Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ.
Қаблан лозим медонам, сухани худро бо таъкиду дастуроти Паёмбари азизамон Муҳаммад (с) оғоз намоям, ки марбут ба пешгирии ҳама гуна бемориҳо хондани ин дуоро фармудаанд. “Парвардигоро! Паноҳ мебарам ба ту аз песӣ ва девонагӣ ва аз ҷузом ва аз бемориҳои бад!” (Бухорї).
Дар зиёда аз 200 давлат фарогирии бемории навъи Коронавирус мардумро ба таҳлука овардаву бо сабаби ин беморӣ садҳо ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Ҳарчанд олимону донишмандон, мутахассисони соҳаи тиб кӯшиш намуда истодаанд, ки давои ин бемориро дарёфт намоянд, мутаасифона, ҳанӯз ҳам мавзӯъ нигароникунанда боқӣ мемонад. Хушбахтона, дар кишвари мо ин беморї ба қайд гирифта нашудааст, аммо чи хеле ки дар урфият мегӯянд: “Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ бояд дид”.
Бо дарки чунин ҳикмату дастуроти судманд, бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи ин беморӣ дар қаламравӣ кишвар масъулони соҳа тадбирандешӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Бахусус, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ масъалаи аваллиндараҷа маҳсуб ёфта, иҷрои он ҳатмист. Бо ин мақсад, то ба имрӯз маротибаҳои зиёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешваои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда буданд, ки ҷиҳати пешгирї аз беморињои сироятї ва солимгардонии ҷомеа ҳамеша бояд аз имкониятҳо самаранок истифода бурд. Хосса зимни яке аз баромадҳояшон даъват ба амал оварда буданд, ки: “Ҳадафи стартегии давлату ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи хурокворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад”.
Бо назардошти амри Сарвари давлатамон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар масъулон чораандешӣ намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ситоди вилоятӣ созмон дода шуда, бо мақсади пешгирии бемории коронавирус нақшаҳои судманд дар амал татбиқ мегарданд. Хосса дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва масҷидҳову дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нақшаи кории ситоди вилоятӣ амалӣ шуда, пайваста раванди кори он назорат карда мешавад.
Имрӯз мардум ба хубӣ дарк кардаанд, ки коронавирус чӣ гуна бемории хатарнок асту аз он бо кадом усулҳо метавон канораҷӯї кард. Дастуроти Ҳабиби Худо (с)-ро дар ин маврид ёдоварӣ кардан мувофиқ аст, ки гуфтаанд: “Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед”. Воқеъан дурӣ ҷӯстану эҳтиёт намудан шарт аст. Мусаллам аст, ки як қисми шаҳрвандони кишвари мо имрӯзҳо дар хориҷи кишвар қарор доранд. Баъзеашон мехоҳанд ба Ватан баргаранд, аммо набояд фаромӯш кард, ки дар пайвастагӣ ба ҳолати ҷойдошта боз ҳам Расули Худо (с) фармудаанд, ки мазмунаш чунин аст: “Вақте роҷеъ ба бемории сирояткунанда дар сарзамине иттилоъ ёфтед, ба он дохил нашавед ва ҳар гоҳ дар сарзамине будед, ки онҷо бемории сироятӣ хуруҷ кард, пас аз он сарзамин берун нашавед”.
Қаблан низ чунин касалиҳои сироятӣ ҷомеаи башариро фарогир шуда буданд, ки мардум бо як оромиву таҳаммулпазирӣ аз усулҳои пешгирӣ истифода мебурданд. Аз ин хотир, моро низ лозим аст, таҳаммулпазир бошему бо пайвандони худ, ки дар хориҷ ҳастанд, оромона тариқи телефонҳои мобилӣ тамос гирему дар хонадондони худ ба тозагии муҳит эътибор диҳем. Умед аст, ба зуди ин беморї ҷаҳонро падруд мегӯяд. Аммо барои инсоният риояи тозагии шахсиву ҷамъияти доимӣ хоҳад буд.
Сару садоҳои баъзе аз кӯтоҳандешоне, ки аз миллати мо буда, дар хориҷ қарор доранд қобили қабул нест. Бар он ақидааанд, ки гӯё дар Тоҷикистон ба ин масъала чандон эътибор намедиҳанд. Посухи саҳеҳ ҳамин аст, ки аз гузашта то имрӯз мардуми кишвар бо сардории Пешвои муаззами хеш ба масъалаи солимии ҷомеа эътибори ҷиддӣ медоданд, ки имрӯз ин беморї дар мо нест. Ҳолиё бошад, корҳои пешгирӣ мувофиқи матлаб буда, мардум аз дастгириву пуштибонии Ҳукумати кишвар як ҷаҳон миннатдоранд. Бузурге гуфтааст: “Хушбахт нафарест, ки гузаштаро ба некӣ ёдоварӣ мекунад, имрӯзаро шукргузор асту ба ояндаи дурахшон умед мебандад”. Албатта имрўзу ояндаи дурахшон на ин ки мардуми кишвари моро, балки тамоми рӯи ҷаҳонро насиб хоҳад шуд.
Усмоналӣ Нурзода,
муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар