Home News ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ НЎРОБОД

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ НЎРОБОД

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ НЎРОБОД
2024-07-15
883

    Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, бахшида ба соли 2024 - "Соли маърифати ҳуқуқӣ" рӯзи 12-уми июл дар ноҳияи Нуробод бо сокинону фаъолон дар мавзуи "Конститутсия - омили истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор шуд.

            

 Дар вохӯрии мазкур дар ҳайати гурўҳи корӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода низ шомил буданд.

        Дар суханронии худ Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қайд намуданд, ки саодати аслии ҳар як қавму миллат дар сарҷамъиву иттиҳод, ваҳдат ва ҳамдилии халқ аст. Шахсе, ки ба қонун, арзишҳои ахлоқиву имонӣ ва суннату одати неки гузаштагони хеш пойбанд аст ва рўҳу равон, андеша ва гуфтору рафтори худро бо зевари ақл меорояд, яқинан ба саодат хоҳад расид. Мавсуф дар идомаи суханронӣ аз нуктаҳои асосии мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, аз 9-уми марти соли ҷорӣ ёдоварӣ карда, масъалаҳои пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои амсоли инро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

More news

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More