Home News ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲУ САЛОҲ АСТ, НА ҚАТЛУ КУШТОР

ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲУ САЛОҲ АСТ, НА ҚАТЛУ КУШТОР

ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲУ САЛОҲ АСТ, НА ҚАТЛУ КУШТОР
2017-10-27
3456

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Банда мехоҳам назари худро нисбати мақолаи донишманди тоҷик Қамар  Нурулҳақов баён намоям. Албатта ин навишта дилхоҳ нафари ҷомеъаро ба таҳрик меорад, зеро ки муаллифи мақола ба тафсил ҳамаи нозукиҳои масъаларо аз таърихи пайдоиш то ҳадафҳои ниҳонии сиёсии мазҳаби шиъаи имомӣ баён кардааст.

Дар ин мақола яке аз масъалаҳое, ки бевосита ба ман таъсиргузор буд, ин ҳамон барнома ё ба қавли муаллиф консепсияи “инқилоби исломӣ” мебошад, ки мувофиқи он ислом дини “ҷанговарони наҷибу бошараф” унвон мешавад ва гӯё чунин “бошарафон” бояд исломро ҳифзу ҳимоя кунанд. 

Дарвоқеъ ин гуфтаҳо ба назари ҳар як инсоне, ки лоақал андаке аз таълимоти исломи асил огоҳ бошад, хеле аҷиб менамояд. Чунки Худованди азимушшаън сароҳатан дар Қуръони маҷид мефармояд, ки       “و الصلح خير” (ва сулҳ барои шумо беҳтар аст). Исломи воқеиву асил ҳаргиз ҷонибдори қатлу куштор ва ғорату тороҷ нест. Исломи Муҳаммадӣ таҳмилу зӯровариро бар касе раво намедонад, баръакс барои онҳое, ки ба чунин кирдор даст мезананд, азобу уқубатҳои дардноке ваъда шудааст.

Аммо аз ҳама ҷои таъаҷҷубаш ин аст, ки чунин барномаву таълимоти ҳадафмандонаву ғаразноки худро  бо қолабҳои “ваҳдати исломӣ ” таҳия карда,  онро “хости Худову Расул” унвон мекунанд.  

Исломе, ки мо медонем ва исломе, ки аз Пайғамбару асҳоб то пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам (р) ба мо расидааст, ҷавононро ба омӯзиши илму маърифат ва ахлоқи нек ҳидоят мекунад, на ба ҷангу ҷидоле, ки барномаи махсуси “инқилоби исломӣ” онро тақозо мекунад.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони азизи мо набояд ба чунин андешаҳои ботил, ки дар кишвари мо низ то солҳои наздик бо роҳи ҳизби шайтонии наҳзат  амалӣ мешуданд, дода шавад ва онҳоро зарур аст, ки мазҳаби аҷдодии худро нигаҳ доранд ва тибқи он амал кунанд.

Зайниддин Қарчиев,

Сархатиби ноҳияи Қубодиён

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More