Асосӣ Мақолаҳо ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…
2019-12-13
1906

Мубориза бо ифротгароии динию мазҳабӣ раванди басо нозук ва ҳассос аст. Барои безарар кардани як ифротгаро ҳуҷраи маҳбас кифоят аст, аммо барои ифротгаро нашудани як нафар тамоми қувваи давлат: оила, мактаб, маориф, воситаҳои ахбори омма, масҷид, коргоҳ, неруи ҳарбӣ, тасмимҳои амниятӣ ва ғайра зарур мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пайваста пайи ҷустуҷӯйи роҳу усули самараноки мубориза бо ифротгароӣ талош меварзад, ба истифодаи шеваи дуюм, яъне бунёди мактабу рушди маориф  авлавият медиҳад.   Сиёсати давлат ба он равона шудааст, ки дину маориф созандаи ҳам бошанд, на хилофи  манфиатҳои умумии давлат ва миллат. Ба истилоҳи дигар, маорифе, ки ҷомеаро аз ифротгароӣ раҳо бибахшад ва диндорие, ки ба ифротгароӣ набарад.

Тоҷикистон тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи чунин шеваи сиёсатгузорӣ ба чанд дастовардҳо ноил гардид, ки қадам ба қадам иқтидори мамлакатро дар ростои мубориза бо ифротгароӣ боз ҳам пурзӯр намуд ва тамоюли тезутунди ба доми ифротгароён афтодани шаҳрвандонро коҳиш дод. 

ЯКУМ, таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дастоварди бунёдии  мамлакат дар самти мубориза бо ифротгароӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Дар Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.

ДУЮМтарҷума ва ба ҳуруфи кириллӣ баргардон намудани китобҳои гаронарзиши динӣ. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чанд маротиба китоби Қуръон, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи ал-Бухорӣ», “Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ” ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ баргардон ва нашр гардиданд, ки мақсад аз он таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба омӯзиш ва дарки моҳияти амиқи дини ислом ва аз байн бурдани хурофоти динию мазҳабӣ миёни аҳолӣ мебошад.

Ибтидои солҳои 2000-ум  адабиёти динии зиёде ба мамлакат ворид мегардид, ки гӯё “хонандаро аз ислом бохабар мекард”, вале дар асл мазҳабу равияҳои гуногунро пардапӯшона миёни аҳолӣ тарғиб менамуд. Аз ин рӯ, дар он марҳила бо китобҳои асл аз асли дин бохабар кардани омма амали шоиста ва таърихӣ ба шумор мерафт. Имрӯз сокинон имкон доранд, ки ин китобҳоро бевосита мутолиа намуда, мазмуну муҳтавои онҳоро дарк намоянд ва фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои мазҳабӣ нашаванд.

Ташаббуси мазкур, ба такомули фарҳанги динӣ ва таҳаммулгароии динӣ миёни аҳолӣ мусоидат намуд.

 СЕЮМманъи фаъолияти ҷараёни “Салафия” ва ба қатори ташкилоти ифротӣ ворид кардани он. Тибқи қарори Суди олӣ  аз 8 январи соли 2009 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои низои миллӣ, нажодӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ фаъолияти равияи динии “Салафия” дар қаламрави Тоҷикистон манъ ва декабри соли 2014 ин гурӯҳ ба қатори ҳаракатҳои ифротӣ шомил карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти ин равияи ихтилофбарангез, ки ҳадафаш “аз номи ислом бар зидди ислом” аст, дарвоқеъ, ба ҷудоиандозӣ миёни мусулмонон равона шуда, фазои динии давлатро ба буҳрон кашида буд. Салафиён худро пайрави аслии Қуръон ва Ҳадис унвон карда, нисбат ба мазҳабҳои дигар нигоҳу рафтори таҳаммулнопазири худро нишон доданд. Хусусан, ихтилофу тафриқаандозии пайравони “Салафия” дар масҷидҳо ва боби тарзи ибодоти мардум бештар аз худ дарак доданд. Ҳатто ин ихтилоф дар сатҳи оилаҳо низ зуҳур кард ва миёни волидайну фарзандони ба салафия гаравида ҷудоӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон худ аз худ пайдо нашуда, балки дар заминаи дарки хавфи бузург ба  ҷомеа  роҳандозӣ шудааст. Шурӯъ аз он замон ҳар нафаре, ки ба ин ҷараён мепайвандад ва ба нашру паҳн намудани адабиёти марбут ба он машғул мегардад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Албатта, пеш аз манъи “Салафия” ва баъд низ чандин гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо ба қатори  созмонҳои  террористию экстремистӣ шомил карда шуданд, вале “Салафия” дар ин миён таҳдиду хатари бештар эҷод намуда, баъди ба ҷавобгарӣ кашидани мубаллиғонаш фаъолияти худро  ба  миёни муҳоҷирони корӣ интиқол дод. Пешгирӣ шудани чунин ҳаракатҳо омили таъмини амну субот дар мамлакат мебошад, зеро мавҷудияти чунин ҳизбҳои ифротгаро мувозинати ақидатию идеологиро метавонад вайрон карда, заминаро барои ихтилофи оянда, аз ҷумла ихтилофи иҷтимоию сиёсӣ дар мамлакат фароҳам созад.

Бинобар ин, манъи “Салафия” қадами басо муҳим дар самти пешгирии ихтилофу ифрот дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

ЧОРУМ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардидани соли 2009 ва таҷлили 1310-солагии муассиси мазҳаби ҳанафии дини ислом Имом Абӯҳанифа. Бо дарназардошти хизматҳои таърихии ин мураббии маънавии халқ Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардад ва 1310-солагии ин шахсияти барҷаста таҷлил карда шавад.

Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус аз байн бурдани ихтилофоти динӣ дар ҷомеа буд, зеро он замон дар мамлакат равияҳои тундрави бунёдгароёна пайдо шуданд, ки исломро ба мардум ҷудо аз арзишҳои миллӣ маънидод намуда, бо ин роҳ мехостанд кинаву адовати динӣ ва низои миллиро дар ҷомеа ба вуҷуд оваранд.

Гурӯҳҳои гуногун ба дини ислом ҳамчун сипар хусусияти сиёсӣ бахшида, баҳри расидан ба ҳадафҳои  нопоки худ даст ба ифротгароӣ мезаданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат боисрор таъкид намуданд, ки “барои мо – тоҷикон шинохти чунин шахсияти камназир дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва инкишофи андешаи миллӣ аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва байналмилалӣ дорад. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон, аз ҷумла  бунёдгузори бонуфузтарин мазҳаб дар дини ислом, фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост”.

Ин ташаббус ва чунин мавқеи устувори давлатӣ ба ихтилофи динӣ дар мамлакат нуқтаи бузург гузошт. Дар ҳошияи иқдоми мазкур Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо»-ро баргузор кард, ки дар он аз 49 давлати дунё муҳаққиқон иштирок намуда, даҳҳо асарҳои арзишманд таҳия, нашр ва мавриди дастрасии омма қарор дода шуданд.

Ин, воқеан,  қадами басо дурандешона дар самти мубориза бо ифротгароӣ дар ҷумҳурӣ буд.

ПАНҶУМ, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамуданд. Солҳои қабл бисёре аз волидайн бо умеди додани маълумоти хуби динӣ ба фарзандони худ онҳоро бо роҳҳои гуногун ба мадрасаҳои хориҷӣ ва дигар марказҳои таълимии исломӣ мефиристоданд. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо, наврасони бепарастор на барои мулло шудан, балки дар роҳи терроризм ва экстремизми динӣ таҳсил намуда, огоҳона ва ё ноогоҳона шомили равияҳои гуногуни ифротӣ шуданд. Ҳатто равияи “Салафия” низ,  тибқи сарчашмаҳо, соли 1998 дар пояи таъсири ҳамин нафароне ба вуҷуд омад, ки дар хориҷи мамлакат таҳсили илмии динӣ гирифта буданд. Ҷавонони тоҷик як зумра мактабҳои мазҳабии кишварҳои исломиро хатм карда, омада, бо рӯҳонияти суннатӣ дар вокуниш қарор гирифтанд. Ҳукумати мамлакат сари вақт ин воқеият ва паёмади онро дарк намуд ва 20 декабри соли 2010 дар машварати васеи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала қарори  дахлдор  қабул карда шуд. Шурӯъ аз соли 2010 аз мамлакатҳои Миср, Покистон, Яман, Либия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва ғайра донишҷӯёне, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргаронида шуданд. То ин дам аз қаламрави кишварҳои болозикр, ки 3 ҳазору 694 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таълими мазҳабӣ мегирифтанд, беш аз 3 ҳазор донишҷӯ ба ватан баргардонида шуданд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, то давраи соли 2018 шумораи шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат таҳсили ғайриқонунии динӣ мекунанд, 289 нафарро ташкил медиҳанд, ки онҳо низ тадриҷан ба ватан бозгардонида мешаванд.

Ҳамзамон моҳи майи соли 2011 Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон» тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки тибқи он шахсоне, ки дар хориҷа таълимоти динӣ  гирифтан мехоҳанд, бояд ҳатман розигии мақомоти дахлдор — Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати мамлакатро гиранд.

Пеш аз додани иҷозат барои омӯзиши дин дар хориҷи мамлакат, мақомоти давлатӣ тавассути намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар бораи донишгоҳ маълумотро оид ба доштан ё надоштани  иҷозатномаи расмӣ, ҷараёни таълим дар донишгоҳ ва дар доираи кадом фанҳо таҳсил намудани донишҷӯйи оянда ва ғайра ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин амал барои он зарур аст, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои хориҷии исломӣ ба   гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ворид нашаванд.

Бо ин роҳ дарвозаи бузург ба рӯйи вуруди селаи ифротгароён ба ҷумҳурӣ баста шуд.

ШАШУМ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, ифротӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Маҳз бо ин мақсад  ва як қатор ҳадафҳои дигари инкишофи таълиму тарбия миёни наврасон ва ҷавонони мамлакат 2 августи соли  2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккул додани рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандории онҳо боз ҳам баланд мебардорад.

Дар моддаи 8-уми қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар  дар тарбияи фарзанд дарҷ шудаанд. Онҳо падару модаронро ҷиҳати пешгирии насли наврас дар даст задан ба ҳар гуна амалҳое, ки ба ифротгароӣ оварда мерасонанд, ҳушдор медиҳанд. Ҳамчунин дар моддаи 9 уҳдадориҳои падару модар  дар таълими фарзанд муқаррар шудаанд, ки тибқи он “ҷалби фарзанд барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда”  ва “таълими фарзанд дар хориҷи кишвар бе ризояти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ” манъ карда мешавад. Барои риоя накардани ин банди қонун ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Механизми мазкур низ таҷрибаи хубе дар самти пешгирии ифротгароӣ дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи қонуни мазкур масъулияти  волидайнро дар самти тарбия ва таълими фарзандонашон, пешгирӣ аз шомил шудан ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро боз ҳам тақвият дод.

ҲАФТУМ, баргардонидани ифротгароён аз кишварҳои ҷангзада ва афв намудани онҳо. Даҳсолаи охир аз лиҳози амниятӣ марҳилаи   бисёр мураккаб буд, зеро маҳз дар ҳамин як ҳошияи ками вақт нисбат ба солҳои қаблӣ дараҷаи шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ зиёд ба назар гирифта шуд. Дар ҳамин давра Ховари миёна гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ шуд, ва гурӯҳи тундраве дар сарзамини Ироқу Шом ба авҷи қудрати ифротӣ расида, бо роҳу воситаҳои гуногун сокинони аслан ҷавони кишварҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуд.

Новобаста аз он ки сокинони мамлакат чӣ гуна ба ин гурӯҳ шомил шуданд: бо майли худ ва ё зери таъсири фиребу найранг,  Ҳукумати мамлакат эълон дошт, ки ба ҳар нафаре аз гуноҳи худ сидқан пушаймон шуда, ба Ватан бармегардад ва ё хоҳиши баргаштан мекунад, омода аст ёрӣ расонад ва гуноҳи онҳоро бубахшад.

Ин равиш самараи хеле назаррас дод. Дар ин замина аз хориҷи мамлакат зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”*, ба Ватан баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони мамлакат, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.

Чунин шева нисбат ба аъзои якчанд ҳизбу ҳаракатҳо низ, ба монанди “Гурӯҳи 24”*,  “Ҳизби наҳзати исломӣ”* ва ғайра пиёда мешаванд, ки онҳо ба қатори ташкилоти террористию экстремистӣ ворид шудаанд, яъне ҳукумати мамлакат имконият додааст, ки ин ашхос аз узвият дар чунин ба ном ҳизбу ҳаракатҳо даст кашанд ва дигар дунболи ҳадафҳои ифротӣ нараванд.

Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони “Давлати исломӣ”* мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хубу назарраси дастгоҳҳои таблиғотӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасони Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, то дар ин самт ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Ин таҷрибаи нодири афв низ усули самараноки коҳиш додани тамоюли ифротгароӣ дар ҷумҳурӣ шуд.

ҲАШТУМ, баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз кишварҳои ҷангзада. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли 2019 84 кӯдаку навраси тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин иқдом арзиши баланди миллатдӯстӣ ва нангу номуси миллии роҳбарияти олии ҷумҳуриямонро нишон дод. Бо вуҷуди ин, иқдоми мазкур кӯшиши аввалин нест, қаблан низ чандин наврас аз маконҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан баргардонида шуда буданд.

Маъмулан, калонсолон аз рӯйи хости худашон, пайрави ин ё он ҳаракати ифротӣ мешаванд ва ба сарзамини кишварҳои ҷангзада мераванд, аммо тифли наврас, ки ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омада, тарбия ёфт, дар муҳити ҷангу куштору даҳшат ва гуруснагӣ ба воя расид, гуноҳе надорад. Аз ин рӯ, баргардонидани кӯдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдӯстона мебошад. Ин тадбир тақдири даҳҳо наврасро, ки ҷуз ифротгарову бадбахт каси дигаре ба воя намерасиданд, куллан тағйир дода, соҳибватану бахтёр намуд.

Ҳамин тавр, дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо он Тоҷикистон чандин дастовардҳоро  соҳиб гардидааст, ки маҷмӯан, дар ҳошияи фақат як даҳсола сурат гирифтаанд. Ин даҳсоларо метавон авҷи таҳдидҳои ифротӣ ба Тоҷикистон ва авҷи тадбирҳои зиддиифротии мамлакат номид. Дастовардҳои мазкур ниҳояти сиёсати давлатӣ дар умури амният ва пешгирии ифротгароӣ нестанд. Боз даҳҳо нуктаҳои меҳварии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ифротгароӣ номбар кардан мумкин аст, ки хосияти баланди намунаофарӣ доранд.

Ҳамин нуктаро бояд зикр намуд, ки муносибати нек ва таҳаммулпарваронаи байниҳамдигарии намояндагони мазҳаби ҳанафӣ  ва шохаи исмоилии ҷомеаи тоҷик яке аз дастовардҳои муҳими таърихии мамлакати  мо дар умури дин ва таъмини ҳамзистии осоишта мебошад. Бинобар ин, ҳамеша иттифоқро чун марги нифоқ, ваҳдатро ҳамчун қотили ваҳшат ва оромиро асли адами нокомӣ бояд ҳифз кард. Зеро,  тавре Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад…

Маъруф АБДУҶАББОРОВ,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар