Асосӣ Мақолаҳо Дар моҳи Рамазон олиҳимматӣ мебояд

Дар моҳи Рамазон олиҳимматӣ мебояд

Дар моҳи Рамазон олиҳимматӣ мебояд
2019-05-10
118

Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳоло дар остонаи истиқболи 30-умин солгарди муборакаш дар ҷабҳаи бузурги ободонию созандагӣ қарор дорем, барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросими динию мазҳабии кишвари азизи мо навгонӣ ва тасҳеҳоти ҷолибу гуворо ворид намудааст. Соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро талаб менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросими миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон бартарият диҳанд, аз тақлиди кўркўрона, худнамоӣ, исрофкорӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ биҷўянд. 

Эҳёи дастовардҳои арзандаи ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азизу маҳбуб бояд дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқўъ пайвандад. Зеро шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ватан, ҳифзи фазои оромӣ ва ваҳдати миллӣ тақозо менамояд, ки мо дар маҷмўи гуфтору рафтору кирдорамон некў нигоҳ доштани андоза ва мувозинати арзишҳои дунявию эътиқодиро холисона риоя кунем. Маънои садоқат ба халқу Ватан, муқаддас доштани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва ҳамзамон осебнопазирии ваҳдати эътиқодӣ ва динию мазҳабӣ аз ҳар фарди бо нангу номус ба ваҷҳи писандида анҷом додани қарзи фарзандию шаҳрвандиро дар ҳамаи корҳо масъалат менамояд. 

Хусусиятҳои фарҳанги тоҷиктаборон дар масъалаи ҳаёти динӣ аз он иборат аст, ки олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми анъанаҳои миллию фарҳангии худро бо муқаррароти рукнҳои дини ислом дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ханафӣ мўшикофона мутобиқ намуданд. Ҳамин буд, ки фарҳанги рўзадорӣ бо баргузории маросими марбут ба иди Фитр  ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллии тоҷикон ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Аслан фазилатҳои наҷиби ин моҳ пойдевори динӣ дошта ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстию худшиносӣ ва тақвою шикастанафсӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оилаҳои камбизоат такя менамояд ва онро вазифаи ҳар шахси тақводору тавонманд муқаррар кардааст. Бовару эътиқоди мардумӣ маҳз дар ваҳдати гуфтору кирдор, ботину зоҳир ва бовару имон ифода меёбад, ки ҷамъбасти ҷавонмардонаи он бо дастгирии фитодагон ва ниёзмандон татбиқи амалӣ пайдо мекунад. Ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла ниёгони мо бар ин бовар буданд, ки дар тўли моҳи сиёму қиёму қироати Қуръон болидарўҳӣ, аз ҳарвақта бештар шудани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубонии раияту сарварон дучанд мегардад. Ҳамин ҷиҳати масъала, яъне хайру эҳсон кардан ва инсондўстӣ бо анъанаҳои тоисломии миллию фарҳангии тоҷиктаборон омезиши барҷаста пайдо кард ва дар матни дини нав тасдиқ намуд, ки рисолати бузурги парҳезкорӣ, тақводорӣ ва худоҷўӣ, пеш аз ҳама, дар дасти ёрӣ расонидан ба ниёзмандон аз мавқеи баланди башардўстӣ зоҳир мегардад. Чунин рафтори мусулмонони тоҷиктабор ҳатто дар он шароити асримиёнагӣ заминаҳои устуворе барои расидан ба баробарии иҷтимоӣ омода карда тавонист, силаи раҳм ва изҳори тараҳҳум дар байни ҳамдигарро тақвият бахшид. 

Дар табрикоти имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон чунин таъкид гардидааст: "Яъне рўзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад. Мардуми мусулмони мо дар ин моҳи муборак ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатҳо мераванд, ба ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд кумак мерасонанд, то ки бо чунин аъмоли хайрхоҳона соҳиби савоби бештар гарданд".

Воқеан ба хотири гиромидошти боварҳо ва дарёфти хушнудии Худои Офаридгор ҳамаи мусулмонон, ба хусус шахсони тавонманд олиҳимматӣ зоҳир мекунанд, ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд, амалҳои инсондўстона ва худоҷўёна анҷом медиҳанд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд, то касеро наранҷонанду озор надиҳанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кўдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор бидиҳанд. Бешубҳа, чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни шаҳрвандон ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад. 

Аз ин ҷиҳат, тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фароизи ин моҳ ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом ғанимат шумурдани фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кўмаку ёрмандӣ ба ниёзмандонро дучанд месозад. Дар матни рўзгори мо додани ҳама гуна садақот дар ин моҳ, бешубҳа, яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дўстию муҳаббат дар байни қишри мусулмонони ҷомеа мебошад. Аз ин рў, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд ҳама гуна садақаи худро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.  

Дар иртибот ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар табрикоти имсолаашон бисёр ба маврид таъкид карданд, ки "дар ояти 60 сураи “Тавба” ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст. Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад. Дар ин раванд, бояд донист, ки ҳама гуна рафтори хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкоридошта ҳеҷ маънӣ надорад".

Воқеан бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарғиби ғояҳои пешқадами демократию инсондўстӣ тақозо менамояд, ки дар матни ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвари азизамон нофаҳмиҳо, каҷравиҳо ва азхудкуниҳои нодуруст дар муомила бо маблағҳои садақа ба танзим дароварда шавад.      

Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷўӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин оят комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурўҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ў дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ў маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағбаташ сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқилоби болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андозро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегўянд. Аз рўйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб – бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд. 84 нафар тифле, ки бо ташаббуси Пешвои миллат аз асорати гурўҳҳои ифротӣ озод шуда, ба ватан баргардонида шуданд, беҳтарин намунаи ҳамин намуди садақа аст; 6. Ғорим шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сўхтор ва селу боришот молу мулк ва дороияшонро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомўзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ кору фаъолият мекунанд; инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некў, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бино, корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷиду мактаб ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан амали дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; 8. Ибни сабил мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (ба монанди донишҷўёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.  

Хушбахтона, дар шароити кунунии ҷомеаи шаҳрвандии мо доир ба масъалаи баҳогузорӣ ба арзишҳои динӣ, дар пояи фарҳанг-солории суннатӣ ҷобаҷогузорӣ ва ба манфиатҳои миллию амниятии давлати ҷавони Тоҷикистон сафарбар намудани онҳо ҳолати созгори маънавӣ  падид омадааст. Мардуми мусулмони кишвар падидаи номатлуби ба тиҷорат гузоштани дину ақидаи асили худ ва бе қайду шарт рў овардан ба мазҳабҳои бегонаро дуруст фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки ин қабил рафторҳо ба фарҳангу давлатдории миллӣ зиён мерасонад. Акнун роҳбарияту раият бар ин андеша бо ҳам омадаанд, ки хамирмояи равонӣ ва маънавии миллиро инчунин ваҳдати эътиқодии миллат низ ташаккул медиҳад. Ҳар қавме, ки ваҳдати эътиқодӣ надошта бошад, ҳанўз ба дараҷаи миллат ташаккул ёфтани он зери шубҳа меафтад. Ва ҳар миллате, ки афроди он дар баробари бегонагон ваҳдати эътиқодии худро ҳифз карда наметавонад, мавҷудияти худро сахт зери хатар мегузорад.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои муаззами миллат ҳар моҳи Рамазон шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонида, суннати мондагори мазҳаби ханафии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшанд. Беҳтар он бошад, ки ҳамаи мо ҳам ҳиммат бар ояндаи фаровону дурахшон бигуморем ва имрўз хайру садақоти худро холисона ба бародарону хоҳарон ва хешони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон бирасонем, то хушнудию ризомандии Худованд насибамон гардад.   

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:24
Пешин13:00
Аср17:49
Шом19:49
Хуфтан21:19
Суханронии Президент
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар