ГУЗАШТАН АЗ ЯК МАЗҲАБ БА МАЗҲАБИ ДИГАР ГУМРОҲИСТ!
Шукронаи оромӣ ва фозои ҳамдигарфаҳмӣ, ки Худованди таборак ва таъоло бандагони худро ба сӯи иродаи қавӣ ва роҳи рост ҳидоят карда, аз дурӯягӣ ва заъфи имон наҳй кардааст. Вале мутаассифона баъзе аз афрод дар мисоли Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, мулаққаб бо Эшони Қиёмиддин каломи Худовандро нодида мегиранд ва аз як ақида ба сӯи ақидаи дигар ва аз як мазҳаб ба сӯи мазҳаби дигар аспи ҳавову ҳаваси худро медавонанд, ки ин омил ба гумроҳии худи онҳо боис мешавад. Зеро Аллоҳ таъоло фармудааст: Дар миёни ину он дудилаанд, на ба сӯи инонанд ва на ба сӯи онон. Ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳе наёбӣ (сураи Нисо, ояти 143).
Аз ин оят бармеояад ки дудилагию дурӯягӣ сабаби гумроҳии абадӣ мешавад ва инчунин ҷомеае, ки бо меҳнатҳои зиёд ва ранҷҳои гарон барои ин мардум аз ҷониби Худованд тавасути хизматҳои родмардони ин марзу бум, хусусан тавассути хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъом шуд, таъсири манфӣ мерасонад.
Аслан мусалмон бояд аз вазъи ҷомеа ва ҷаҳон хуб бохабар бошад ва сабабгори нооромии ҷомеа ва фитнаву даргириҳо набошад ва аз неьматҳои бадастомада шукургузор бошад ва илло муъотаб ва муохаза хохад шуд.
Амир Баҳодуров,
имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тиллои сафед”-и ш. Ваҳдат
More news
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


