ҲАМСОЯГӢ ДАР ИСЛОМ
Дини муқаддаси Ислом ба хотири ҳифзи одамон тамоми дарҳои ҷабру ситамро бастааст ва пайравони худро ба сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ, садоқат ва доштани равобити ҳасанаи фардӣ ва иҷтимоӣ одат медиҳад, то ҳеҷ кас бо доштани неруи имонӣ натавонад ҳаққи ҳамсояро поймол намояд.
Ҳаққи ҳамсоя чунон зиёд аст, ки Расули Худо (с) мефармоянд: Ҳазрати Ҷабраил он қадар зиёд дар ҳаққи ҳамсоя ба ман супориш кард, ки гумон кардам, ба зудӣ ҳаққи мерос бурдани ҳамсояро низ эълон менамояд.
Паёмбари акрам (с) то онҷо дар бораи ҳуқуқи ҳамсоягон таъкид мекунад, ки нодида гирифтани ин ҳуқуқро баробар бо хориҷ гардидан аз ҳавзаи имон мешуморад.
Аз ҳазрати Абӯҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: Ба худо қасам имон надорад, ба худо қасам имон надорад, ба худо қасам имон надорад. Саҳоба пурсиданд, чӣ касе, эй паёмбари худо? Паёмбар (с) фармудаанд: Касе ки ҳамсояаш аз бадии ӯ дар амон набошад.
Азият ва озор мафҳуми кулл аст, ки муҳимтарини он иборат аст аз дуздӣ, ҷосусӣ, туҳмат, ғайбат, қатл, суханчинӣ, дашном, масхара ва ҳар он чӣ ки мӯъҷиби азият ва нороҳатии ҳамсоя гардад.
Солҳои зиёд аст, ки халқи тоҷик ва қирғиз бо ҳам дӯсту бародаранд, ҳатто дар бахзе минтақаҳо хешу таборӣ доранд. Мо бояд ҳамаи ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу ғайратро ба он равона кунем, ки ин меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқати байни миллатҳо қатъ нагардад. Шукри Худованд, ки имрӯзҳо марзу буми ин ду кишвар тинҷу ором аст ва инро мо бояд қадр карда тавонем, зеро ки тинҷиву оромии марзу буми ин ду кишвар барои халқи кишвари азизамон ва инчунин барои халқи кишвари Қирғизистон низ муҳим ва сабаби хушбахтӣ аст.
И.Камолов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи «Хоҷамуҳаммад»-и ҷ.Ҳ.Усмонови
н.Б.Ғафуров
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар