Асосӣ Мақолаҳо ҶАНГУ ТЕРРОРРО ҲАР КУҶОЕ БОШАД, МАҲКУМ МЕКУНЕМ...

ҶАНГУ ТЕРРОРРО ҲАР КУҶОЕ БОШАД, МАҲКУМ МЕКУНЕМ...

ҶАНГУ ТЕРРОРРО ҲАР КУҶОЕ БОШАД, МАҲКУМ МЕКУНЕМ...
2020-02-23
1781

Имрӯзҳо ҷаҳон рӯйдодҳои хатарзо, буҳронҳо ва офатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва инсониро аз cap мегузаронад, ки чунин буҳрон ва офатҳо ба олами ислом таъсири бештар дорад ва ба ин таъсироти мушкилзо ва мусибатовар буҳронҳои мухталиф, хусусан даргириҳои маргбор, интишори терроризм дар саросари кишварҳо, монанди Афғонистон, Либия, Сурия, Ироқ ва ғайра дохил мешаванд.

Тафриқа миёни мусулмонон на танҳо дар байни кишварҳои исломӣ ба чашм мерасад, балки ин амал миёни ҳамаи халқҳои мусулмон дида мешавад. Мардуми мусулмон дар баҳри идеологияҳои таҳмилӣ ва афкори ифротӣ ғарқ шуда, ба гурӯҳу фирқаҳои гуногун ҷудо мешавад, яке дигареро ба куфр ҳукм мекунад ва инчунин баъзеашон дар ҳоле, ки як халқу миллатанд муқобили ҳамдигар меҷанганд ва якдигарро мекушанд.

Бояд бидонем ва ҳушёр бошем, ки ин ҳама болои ин миллату дин таҳмилист ва аз хушбоварӣ ва содалавҳии мо истифода бурда, ҳасудон моро бо ҳам мешӯронанд ва аз муноқиша ва марги мо лаззат мебаранд, ҳол онки Ислом дини сулҳу дӯстист ва Расули Худо ба умматонаш амр намудааст: «Эй бандагони Худо бо якдигар дӯсту бародар бошед».

Худованд мефармояд: «Ва мо туро нафиристодем, магар аз рӯйи меҳрубонӣ бар оламиён» (Сураи Анбиё. Ояти 107).

Гурӯҳу «такфириҳо», ки дар ислом роҳандозӣ карда шудааст, як дасисаест ва ба ин восита мусулмонҳо бо гуноҳе якдигарро ҳукм ба куфр менамоянд ва резонидани хуни якдигарро мубоҳ меҳисобанд, ки ин хилофи дин, ақл ва ахлоқи инсонист ва ҳоло ин ки Пайғамбари Худо (с) мегӯянд: «Ман қола ло илоҳа иллаллоҳ фа ҳува муъминун», яъне, шахсе гўяд «Ло илоҳа иллалоҳ» пас ӯ муъмин аст. Инчунин дар дигар ҳадисаш мефармояд: «Сибобу-л-муъмини фисқун ва қитолуҳу куфрун», яъне дашном додани муъмин мўҷиби фисқ аст ва қитолаш мўҷиби куфр. Инчунин фармудааст: Ан Абизар (раз), қола қола Расулуллоҳ (с): «Ло ярмӣ раҷулун раҷулан билфусуқи ва ло ярмиҳи би-л-куфри илла-ртаддат алайҳи, ин лам якун соҳибуҳу казолика». (Ривояти Бухорӣ). Яъне, гуфт Абузар, ки гуфт Пайғамбари Худо: Дашном намедиҳад мард мардеро ба фусуқ ва дашном намедиҳад мард мардеро ба куфр магар бозмегардад гуфтаи ӯ бар худаш, агар набошад соҳиби ӯ монанди ончи гуфтааст.

Дар ин ривоятҳо тафаккур бояд кард, заррае ҳам бошад, аз Худо бояд тарсид ва бе далели шаръӣ ва ба раъй ва хоҳшоти нафсонии худ мусулмонеро ба куфр нисбат набояд дод, то дар имони худ рахна набинӣ.

Дар маҷмӯъ бидонем, ки дар ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият, натанҳо нисбат ба мусулмон, балки дар маҷмуи инсоният дида мешавад. Худованд мефармояд: «Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва дар хушкиву дарё онҳоро (бар маркабҳо) барнишондем ва ба онҳо аз покизагиҳо рузӣ додем ва онҳоро ба бисёре аз ончи офаридаем, фазли бисёр додем» (сураи Исро ояти 70) ва ё дар ояти дигар мефармояд: «Манқатала нафсан биғайри нафсин ав фасодин фи-л-арзи факааннамо қатала-н-носа ҷамиъан» (сураи Моида, ояти 32), яъне, касе, ки дигареро бидуни ин ки касеро кушта бошад, бикушад ва бидуни инки роҳи фасодро дар замин гирифта бошад, чунон аст, ки ҳама мардумро кушта бошад. Саъдии бузургвор ин мафҳуми қуръониро чӣ зебо ба риштаи назм овардааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки таълимоти исломи воқеӣ ва муътадил эҳтиром гузоштан ба инсоният, риояи ҳуқуқи башар ва сулҳу созандагист. Дини мубини Ислом инсонро ба ҳақиқату адолат, ваҳдату дӯстӣ ва иззату эҳтироми насли башар даъват менамояд. Ин ҷанг ва террорҳо, ки ағлаб дар давлатҳои мусулмоннишин, монанди Сурия, Либия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра ҷараён дорад ва дар ин ҷанг ва террорҳо ҳазорон тифлҳои бегуноҳ ва мардуми осоишта ба ҳалокат мерасанд ва ҳазорҳо биноҳои обод, масҷидҳо, осорхонаҳо ва ҳатто шаҳрҳои зебо вайрону валангор мешаванд, оё исломи пок ҳаминро хостгор аст? Не, ҳаргиз не!

Мо чунин ҷанг ва террорро, ҳар куҷо ки набошад, маҳкум менамоем, чунки ин бар зарари ислом ва муслимин аст.

Пас вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ин гуна ҷиноятҳои мудҳиш, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонист, мубориза барад.

         Хулоса, барои ҳар фарди чомеа муҳим ва зарур аст, ки шукронаи истиқлолияту ваҳдат ва амну осудагиро ба ҷо оварда, барои пойдории давлату миллат ҳушёр ҷидду талош намояд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳамчунон ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронияш ишорат намуда буд, «Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша хушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем», ҳақ ба ҷониби ӯст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар