Асосӣ Хабарҳо Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ

Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ

Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ
2017-06-24
5425

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.

Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом. Аввалан ҳамагонро бори дигар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, барои онҳо аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.

Пас аз қабули Муроҷиатномаи Шӯрои уламо роҷеъ ба идгардаки кӯдакон ва риояи одоби рӯзи ид аз ҷониби расонаи хабарии «АЗИЯ  Плюс» оиди ин мавзӯъ шарҳи  нодуруст баён гардидааст.

Бояд донист, ки мақсади Шӯрои уламо аз қабули ин муроҷиатнома манъи идгардаки кӯдакон набуда, балки беназорат намондани онҳо аз ҷониби волидонашон ва дар ин рӯзи шодию сурур бори гарон нашудан ва ташвиш  нарасонидан ба хонаводаҳои муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбу бемордошта мебошад.

Ҳадафи дигари муроҷиатнома ин аст, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, балки сарфаву сариштакорона ин амалро анҷом диҳанд.

Раёсати Шӯрои уламо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар