Эпидемия ва пандемия. Дар ин бора чиро бояд донист?
Башарият дар тӯли ҳазорсолаҳо ба як қатор бемориҳои сироятӣ ба монанди домана (тиф), тоун (чума), вабо (холлера), нағзак, гул ё чечак (оспа), зуком (грипп)-и испанӣ, эбола, зукоми хукию парандаӣ ва амсоли онҳо гирифтор гардида, миллионҳо нафар ҷони худро аз ин бемориҳо аз даст додааст. Аҳли башар ҳамеша талошу кӯшиш ба харҷ додааст, то ин ки роҳи халосиро аз ин иллатҳо пайдо намояд. Бояд тазаккур дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҷое дар ин ҷода ба мақсад ноил гардидааст, вале мутаассифона, то ғалабаи ниҳоӣ нарасидааст.
Ҳар вақте сухан аз вирусҳо меравад, ҳамеша мафҳумҳои эпидемия ва пандемия истифода мешавад. Зарур шумурдем, доир ба ин масъала чанд маълумот ба хонанда пешниҳод намоем.
Сараввал доир ба умумият ва фарқияти онҳо каме истода мегузарем. Ин ду мафҳум тақрибан як маъно дошта, сироятёбии саросарии мардум ё ҳайвонотро меноманд, ки паҳншавии эпидемия агар дар маҳалли дохили як кишвар сурат гирад, пас паҳншавии бемории аз сарҳади давлатҳо убуркунандаро пандемия меноманд.
Дар тӯли дуюним ҳазор соли охир бар асари хуруҷи бемориҳои сироятӣ, эпидемия ва пандемияҳои гуногун он қадар инсонҳо ба ҳалокат расидаанд, ки ин теъдод ҳатто аз шумораи фавтидагон дар ҷангҳои ҷаҳонӣ бештар аст.
Яке аз чунин бемориҳои сироятӣ- вирусӣ нағзак, (оспаи сиёҳ) мебошад, ки аз рӯи баъзе сарчамаҳо бо иллати сироятёбӣ аз он зиёда аз 500 миллион нафар ё 40% аҳолии кураи замин ҷони худро аз даст додааст. Танҳо баъди пайдо гардидани ваксинаҳо ва мутобиқгардии бадани инсон ба ин вирусҳо боиси кам гардидани талафоти ҷонӣ гардидааст. Дар таърих ҳолатҳои мақсаднок заҳролуд намудани инсонҳо барои ба даст овардани дороии онҳо ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар қарнҳои гузашта англисҳо дар қитъаи Амрикои Шимолӣ бо мақсади ғасби заминҳои ҳиндуёни муқимӣ бо роҳҳои тақсим намудани либос ва дигар намуди ашёи маишии пешакӣ олудаи бемории оспа намуда, тавонистаанд 90% аҳолии маҳаллиро нест кунанд.
Дигар бемории ба ин монанд тоун (чума) мебошад, ки бори аввал солҳои 541-700 мелодӣ дар Миср пайдо шуда, боиси марги 100 мллион нафар гардидааст. Солҳои 1347-1351 мелодӣ ин беморӣ дар кишвари Чин низ хуруҷ намуда, ба Европа доман зада, боиси марги 34 миллион нафар инсонҳо гардида буд. Ин вирус дар ҳамон замон ба воситаи роҳҳои тиҷоратӣ ба кишвари Ҳиндустон роҳ ёфта, зиёда аз 6 миллион нафарро ба ҳалокат расонид. Баъдан ин офат боз 50 соли дигар дар рӯи замин сайр намуда, аҳолии бисёр давлатҳоро сироят ва қисмеро ба коми худ кашидааст.
Пандемияи вабо (холера) низ яке аз ҳамин гуна бемориҳои вирусии зуд паҳшаванда буда, соли 1816 хуруҷ намуда, дар як муддати хеле кӯтоҳ боиси марги сад миллион нафар инсонҳо дар рӯи замин гардидааст.
Пандемияи домана (тиф), ки маъруф ба ҳароратбаландӣ (лихорадка) мебошад, аз бемориҳои сироятӣ буда, бештар ба рӯҳу равони инсон таъсир мерасонанд. Бинобар давомнок тӯл кашидани беморӣ онро «домана» номгузорӣ намудаанд. Ин беморӣ солҳои 430-427 то мелод пайдо шуда, то ҳол мардумро азият медиҳад. Ҳангоми кофтукобҳои археологӣ баъзан дар устухонҳои боқимондаи ёфтмешуда, бактерияи зиндаи беморӣ ба мушоҳида мерасад. Охирин зуҳури ин беморӣ дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон дар кишварҳои Россия ва Полша ба мушоҳида расидааст, ки боиси марги 3.5 миллион нафар инсон гардидааст.
Дар ҳоли кунунӣ пандемияиҳои паҳнгардида ин зукоми бо истилоҳ «испанка», эбола, хук ва парранда маҳсуб шуда, ҳамасола дар кураи замин боиси марги 100 миллион одамон мегардад. Ин бемориҳо низ паҳншавии босуръат дошта, дар сурати аз ҳайвонот гузаштан инсонро ба марг оварда мерасонад. Бемории испанка се маротиба кураи заминро чарх зада, гоҳе ором ва гоҳе бо қувваи бузург хуруҷ мекунад. Ба муқобили ин бемориҳо то кунун чандин намуди ваксинаҳо ихтироъ шудаанд, вале замонати пурраи шифоиро дода наметавонанд.
Дар ин муддат илми тиб дар ҷоддаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои вирусӣ ба пешравиҳои назаррасе ноил шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам аз пирӯзии мукаммал ҳарф задан барвақттар аст.
Бемории коронавирус ё Kovid-19, ки танҳо дар вуҷуди инсонҳо паҳн мегардад, решаи он аз Kovid -1 ва Kovid -2, сарчашма мегирад ва хоси ҳайвоноти мисли кӯршапарак, мор ва калтакалосҳо мебошад ва аз ҷумлаи бемориҳои дар боло зикршудаанд.
Аз рӯи маълумотҳои дар васоити ахбори омма паҳнгардида то 8 апрели соли 2020 ин беморӣ зиёда аз 1 миллиону 435 ҳазор нафари сокинони беш аз 200 кишвари дунёро сироят намуда, боиси марги беш аз 80 ҳазор нафар гардидааст, ки ягон нафар инсони соҳибмаърифатро бетараф гузошта наметавонад.
Бемории мазкур бори аввал 17 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи кишвари Чин ба қайд гирифта шуд. Баъдан ин беморӣ 13 январи соли 2020 дар Тайланд, 21 январи соли 2020 дар ИМА, 28 январи 2020 дар Германия, 31 январи 2020 дар Англия, 31 январи 2020 дар вилоятҳои Тюмен ва Читаи Россия, 7 феврали 2020 дар Италия ва 02 марти соли 2020 расман дар ш.Москваи Россия ба қайд гирифта шуд. Баъди ба дигар давлатҳо доман паҳн кардани вируси мазкур оғоз аз даҳаи аввали моҳи марти соли 2020 вируси мазкур аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун пандемия эътироф гардид. Имрӯзҳо ин беморӣ мушкилоти рақами яки рӯи замин маҳсуб гардида, тамоми проблемаҳои дигари мавҷударо ба гӯшаи фаромӯшӣ кашидааст.
Вазъияти ҷаҳон моро водор намуда истодааст, ки ҳарчанд беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо бояд омодаи ивазшавии ҳар гуна вазъ бошем, чунки суръати паҳншавии он рӯз ба рӯз шиддат гирифта, касе замонати эмин монданро дода наметавонад.
Бемории мазкур бо роҳҳои нафас ва даҳон ба вуҷуди инсон дохил шуда, метавонад ба шакли сабук, миёна ва вазнин гузарад. Дар ҳолати сабук гузаштан шахс бемор будани худро эҳсос намекунад. Вале дар ҳолати вазнин гузаштан пайдошавии таб, сулфа ва резиш ба мушоҳида расида, ба нафастангӣ оварда мерасонад. Чуноне дар боло зикр гардид, дорувории зиди вируси мазкур то ҳол кашф нашудааст, вале дар ҳолати баланд будани имунитет худи организм метавонад ба беморӣ муқовимат нишон дода, онро маҳв намояд. Ин вирус бештар барои шахсони калонсоли гирифтори бемориҳои фишорбаландӣ, қалб, қанд ва ғайра хатарнок ҳисобида мешавад.
Хушбахтона, то имрӯз аз рӯи маълумоти расмии роҳбари намояндаи доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ ) дар Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора рӯзномаи «Садои мардум» №41 аз 04.04.2020 дар саҳифаи якуми худ хабар додааст.
Хабари гӯё ба ин беморӣ гирифтор шудани сокини 60-солаи деҳаи Қурғончаи ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки «Радиои озодӣ» онро ба воситаи интернет 6 апрели соли равон пахш намуда боиси ташвиши аҳолии кишвар гардид, хушбахтона тасдиқи худро наёфт. Расман аз тарафи ваколатдори соҳа-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 7 апрели соли 2020 аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ин овозаҳо рад гардид. Яъне, то имрӯз хушбахтона, дар Ватани азизамон ягон ҳолати сироятёбӣ аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудаст.
Вале ба ин нигоҳ накарда, бо дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ ҳама чораҳои эҳтиётӣ ва профилактикӣ андешида шуда истодааст. Феълан дар кишвар Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дар ҳама вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо ситодҳои дохилиидоравӣ амал намуда, бо тавсияву дастурҳои худ тавонистаанд мардумро роҳнамоӣ ва вазъиятро таҳти назорат қарор диҳанд. Ба ин мақсад якчанд беморхонаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ омода шуда, шахсони аз хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, ки шумораи онҳо зиёда аз 7 ҳазорро ташкил мекунад, дар ҷойҳои омодашуда нигоҳдорӣ мешаванд. То 7 апрели соли равон 4350 нафар аз карантин бароварда шуда, 2750 нафари онҳо зери назорат қарор дода шудаанд.
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон низ ситоди дохилиидоравӣ саривақт таъсис дода шуда, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси Кумита муҳтарам Сулаймон Давлатзода корҳои муайяни пешгирикунанда анҷом дода шуд. Аз ҷумла, тамоми кормандони Кумита бо ниқобҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шуда, дар се даромадгоҳи бинои Кумита таштҳо бо маҳлули хлорикунонишуда гузошта шуда, безараргардониии пойафзолро таъмин намудаанд. Инчунин, ҳафтае ду маротиба даҳлезу утоқҳои корӣ бо маводи хлоришуда тамйиз шуда, дар тӯли рӯз се маротиба дастаҳои дар ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи мазкур тоза карда мешавад. Дар доираи дарсҳои хониши идоравӣ, вобаста ба мавзӯи доғи рӯз бо ҷалби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машғулияти амалӣ гузаронида шуд. Дар сомонаи маҷаллаи соҳавии “Дин ва ҷомеа”- jomea.tj мақолаву маводҳои зиёд доир ба масоили фавқ ҷой дода шуда, ҳар моҳ дар худи маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»- и Кумита низ мақолаҳои марбут ба ин мавзӯъ нашр гардида истодааст.
Саволи матраҳ ин аст, ки аз рӯи имконоти мавҷуда чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин беморӣ гирифта шавад? Албатта, пеш аз ҳама моро зарур аст, ки маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тибро бечуну чаро риоя ва иҷро намоем.
Дар ин маврид пеш аз ҳама моро риояи беҳдошти саломатӣ хеле муҳим аст. Дар ҷойҳои серодам аз ниқоб истифода карда, аз саломи дастӣ ва оғӯшгирии хешу табор ва дӯстон худдорӣ намоем, бояд масофаи байни суҳбаткунандаҳо аз 1 то 2 метр бошад, гашту гузорро дар ҷойҳои серодам маҳдуд намоем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки махсусан дар дохили нақлиёти ҷамъиятии хурд тамбашавии мусофирон зиёд ба назар мерасад, ки боиси ташвиш аст. Ҳангоми аз кӯча ба хона ворид шудан, бояд либосҳоро иваз намуда, дасту рӯйро бо собун шустушӯй намоем. Ҳавои хонаро тез -тез иваз намуда, ба варзиш машғул шудан тавсия дода мешавад. Пеш аз таъом ва пас аз тановули таъом ва баъди қазои ҳоҷат дастҳоро бо собун шуста, тозагиро дар ҳама ҳолат риоя намоем. Вируси мазкур болои ашёи сахт мисли оҳан, чӯб, пласмасса ва ғайра то 8 соат метавонад зинда монад. Бинобар ин, ҳолатҳоро дар дохили нақлиёт, лифт ва ғайра дар назар доштан лозим аст. Истифодаи ниқобҳо низ соати муайян дорад, ки баъди кушодан бояд ба партовгоҳ партофта шавад. Ҳангоми атса задан даҳону биниро бо руймолча пӯшондан лозим аст. Ин гуфтаҳо тавсияи мутахассисони соҳаи тиб аст, ки риояи ин тасияҳо барои мо ҳатмист.
Ба андешаи баъзе коршиносон сабаби сар задани чунин офатҳои марговар дар сайёра пеш аз ҳама рафтори ношоистаи худи инсон нисбат ба табиат ва офаридгор аст, ки бо амал, рафтор ва зиёдаравиҳои худ ҳар замон боиси чунин муҷозот мегардад.
Мақсади ибрози андешаҳо дар ин мақола он аст, ки дар гузашта башарият борҳо чунин имтиҳоноти сангинро бо қимати ҷони худ пушти сар намудааст ва имрӯз моро зарур аст, гузаштаро таҳлил ва аз он сабақ гирифта, бо назардошти риояи дастури мутахассисони соҳа ҳама сарҷамъ шуда, аз ин имтиҳони сангин бо сарбаландӣ бароем.
Азизулло Мирзозода,
Муовини Раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар