Кўмак ба ятимону камбизоатон ва пиронсолон
Дар партави дастуроти Пешвои миллат доир ба расонидани кўмак ба ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа роҳбарияти Маркази исломӣ ва масъулони масҷиди марказии ба номи “Ҳоҷӣ Яъқуб” дар даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон аз ҳисоби садақаи фитр ба ятимону камбизоатон ва пиронсолони маҳаллаи Шодмонӣ кўмаки хайрия тақдим намуданд. Тақсими хайрияро ҳайати комиссия иборат аз имомхатиб, раиси маҳалла ва шахсони барўманди маҳалла назорат намуданд. Аҳли маҳалла аз ин амали хайрхоҳонаи роҳбарияти Маркази исломӣ ва масҷиди марказӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, шукронаи онро намуданд, ки дар кишвари ободу осуда зиндагӣ ба сар мебаранд.
Инчунин роҳбарияти Маркази исломӣ ба тарбиятгирандагони мактабинтернати ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рўдакӣ дар арафаи иди саиди Рамазон кӯмаки хайриявӣ аз қабили маводи хӯрока тақдим намуданд.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


