Асосӣ Хабарҳо Роҷеъ баромади Мирзозода Азизулло «Кўмак ба мактаб ба ҷои худоӣ»

Роҷеъ баромади Мирзозода Азизулло «Кўмак ба мактаб ба ҷои худоӣ»

Роҷеъ баромади Мирзозода Азизулло  «Кўмак ба мактаб ба ҷои худоӣ»
2018-02-13
50

Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зиндагии аҳолии Тоҷикистон рўз то рўз маҷрои навро ба худ қабул карда истодааст. Мардум ба ҷои хараҷотҳои дандоншикан, ки дар тую маъракаҳои азодорӣ анҷом медоданд, имрўз баҳри ободии хонаву дари худ ва таълими фарзандони худ, инчунин барои дастгирии ятимону камбизоатон сарф мекунанд.

         Мо бояд хуб бидонем, ки хайру эҳсон  кардан аз нигоҳи аҳли суннат ва ҷамоат манфиат барои мурдагон дорад. Садақа анвои гуногун дорад. Сирф таъом додан садақа нест, балки харидани ашьёҳои таълимӣ аз қабили дафтару қалам, китоб, дастгирии моддӣ барои толибилмони камбизоат аз ҷумлаи садақот ё “Худоӣ” мебошад. Ҳамаи анвои садақот вобаста ба нияти инсон вобаста аст. Масалан нафаре барои шод кардани арвоҳи волидайнаш мактаберо таъмир кунад, аз ин амали хайраш ба арвоҳи волидайнаш савоб мерасад ва хушнуд мешаванд. Зеро расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар амали хайр садақа аст”.

           Аз ин рў мо ба он андешаем, ки даъвати муовини Раиси Кумита Азизулло Мирзозода саривақтӣ буда, ба аркони шариат ягон мухолифате надорад ва боиси дастгири ҳамагон бояд бошад.

          Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:33
Пешин13:00
Аср16:11
Шом18:13
Хуфтан19:43
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар