Асосӣ Мақолаҳо ДУШМАНӢ ОҚИБАТИ ФОҶИАБОР ДОРАД…

ДУШМАНӢ ОҚИБАТИ ФОҶИАБОР ДОРАД…

ДУШМАНӢ ОҚИБАТИ ФОҶИАБОР ДОРАД…
2019-10-15
1988

Чанд муддатест, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъзан вазъият ноором гашта, неруҳои муайяне аз ҷониби қирғизҳо мунтазам иғво бармеангезанд. Ҷониби Тоҷикистон борҳо пешниҳод намуд, ки ҳама гуна ихтилофоти марзӣ ва баҳсу мунозироти марбут ба қазияи дурустиву нодурустии хатти сарҳад аз тариқи созмон додани комиссияи махсус бо иштироки мақомоти салоҳиятдори ҳарду тараф ҳал карда шавад. Бо ин мақсад чандин маротиба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар хатти марз буданд ва гуфтугӯҳо низ анҷом доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус дар ин масъала бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрию мулоқоти лозимро анҷом доданд.

Аммо пайиҳам ба амал омадани ҷанҷолу пархош ва ҳатто бо одамкушӣ анҷомидани баъзе рухдодҳо касро ба андешае меорад, ки ин вазъият ё аз ҷониби дасти сеюми манфиатдор идора мешавад, ё ҷониби Қирғизистон наметавонад ва ё намехоҳад мардуми наздисарҳадиашро ҷиҳати паст кардани шиддати вазъият моил намояд.

Аҷаб он аст, ки сокинони назди сарҳад аз ҷониби Қирғизистон бо як нафрату бадбинии ба худашон хос намехоҳанд, ки он ҳақиқатро, ки мардуми Ворух бояд роҳи ҳаётан муҳим ва чарогоҳи зарур барои чорвояшон дошта бошанд, эътироф кунанд. Онҳо ҳамвора илоҷе меҷӯянд, ки ба сокинони Ворух аз ҳар ҷиҳат зарар расонанд, онҳоро аз роҳ, аз робита бо гӯшаҳои дигари ватанашон ҷудо кунанд.

Аллакай дар натиҷаи ихтилофи сарзада одам кушта шуд, чандин нафар захм бардоштанд, ҷароҳат гирифтанд. Ин гуна мухолифат метавонад оқибати баде дошта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки дини мубини Ислом нисбат ба эҳтироми ҳамсоядорӣ таъкидҳои зиёде дорад. Аз ҷумла Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармудаанд: «Он ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, бояд ҳамсояашро озор надиҳад».

Инчунин фармуданд: «Ба Худо муъмин шумурда намешавад. Ба Худо муъмин шумурда намешавад. Саҳобагон пурсиданд, чи касе, эй Расули Худо? Фармуданд: Касе, ки ҳамсояааш аз бадии ӯ дар амон набошад».

Аз ин рӯ, чораи асосӣ ин аст, ки аз ақли солим кор гирифта шавад: мардумони ду кишвар асрҳо паҳлуи ҳам зиста, таҷрибаи неки ҳамсоягию дӯстӣ доранд, бояд ин зарфияти лозимиро истифода кард.

Ҳамчунин, аз миёни сокинони наздисарҳадӣ онҳоеро бояд фош кард, ки барои идомаи муноқишаҳо манфиат доранд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар