Асосӣ Хабарҳо Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳаҷраванда

Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳаҷраванда

Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳаҷраванда
2018-04-01
1116

Раёсати фатвои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба поку беолоиш анҷом гирифтани фаризаи ҳаҷ ба шаҳрвандони кишвар чунин муроҷиат менамояд:

ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи Ислом буда дорои шароити хос мебошад. Аз ҷумлаи ин шароит тавоноӣ ва имконоти молии шахси ба ҳаҷраванда мебошад. Дини мубини Ислом дастур медиҳад, ки мусулмонон тамоми корҳо ва ибодатҳояшонро холисона анҷом диҳанд. Аз ин рў касоне, ки нияти сафари муборак доранд, бояд барои чунин сафари бузург маънаван омода бошанд. Ба худ савол диҳанд, ки оё барои адои ин амали муқаддас тайёранд? Зеро баъзеҳо ҳангоми адои маносики ҳаҷ аз ҷиҳати надоштани маърифати комил ба нуқсонҳо рў ба рў мешаванд. Пеш аз ҳама ихлосу эътиқод бояд дар ҷои аввал истад. Сипас, тағйири нафс, тавбаю истиғфор аз гуноҳҳои гузашта, соф кардани қарз, покии қалб барои ҳоҷиён зарур аст! Доштани зоду роҳила, яъне маблағи хароҷоти сафар аз шартҳои асосии ҳаҷ мебошад. Баъзеҳо бо қарз ё бо фурўхтани ашёи зарурии зиндагӣ ба мисли хонаву манзил ба ҳаҷ мераванд, дар ҳоле, ки мувофиқи аҳкоми шариат ба ин гуна ашхос ҳаҷ фарз намебошад ва шариати Ислом чунин шахсонро ба рафтан ба ҳаҷ бо чунин ҳолат мукаллаф намегардонад.

Саломатӣ низ барои иҷрои амали ҳаҷ хеле муҳим буда, бемороне, ки қудрати сафар надоранд, бар онҳо адои ин фариза воҷиб нест.

қобили зикр аст, ки ин фаризаи Илоҳӣ бар ҳар мусалмони мукааллаф ва дорои шароити молӣ дар умр як бор фарз аст ва такроран анҷом додани он аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ибодати нофила ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ба шаҳрвандоне, ки як бор ин фаризаи Илоҳиро ба ҷо овардаанд, муроҷиат мекунем, ки он маблағеро, ки барои адои такрории ин ибодати нофила омода кардаанд, дар амалҳои хайр ба мисли кўмак ба ятимону бепарасторон ва маъюбон, бунёд кардани бунгоҳҳои тиббӣ, баровардани об ва таъмири роҳҳои ҷамъиятӣ сарф кунанд, зеро ин амалҳо низ дар дини мубини Ислом савоби беандоза дошта, ба анҷомдиҳандаи он аҷру подоши бепоён мерасад.

Мо умеди онро дорем, ки шахсони ба ҳаҷраванда ин тавсияҳоро ба назар мегиранд ва дар рушду шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд.

Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:42
Пешин13:00
Аср16:37
Шом18:35
Хуфтан20:05
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар