Асосӣ Мақолаҳо ИШТИРОКИ НАҲЗАТИҲО ДАР САҲА ЧИЗЕРО ИВАЗ НАМЕКУНАД

ИШТИРОКИ НАҲЗАТИҲО ДАР САҲА ЧИЗЕРО ИВАЗ НАМЕКУНАД

ИШТИРОКИ НАҲЗАТИҲО ДАР САҲА ЧИЗЕРО ИВАЗ НАМЕКУНАД
2019-09-27
1840

Ҳизби ба ном исломии наҳзат дар тӯли фаъолияташ (нахуст ҳамчун ҳаракат ва баъдан ҳамчун ҳизб) коре анҷом надодааст, ки номбардори номи миллати тоҷик бошаду аз барномаҳои ҳизбиву натоиҷи амалкарди онҳо мардуми тоҷик, ҳамватанону бародарон ва хоҳарони мусулмонашон ба оромишу осоиштагӣ расида бошанд. Воқеият ин аст, ки самараи фаъолияти ин ҳизби аз номи ислом баромадкунанда ба ҷуз ҷангу ҷидол, қатлу куштор, харобиву вайронӣ ва бадномии халқу миллат чизи дигар набудааст, ки таърих аз он ба некӣ ёд кунад ва маълум аст, ки наҳзатиҳо ва ҳаводорону ҳавохоҳонашон дар радди ин гуфтаҳо далеле пешкаш карда наметавонанд. Ба ҳар ҳол, метавон баъзе мисолҳоро аз номаи аъмоли ин ҳизб дар ин мақола рақамчинӣ кард. Мувофиқи маълумоти мавҷуда аз рӯзи сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо майдонсозиҳову шиорпардозиҳои «ҷиҳод»-у «барпо намудани давлати исломӣ» шурӯъ шуда буд, то ибтидои соли 1995 аз тарси ҷон зиёда аз як миллион сокини кишвар бо аҳли оилаи худ ба гурезагон табдил ёфта буданд. Зарари моддии умумии аз ин ҷанг баборомада тақрибан 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, тақрибан 150 ҳазор сокини ҷавони кишвар ба ҳалокат расид ва тақрибан 50 ҳазор кӯдак ятиму бепарастор ва 20 ҳазор зан бешавҳар монд. Инчунин, дар баробари талафоти зиёди ҷонӣ бисёр хонаву мактаб, пулу роҳҳо ва заводу фабрикаҳо вайрон гардида, қисми бештари намудҳои техника, чорвои ҷамъиятӣ ғорат шуданд ва зиёда аз ҳазор деҳа хароб гардида, чандин ҳазор гектар замини корам аз кор баромад.

Эътирофоти намояндагони аршад ва маъруфи ин ҳизб монанди Мавлавӣ Айёмиддин, Мулло Абдурраҳим ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мустанад зери унвонҳои «Решаҳои ноаён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» тариқи телевизионҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, бозгӯи гуфтаҳои болоанд. Аз «қаҳрамонӣ»-ҳои чанд соли ахири ҳизби ба ном исломии наҳзат метавон аз амалиётҳои террористие, ки барои аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон бо ҳамдастии Ҳоҷӣ Ҳалим барномарезӣ шуда буданд, ёд кард. Хушбахтона, дар амалӣ намудани ин кори нангин наҳзатиҳои хоин, дақиқтараш кабириҳо ба нокомӣ мувоҷеҳ гардиданд. Баъдан, наҳзатиҳо моҳи июли соли 2018 ба сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи ноҷавонмардона карда, чор сайёҳи хориҷиро куштанд ва ду нафарашонро захмӣ карданд. Онҳо бо ин амалашон номи миллати тоҷикро доғдор карданӣ шуда, сиёсати хориҷии давлатамонро зери суол бурданӣ шуданд. Хушбахтона, ин дафъа низ кабириҳо ба ҳадафи нопокашон расида натавонистанд. Чунки ҳам халқи тоҷик ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақа, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии давлат, дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон чӣ ҷонбозиҳое кардаанд ва барои ташаббусоту иқдомоти наҷибашон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи гуногуни ҷаҳонӣ сарфароз гардидаанд. Наҳзатиҳо баъди ҷиноят ва хиёнатҳояшон нисбат ба халқу давлати тоҷик ба лонаҳои хоҷагони хеш паноҳанда шуданд ва дар хориҷ ба нақшакашиву тарҳрезии хоинонаи хеш идома доданд.

Ногуфта намонад, ки яке аз вижагиҳои ҳизби террористӣ-экстремистии ба ном исломии наҳзат зоҳири буқаламунӣ доштани он аст, ки бо симои ташайюъӣ зоҳир гашта, аз номи дигар ҳаракатҳои террористии исломӣ монанди «Ансоруллоҳ», «ДИИШ» ва ғайра низ баромад кардааст. Аз сабабе ки равишҳои аз номи дини ислом баромад кардан дигар куҳна шудааст, ҳизби мамнуи ба ном исломии наҳзат ин дафъа бо номи «Паймони миллии тоҷикон» зоҳир гашт. Мутаассифона, дар ташкили эътилофи кабириҳои хоин ва ҳаммаслаконаш зери созмони наве бо номи «Паймони миллии тоҷикон» Созмони амният ва ҳамкории Аврупо  (OSCE) мусоидат мекунад. САҲА рӯзи 9-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти Полша, шаҳри Варшава эътилофи хоинони миллат, наҳзатиҳо ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнуашон – Ҳизби наҳзати исломро бо дигар ҳаммаслаконаш монанди Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказиро зери созмони наве бо номи «Паймони миллии тоҷикон»  эълом дошт. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти комилҳуқуқи САҲА 26.02.1992 пазируфта шуда, 17.02.1994 дар Тоҷикистон намояндагии САҲА ифтитоҳ ёфт ва намояндагии Тоҷикистон дар САҲА бошад, соли 1996 таъсис гаштааст. Аммо боиси таассуф аст, ки чунин созмони бонуфузе монанди САҲА, ки масоили амниятӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупоро роҳандозӣ мекунад, аз духӯрагӣ дар сиёсат кор мегиранд ва дар роҳ додани аҳзоби террористие монанди Ҳизби наҳзати ислом ба ҷаласаҳои худ ва тавсеаи фаъолияти онҳо мусоидат мекунад. Дар мавриди мазкур Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: «Истифодаи сиёсати «меъёрҳои дугона» яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад. Бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд. Дар натиҷа, терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд. Ин таҳдидҳо хатари аз байн рафтани кишварҳоро ба миён оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон ва харобиву хисороти бемисл гардидаанд. Ҳамчунин, мавриди нигаронист, ки дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарзоро касб кардааст. Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Дар иртибот ба ин, ман борҳо изҳор доштаам ва боз ҳам таъкид карданиам, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад».

Ба ҳар ҳол иштироки наҳзатиҳои хоин ва ҳаммаслаконашон дар минбари САҲА ва ҷаласаҳои он чизеро иваз намекунад, хиёнату ҷиноятҳои онҳо аз сафаҳоти таърих шуста намешаванд ва онҳо азизу маҳбуби халқу миллати тоҷик намегарданд. Ҳарчанд морон эътилоф кунанду Заҳҳок (аждаҳо) шаванд ҳам, миллати бонангу номуси тоҷик Коваҳое дорад, ки чунин заҳҳокону аждарҳоро аз беху бун бармекананд. Бо «паймони миллӣ» гуфта эътилоф бастани чор авбоши беадаб паймони миллии 9 миллион тоҷики қавиирода гусаста намегардад. Иштироки наҳзатиҳои хоин дар ҷаласаи САҲА чизеро иваз намекунад... Хоин хоин мемонаду мақбулу пазируфтаи мардуми шарифи тоҷик намегардад! Ҳеҷ гоҳ!..

Имомиддин Солиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ»-и н. Шаҳринав

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар