Асосӣ Хабарҳо Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ…

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ…

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ…
2016-05-16
5182

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон,
 

Ба ҳамагон маълум аст, ки шаби 11-ум ба 12-уми майи соли 2016 дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Элок баланд шуда, дар натиҷаи омадани сел зиёда аз 1400 хоҷагии деҳаҳои ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ зарари ҷиддии иқтисодӣ диданд.

Вобаста ба ин ҳодиса Раёсати Маркази исломӣ дар якҷоягӣ бо масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва масҷидҳои марказии ш. Ҳисору Турсунзода ва н. Шаҳринав ва  барои зарардидагони деҳаҳои мазкур  кӯмаки ғизоӣ ва молӣ иборат аз маводи хӯрока дар ҳаҷми 14000 сомонӣ ва 60 дона қолину палос ҷамъоварӣ   намуданд.

Рӯзи 15-уми майи соли 2016 Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода  аз ҳолу аҳволи мардуми осебдидаи ҷамоати Зайнабобод дидан намуда, бо тавсия ва машварати роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ ин миқдор кӯмакҳои ҷамъоваришударо, ба деҳаи Фазоба  оварда, бо ҳузури раис ва имоми маҳалла кормандони Маркази исломӣ  маводи мазкурро аз қабили хӯрока ва палосҳоро ба шахсони зарардида тақсим намуданд.

Қобили зикр аст, ки Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни дидорбинӣ аз ҳолу аҳволи зарардидагон мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуда, қайд карданд, ки ин ҳодиса як озмоиш аз ҷониби Худованд бар сари бандаи мӯъмин аст ва Худованди меҳрубон агар дареро бибандад, ба раҳмати бепоёни худ чанд дари дигаре ба рӯи банда хоҳад кушод. Номбурда таъкид карданд, ки иншоаллоҳ ходимони дин дар оянда низ дасти кӯмак ба мардуми зарардида мерасонанд.

Мардуми деҳаи Файзоба аз иқдоми пешгирифтаи Маркази исломӣ ва ходимони дин изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки роҳбарияти ноҳия ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рӯзи аввали ҳодиса дар бари мардум қарор доранд ва барои бартараф кардани оқибатҳои сел ҳаматарафа ҷидду ҷаҳд доранд.

Дар рафти дидорбинӣ аз аҳволи мардуми осебдидаи ин маҳаллаҳо мушоҳида гардид, ки ҷавонмардони саховатпешша мардумро бо хуроки гарм таъмин намуда истодаанд. Аз ин хотир Раёсати Маркази исломӣ ба бародарони баору нанги кишвар муроҷиат намуда, даъват менамояд, ки дар ин рӯзи сахт бетараф набошанд ва ба мардуми минтақаҳои аз офати табии зарардидаи кишвар кӯмаки хешро дареғ надоранд.

Шайх Саъдии бузургвор дар ин маврид фармудааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар