-талоқ”.

Пас, вақте ки вуқуъи як талоқ Худованди мутаъолро дар ғазаб меорад ва Арши боазамати Аллоҳ аз ғазаб меларзад, моро месазад, ки хеле амиқ андеша намоем. Вақте ки шайтони мардуд-душмани Худоро хурсанд месозем ва никоҳ, ки аҳду паймонаст, онро мешиканем ва бахти ҳамсари ҷавонро талх ва ҳаёти ӯро месӯзонем, агар фарзанд дошта бошем, онҳоро ятимударбадар мегардонем, чунки агар бо ту бошанд, ба дасти модарандар меафтанд ва ҳар куҷо, ки бошӣ ҳамеша парешонуташвиш ҳастӣ аз инки модарандар ба онҳо чӣ мекунад ва агар бо модар бошанд, дар куҷо, бо кӣ ва дар кадом ҳол ва... саволҳоизиёде ҳамеша домангири мост.

Яъне, аз падару модар ҷудо, ятиму дарбадар. Ин чӣ гуна зиндагист ва чӣ фарзанддорист!? Ҳамон фарзанд чӣ бигӯяд, ки манпадару модар дорам ва дар оянда чунин фарзандро чӣ зиндагие интизор аст?!

Мутаассифона, имрӯз талоқ дар ҷомеаи мо ба ҳукми одат саҳлу сабук ва оддӣ шуда аст, ки ин доғи ҷомеа, доғи оила аст, балкидоғи миллат ва камоли ноҷавонмардист. Ҷавонмард шахсест, ки дар баробари каму кости зиндагӣ босабру ботаҳаммул бошад. 

Қуръони карим мефармояд:

...Ва бо занон бар ваҷҳи писандида зиндагӣ кунед, пас шояд шумо чизеро написандед, ки Худо дар он хайри бисёрро пайдо кунад. (Сураи Нисо, ояти 19).

Сабабҳои вуқуи талоқ дар ҷомеа

Иллати аввали пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин камфаҳмӣ, бемаърифатӣ ва камсаводии динӣ ва дунявии ҷавонон аст. Инсонибоақл ва бомаърифат ҳаргиз ба чунин коре даст намезанад; Иллати дигари ҷудошавии оилаҳои ҷавон омода набудани ҷавононба ҳаёти мустақилона мебошад. Ҷавони боақл ва бомаърифат дар издивоҷ бояд саросема нашавад, чунки ин савдои умр аст, боақлона бояд рафтор кард, то пушаймон нашавад.

Дар оилае, ки ба қадри якдигар бирасанд, муҳаббат ва баракат дар молу зиндагӣ ҳосил мегардад. Аз ин ҷост, ки як иллатидигари пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин риоя накардани зан ва мард аз ҳуқуқи якдигар, монанди бадзабонӣ, беэҳтиромӣ нисбати ҳамдигар ва фош кардани асрори хонавода мебошад. Махсусан, хоҳарони азиз бидонанд, ки шавҳар барои онҳо аз ҳама, ҳаттоаз падару модар ҳуқуқи бештар дорад. Расули акрам (с.) фармуданд: Саҷда намудан ҳеҷ касеро ба ҷуз Худо иҷозат нест ва агариҷозат мешуд, ҳар оина мефармудам, ки занҳо шавҳарҳояшонро саҷда намоянд. Дар ҳадиси дигар мефармояд: Ҳар зане, ки аздунё гузарад ва ҳол он ки шавҳараш аз он розист, вориди ҷаннат шавад.

Ин ҳама баёнгари қадру манзалати шавҳар болои зан мебошад, ки албатта манфиаташ, чуноне дар боло ишора кардем, ба худи зан бозмегардад.

Бад макуну тухми накӯӣ бикор,

То нашавӣ вақти дарав шармсор.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Инчунин, ҷавонмард дар навбати худ бояд бидонад, ки зан барои ӯ ғулом нест, ӯ ҳам инсон аст ва болои шавҳар ҳаққу ҳуқуқдорад. Падару модараш ӯро бо чӣ заҳамот тарбият карда, ба воя расонд ва ба шумо ҳамчун амин бовар кард ва ҷигарбандашроба воситаи ақди никоҳ- ин аҳдномаи мустаҳкам ба ту супорид, пас ту ҳам амин ва бовафо бош ва дар аҳду паймонат устуворбимон, зеро хушии зиндагӣ ва лаззати он ба муносибати ту вобастагии сахт дорад. Худованди мутаол мефармояд: Ва ъоширӯҳунна би-л-маъруф. Сураи Нисо, ояти 19. Яъне, бо занон ба таври шоиста муошират кунед. Ҷаноби Паёмбар (с.) мефармояд: Комилтарини муъминҳо аз рӯи имондорӣ беҳтарини онҳост аз рӯи ахлоқ ва беҳтарини шумо касест, ки барои занҳобеҳтар бошад. Пас бо камоли эҳтиром нисбати якдигар ва бо риояи ин дастурот лаззати зиндагиро дармеёбед.

Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба инобат нагирифтани ризоияти худи ҷавонон аст. Баъзе падару модарон ҳастанд, кибо ҳадафи манфиатҳои худ ризоият ва зиндагии ояндаи фарзандонашонро ба инобат нагирифта, писар ва ё духтарашонро маҷбуран ба шахси хостаи худашон ба ақди никоҳ медароранд, ки ин амал ҳам хилофи шариати ислом ва ҳам хилофи қонунаст. Аз нигоҳи шаръ номзадҳо бояд якдигарро бинанд, ақл, ҳусн ва ахлоқи ҳамдигарро биомӯзанд, пас бо ризогии якдигар боэҳсоси меҳру муҳаббат оила барпо кунанд, то ки дигар барои вайроншавии оила иллат ва баҳонае боқӣ намонад ва бо оилаисолим ва насли солим дар солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Пас барои падару модар зарур аст, ки масъулияти худро эҳсоскунанд ва фарзанди ҷигарбандашонро пеш аз гусел кардан ба хонаи шавҳар баҳри зиндагии хушу гуворо насиҳат намуда, бифармоянд: Духтари азизам, кафолати падару модарат ба анҷом расид, аз ин пас барои ту ҳукм ва қадри шавҳар аз ҳукмуқадри падару модарат болотар аст ва падару модари шавҳарат барои ту падару модар аст, коре кун, ки ризоияти онҳоро ба дастор. Паёмбари Худоро пурсиданд:

Кадом зан беҳтарини занҳост? 

Фармуданд: Он зан, ки чун шавҳараш ба ӯ нигоҳ кунадхушҳолаш бигардонад ва чун ба ӯ чизе бигӯяд итоаташ бикунад ва чунон коре анҷом надиҳад, ки сабаби нохушии шавҳарашшавад. Инчунин, падару модари писар низ фарзандашонро баҳри риояи заношавҳарӣ ба тамкин ва сабру таҳаммул ва эҳтиромипадару модари арӯсаш насиҳат намоянд.

Умеди он дорем, ки дар натиҷаи насиҳати падару модарон ва пазируфтани фарзандон ва масъулиятшиносӣ ва бетарафнабудани ҳар фарди рӯшанфикр ва ғамхори миллат ин доғи рӯз – пошхӯрии оилаҳои ҷавон ба маротиб кам шуда, аз байн равад.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

                             Ҳофизи Шерозӣ. 

         

Изомуддин Абдулҳайев,

сархатиби ноҳияи Нуробод, узви Шурои уламо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар