АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: “МАН ДУРНАМОРО БАҲО МЕДИҲАМ, НАҲЗАТИЁН РАҲНАМОРО...”
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик ва узви ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи САҲА ба вокунишҳои пайравони ТЭТ ҲНИ дар робата ба мусоҳибаи анҷомдодаи ӯ бо хабарнигори АМИТ “Ховар” посух гуфт. Айни посухи Абдуллоҳои Раҳнаморо дар зер меорем:
“Заифии фикрии мухолифин худ хатари бузург аст..
Салом, дӯстони азиз,
Ман дар тӯли 4-5 соли охир дар бораи гурӯҳҳои мухолифини имрӯзаи давлат чизе дар расонаҳо нанавишта будам.
Пеш аз конфронси Варшава, ки ба он мерафтем, дар бораи сафар, мақсади ҳайати ҳукумат, зарфияти афроди мухолиф ва имконнопазирии музокираи давлат бо онҳо бо Ховар сӯҳбати маъмулӣ доштам.
Инак чанд рӯз аст, ки шабу рӯз "мухолифон" бо асабият ҷавобгӯию ҷавобнависӣ мекунанд. Дар тамоми шабакаҳо. Гуё ҳар кас алоҳида, саҳми худро мегузорад.
Муҳимтарин нуктаи ин мусоҳибаи банда, ки писанди мухолифину норозиён наомадааст, ин будааст, ки "зарфияти мухолифин заиф аст". Бале, ман чунин гуфтам, чун назарам ин аст.
Аммо, ҷолиб аст, ки маҷмӯи садҳо ҷавобҳои онҳо ва ҷонибдоронашон ин тезисро ба таври ниҳоӣ исбот намуд. Зеро ягон нафари онҳо ба худи андеша, ба худи тезис, ба худи мазмуни мусоҳиба ягон хел ҷавоб намедиҳанд. Зеро ҷавоб нест!
Ҳеҷ касе аз ҷавобдиҳандаҳо исбот намекунад, ки не, ин фикри гӯянда саҳеҳ нест, балки дар асл бо фалон далелҳо мухолифин зарфияти қавӣ доранд.
Ба ҷои ин, ҳамаи 99% ҷавобҳо дар бораи шахсияти муаллиф, шогирди ки будан, фақир ё ғанӣ будани муаллиф, муносибати ман бо ин ё он шахс, мансаб доштан ё надоштан, мактаб доштан ё надоштани ман, тарсу е нотарс будан, сабабҳои эҳтимолии нашри ин мусоҳиба ва ғайра мебошанд. Асосан, таҳқиру таҳдиду гумону дуруғ... Дурӯғҳои комил, бехабарии комил аз вазияти ман..
АММО, Фарқи ману ҷавобдиҳандагон чист? Диққат фармоед, ин муҳимтарин фарқияти маводи банда аз ин ҷавобҳо мебошад:
Ман падидаро баррасӣ мекунам, онҳо гӯяндаро баррасӣ мекунанд, ман вазъиятро таҳлил мекунам, онҳо шахсиятро таҳлил мекунанд, ман равандро тафсир мекунам, онҳо шахсро таҳқир мекунанд, ман дурнаморо баҳо медиҳам, онҳо Раҳнаморо баҳо медиҳанд. Бинобар ин, ҳамин ҳолат муҳимтарин нишондиҳандаи заифии комил ва холигии фикрии ин муаллифон, яъне аъзою ҷонибдорони мухолифон аст.
Агар бори дигар ба мусоҳиба нигаред, дар он мусоҳиба номи ягон шахси Шумо, зикри шахсияту зиндагию пулу тарҷумаи ҳоли ягон шахсу гурӯҳ нест. Ман ба ин сатҳ фуруд намеоям. Аммо дар ҷавобҳо ба ҷуз таҳлили худи муаллиф, чизе нест. Онҳо аз ин сатҳ намебароянд.
Бигзор ман чун одам ҳазор айбу камбуд дошта бошам, аммо Шумо ба моҳияти масъала баргашта, инро нишон диҳед, ки оё фикрҳои дар мусоҳиба гуфташуда дуруст буданд ё дуруст набуданд? Имруз ин муҳимтар мебуд.
Хулоса, дар назари аввал, метавон хурсанд шуд, ки тамоми фарзияҳои мусоҳиба рост баромад, аммо, не, ҳаргиз хурсанд нестам, балки ростӣ хеле ғамгину дилгирам, ки чунин аҷрод ва гуруҳҳои камзарфияте даъвои сиёсату қудрат кунад, муаллифони чунин ҷавобҳо даъвои сиёсат ва қудрат дар ватани мо кунанд.
Новобаста ба идеяву барномаашон, ки баҳси дигар аст, худи ҳамин фарҳанги хоми сиёсӣ ва худи ҳамин андешаи заиф барои имрӯзу фардои кишвар хатар аст.... Хатаре бузург.
Ба Худо, самимона мегӯям, ба қавли устод С.А.Нурӣ "изо кашидан даркор, ба мардум раҳм кардан даркор". Зеро бо чунин сатҳ, ки дар ҷавобҳои гуногун ифода шудааст, даъвои сиёсати бузург кардан бераҳмӣ дар ҳаққи мардуми ҷафодидаи Тоҷикистон аст.....
Шояд таваҷҷуҳ ба ин нуктаи муҳим ҳам барои афроди мухолифи давлат ва ҳам барои ҷомеа муфид бошад.
Саломат бошед”.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар