Асосӣ Мақолаҳо ЧАНД АНДЕША ДОИР БА НИШАСТИ НАВБАТИИ САҲА

ЧАНД АНДЕША ДОИР БА НИШАСТИ НАВБАТИИ САҲА

ЧАНД АНДЕША ДОИР БА НИШАСТИ НАВБАТИИ САҲА
2019-09-20
2294

Имрӯзҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон шаҳри Варшава нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) баргузор гардида истодааст. Аз расонаҳо хабардор шудем, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон имсол аз афроди босалоҳият ва соҳибназар дар соҳаҳои худ ташкил шудааст ва Худо хоста бошад, мавқеи кишвари азизамонро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд.

Ҳайати босалоҳиятро дида, боз мухолифин бо сардории Кабирӣ бо чанд шахси норозӣ, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо мисли рӯбоҳ бо чанд ҳилаву найранг дар назди хоҷагони хориҷии худ дум лаконда мегарданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дур истода боз шарм накарда ба сари мардуми кишвар ва роҳбарияти он санги маломат партофта истодаанд ва фазои мухолифат месозанд. Чунки ин носипосон тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати Тоҷикистон машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад. Албатта барои ин тӯдаи ба ном мухолиф хуб мебуд, саргардонии беҳударо бас кунанд, бар зидди давлату миллати худ баромад накунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд. Садҳо нафар аз ҳамсафонашон бо ихтиёри худ баргаштанд ва ҳоло дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ доранд. Ватан ободу озоду шукуфон аст, дигар ба осоиштагии он халал эҷод накунанд, мо як бор ин роҳро тай кардем…

Ҳақ бар ҷониби коршинос Абдуллоҳи Раҳнамост, ки дар мусоҳибаи ахири худ иброз намудааст: “иқтидори афроди «мухолиф» бисёр заиф ва маҳдуд аст. Шояд пуштибононашон қавӣ ҳастанд, аммо зарфияти худашон маҳдуд аст. 90 дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст. Ин нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст. Мисли он аст, ки шамъ хомӯш шудаасту дудаш чашмҳоро месӯзонад”.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар