Главная Статьи ДАЪВАТЕ БА ҶАВОНОН. АЗ ДАСИСАҲОИ “ГУРӮҲИ 24” БАРҲАЗАР БОШЕД!

ДАЪВАТЕ БА ҶАВОНОН. АЗ ДАСИСАҲОИ “ГУРӮҲИ 24” БАРҲАЗАР БОШЕД!

ДАЪВАТЕ БА ҶАВОНОН. АЗ ДАСИСАҲОИ “ГУРӮҲИ 24” БАРҲАЗАР БОШЕД!
2019-10-16
2538

Масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имом Бухорӣ дар шаҳри Гулистон имрӯз фаъолияти худро дар тарбияи худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа, бахсус намозгузорон ба роҳ монда, дар намозҳои панҷвақта ва рӯзҳои ҷумъа  мардумро ба қадршиносӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ даъват менамояд.

Албатта ба  шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвари азизамон- Тоҷикистон сулҳу ваҳдат таъмин аст.
Мо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра дастгирӣ карда,
барои боз ҳам тинҷу ором шудани кишварамон саъю талош меварзем ва дигарбора ба бесару сомониҳо роҳ нахоҳем дод.
Мутаассифона, имрӯз як гурӯҳи ифротии манфиатҷӯе бо номи "Гурӯҳи-24"  дар сомонаҳои интернетӣ аз хориҷ ба фитнагариву иғвоангезӣ машғул шуда, нисбат ба Ватани худ хиёнатро пеша кардааст.
Мо чунин рафтори бехирадонаро маҳкум намуда, аз ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки аз гуфторҳои беасосу бемаънӣ ва аз тафриқаандозиҳои чунин гурӯҳҳои худхонда худдорӣ намоянд.

Муҳаммадҷон Усмонов,

сархатиби масҷиди марказии шаҳри
Гулистон

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее