Асосӣ Мақолаҳо Ислоҳ овардан дар миёни мусалмонон аз нигоҳи дини мубини Ислом

Ислоҳ овардан дар миёни мусалмонон аз нигоҳи дини мубини Ислом

Ислоҳ овардан дар миёни мусалмонон аз нигоҳи дини мубини Ислом
2020-02-23
1946

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон

Худованд ҳастиро барои инсон офарид ва тамоми шароити зиндагиро дар олам фароҳам намуд, то инсон ба таври шоиста дар он зиндагӣ кунад. Аз тарафи дигар инсонҳоро ба гунае офаридааст, ки онҳо ногузиранд дар шакли ҷомеаҳо зиндагӣ кунанд. Пас дар дунёи инсонҳо ҷомеаҳо падид омад ва инсонҳо дар шаклҳои гуногун бо якдигар дар иртиботу муомила қарор гирифтанд.

Ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоя гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи инсонҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хурдани осоишу оромии онҳо мегардад. Ҳангоми эҷод шудани чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъияти ба амал омада мебошад.

Масъалаи ислоҳ кардани корҳои ҷомеа ва бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии мусалмонон аз масъалаҳои бисёр муҳим буда, дар сарчашмаҳои дини мубини Ислом ба он таъкиди фаровон шудааст. Дар Қуръони карим калимаи «ислоҳ» ва ҳаммаъноҳояш, ки ба ҳамин масъала таъаллуқ дорад, зиёда аз 165 маротиба зикр шудааст.

Аммо он чи ки дар ин суҳбат мехоҳем бо шумо дар миён бигзорем хўшае аз ин хирмани пурбори Қуръону суннат аст. Мехоҳем дар ин фурсати кўтоҳ ҷойгоҳ ва аҳамияти масъала, ҳадаф ва ангезаи ташвиқ ба ислоҳ ва аҷру савобу подошеро, ки барои анҷоми ин амали муҳим дар назар гирифта шудааст, барои шумо намозгузорони мўҳтарам равшан намоем.

Қабл аз ҳама бояд бидонем, ки ислоҳ чист ва дар куҷо ва дар кадом ҳолат ва чи тавр анҷом гирад. Ислоҳ дар ҳақиқат дуруст кардани як иштибоҳ ё ғалат мебошад. Масалан, касе навиштаеро менависад ва як нафар, ки аз қоидаҳои имлои забон хуб бохабар аст онро ислоҳ мекунад. Ё як нафар шогирди дуредгар кореро бо чўб анҷом медиҳад ва устои дуредгар, ки ин ҳунарро беҳтар медонад, кори ўро ислоҳ мекунад. Ҳамин тавр, шогирди ронандаро устоди фанни ронандагӣ ислоҳ мекунад ва чигуна дуруст ҳаракат намудан ва истоданро дар роҳҳо ва маконҳо ба ў нишон медиҳад.

Аммо ислоҳ гоҳе дар амалҳои инсонҳо ва робитаҳои байни онҳо бояд анҷом гирад, ки мақсади мо аз ислоҳ дар ин нигоштаҳо маҳз ҳамин қисми он аст. Ислоҳ даровардан дар миёни мусалмонон воҷиб буда, яке аз вазифаҳои асоси мусалмонон ба ҳисоб меравад. Дар сураи «Ҳуҷурот» ояти 10 дар ин маврид омадааст:

 «Ҳамоно муъминон бародари якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад». (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10).

Агар хуб ба паёмҳои ин оят таваҷҷуҳ намоем аввал аз ҳама мебинем, ки ислоҳ даровардан дар миёни муъминонро Худованд фарз гардонидааст. Сипас ин кор ҳамчун нишонаи худотарсӣ ва парҳезгорӣ дониста шуда, сабаби ҷалби раҳмати Парвардигор қаламдод шудааст. Дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Зеро агар мусалмонон ҳамеша дар фикри салоҳи кори бародарони худ бошанд ва дар ин замина кўшиш намоянд, ҷомеаи онҳо оромиш пайдо мекунад ва мардум осоишта зиндагӣ хоҳанд намуд. Ин оромишу осоиштагӣ сабаби рушду пешрафти онҳо хоҳад шуд ва ин ҳамон лутфу раҳмати Парвардигор аст. Пас мо мебинем, ки дар ҳамин як ояти Қуръони карим ҳам ҳукми ислоҳ даровардан дар байни мусалмонон, ҳам ҳадафи ин кор ва ҳам натиҷаҳо ва осори пурбаракати он нишон дода шудааст. Бояд ба ин нуктаи муҳим ҳам таваҷҷуҳ дошта бошем, ки вазифаи асосӣ ва яке аз ҳадафҳои аслии Паёмбарон ҳам ислоҳи ҷомеа буд:

 «Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мебинед, агар аз Парвардигори худ бар ҳуҷҷате бошам ва ба ман аз ҷониби Худрўзие нек дода бошад? Ва ман намехоҳам ба сўи чизе, ки шуморо аз он манъ мекунам, худ моил шуда, бо шумо мухолифат кунам ва то битавонам, ба ҷуз салоҳкорӣ чизе намехоҳам. Ва тавфиқи ман ҷуз ба фазли Худо(ба чизе) нест; бар Вай таваккул кардам ва ба сўи Ў боз мегардам» (Сураи Ҳуд, ояти 88).

Аз ин ояти каримаи Қуръони карим чанд нуктаро мехоҳем бардошт намоем, ки ба масъалаи ислоҳ даровардан дар корҳои ҷомеа марбут мебошад:

  1. Дар ин ҷо омадааст, ки Паёмбар Шуайб (а), ба қавми худ хитоб карда мегўяд: «Ман барои корҳо ва рафторҳои худ аз ҷониби Худо далели равшан дорам, яъне ҳар касе, ки мехоҳад дар ҷомеа кори ислоҳгаронае анҷом диҳад, бояд бар асоси мантиқу далел бошад на носанҷидаву надониставу нафаҳмида».
  2. Ҳазрати Шуайб (а) мегўяд: Ман аз ба он чи шуморо амру наҳй мекунам худам ҳам амал мекунам, яъне касе, ки дигаронро ба коре даъват мекунад ё аз коре манъ мекунад худаш бояд пеш аз ҳама мувофиқи гуфтаҳояш амал намояд. Ин дар ҳақиқат замонати иҷрои гуфтаҳои ў аз тарафи дигарон хоҳад буд. Чун ки агар мо сухане бигўем, вале ба гуфтаи худ амал накунем, касе ба гуфтаҳои мо эътибор намедиҳад. Дар сураи «Сафф» оятҳои 2 ва 3 ба ҳамин масъала таъкид шуда омадааст, ки: «Эй мўъминон, чаро он чи мегўед, ки намекунед? Назди Худо бисёр нописандида аст, ки чизеро бигўед, ки намекунед».Пас як фарде, ки мехоҳад даст ба ислоҳи дигарон ё ҷомеа бизанад қабл аз ҳама худаш бояд ислоҳ шуда бошад ва ба гуфтаҳои худаш бовар дошта амал намояд.
  3. Дар охир ба се нуктаи ба ҳам пайванд ишора шудааст, ки Ҳазрати Шуайб (а) мегўяд: а) муваффақияти ман аз ҷониби Парвардигор аст, б) ман дар ин кор ба Худо таваккал мекунам ва в) дар ҳар коре ба Худо муроҷиат мекунам. Ин ба он маъност, ки агар мо дар кори ислоҳи мардум ва ҷомеа муваффақ шудем ин муваффақиятро аз Худо бидонем, зеро бе назари лутфи Парвардигор ҳеҷ кас ба коре муваффақ намешавад. Ҳамаи кўшиш ва ҷиду ҷаҳдҳои инсони мусалмон бояд беғараз ва барои дарёфти ризогии Худованд бошад. Дигар ин ки ҳангоми анҷоми коре бояд ба Худо таваккул дошта бошем, яъне он чи дар тавони мо аст анҷом диҳем ва натиҷаву барори корро аз Худо интизор дошта бошем. Ин ҳам аз ахлоқи бандагӣ аст ва « ва ҳар, кибар Худо таваккул кунад, пас, Вай ўро бас аст…» (Сураи Талоқ ояти 3). Сеюм ин ки дар ҳама кор ва дар ҳар ҳол банда бояд барои пайдо кардани роҳи дуруст ва ба даст овардани муваффақият ба Худо муроҷиат намояд. Ба Худованд таваккал намуда, ҳаракате накардан низ касро ба мақсад намерасонад. Касе ба коре камари ҳиммат бандад, метавонад талаби баракати онро аз Худованд биталабад.

Ин нуктаҳое буд, ки дар ҳақиқат моро дар кори ислоҳи ҷомеа роҳнамоӣ мекунад ва агар мо ба ин дастурот таваҷҷуҳ дошта бошем, ҳатман дар ин замина муваффақ хоҳем шуд. Дар ҳақиқат ин нуктаҳо аз оятҳои муборакаи Қуръони карим симои инсонҳои ҳалолкор ва ислоҳгарони воқеиро дар назари мо ҷилвагар менамоянд, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамин маврид фармудааст:

Бандагони Ҳақ раҳиму бурдбор,

Хўи Ҳақ доранд дар ислоҳи кор.

Меҳрубон бе ришватон ёрикунон,

Дар мақоми сахту дар рўзи гарон.

 

Яъне ислоҳгарони ҷомеа меҳрубону бо сабру ботаҳаммул ҳастанд ва хайрхоҳу дўстдори мардум мебошанд. Онҳо ба сахтиҳову душвориҳо аҳамият намедиҳанд ва ба дунболи анҷоми вазифаи муқаддаси худ ва расидан ба ҳадафи арзишманд қадам бар медоранд. Ин гуна инсонҳо барои анҷоми ин кор аз ҳеҷ кас чизеро тамаъ намекунанд, зеро ин корро аз барои Худо анҷом медиҳанд ва танҳо аз ў подошу савоб мехоҳанд.

Аммо ислоҳ даровардан дар миёни мардум ва ҷомеа аз назари подошу савоб дар дараҷаи бисёр баланде қарор дорад ва ҳар кас ба бузургии он пай бибарад ҳатман арзиши ин амалро дар пешгоҳи Парвардигор дарк мекунад ва орзўи анҷом додани онро хоҳад кард.

Ислоҳ ҳам ҳамон тавре ки гуфта шуд, бояд аз худи инсон оғоз гардад, яъне худи инсон эътиқоду рафтору гуфтори дуруст дошта бошад, зеро дар Қуръони карим омадааст:

«Ҳар оина, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд» (Сураи “Раъд”, ояти 11).

Пас биёед, дар ҳар коре ислоҳро аз худамон оғоз намоем. Дар сухан гуфтан, дар кору фаъолият, дар рафтор бо зану фарзандонамон, дар муомила бо ҳамсояҳо, дар хариду фурўш ва умуман дар ҳама кор. Агар ба ин дастури Худованд амал намоем ҳатман ваъдаҳои хуби ў дар ҳаққи мо таҳаққуқ пайдо мекунад ва раҳмати бекаронаш шомили ҳоли мо мегардад.

Умедворем Худованд мо ва ҷомеаи моро худаш ислоҳ намояд ва моро ба самти ободию рушду тараққӣ раҳнамоӣ кунад.

Гар хато гуфтем, ислоҳаш ту кун,

Муслиҳи ту, эй ту султони сухун.

 

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар