ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲУ САЛОҲ АСТ, НА ҚАТЛУ КУШТОР
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.
Банда мехоҳам назари худро нисбати мақолаи донишманди тоҷик Қамар Нурулҳақов баён намоям. Албатта ин навишта дилхоҳ нафари ҷомеъаро ба таҳрик меорад, зеро ки муаллифи мақола ба тафсил ҳамаи нозукиҳои масъаларо аз таърихи пайдоиш то ҳадафҳои ниҳонии сиёсии мазҳаби шиъаи имомӣ баён кардааст.
Дар ин мақола яке аз масъалаҳое, ки бевосита ба ман таъсиргузор буд, ин ҳамон барнома ё ба қавли муаллиф консепсияи “инқилоби исломӣ” мебошад, ки мувофиқи он ислом дини “ҷанговарони наҷибу бошараф” унвон мешавад ва гӯё чунин “бошарафон” бояд исломро ҳифзу ҳимоя кунанд.
Дарвоқеъ ин гуфтаҳо ба назари ҳар як инсоне, ки лоақал андаке аз таълимоти исломи асил огоҳ бошад, хеле аҷиб менамояд. Чунки Худованди азимушшаън сароҳатан дар Қуръони маҷид мефармояд, ки “و الصلح خير” (ва сулҳ барои шумо беҳтар аст). Исломи воқеиву асил ҳаргиз ҷонибдори қатлу куштор ва ғорату тороҷ нест. Исломи Муҳаммадӣ таҳмилу зӯровариро бар касе раво намедонад, баръакс барои онҳое, ки ба чунин кирдор даст мезананд, азобу уқубатҳои дардноке ваъда шудааст.
Аммо аз ҳама ҷои таъаҷҷубаш ин аст, ки чунин барномаву таълимоти ҳадафмандонаву ғаразноки худро бо қолабҳои “ваҳдати исломӣ ” таҳия карда, онро “хости Худову Расул” унвон мекунанд.
Исломе, ки мо медонем ва исломе, ки аз Пайғамбару асҳоб то пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам (р) ба мо расидааст, ҷавононро ба омӯзиши илму маърифат ва ахлоқи нек ҳидоят мекунад, на ба ҷангу ҷидоле, ки барномаи махсуси “инқилоби исломӣ” онро тақозо мекунад.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони азизи мо набояд ба чунин андешаҳои ботил, ки дар кишвари мо низ то солҳои наздик бо роҳи ҳизби шайтонии наҳзат амалӣ мешуданд, дода шавад ва онҳоро зарур аст, ки мазҳаби аҷдодии худро нигаҳ доранд ва тибқи он амал кунанд.
Зайниддин Қарчиев,
Сархатиби ноҳияи Қубодиён
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар