Асосӣ Мақолаҳо Мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст

Мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст

Мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст
2020-07-11
1778

Бемории сироятии коронавирус бори дигар нишон дод, ки миллати сарбаланди тоҷик метавонад бо дурандешиву иттиҳоду сарҷамъӣ бар ҳар офату даҳшате пирӯз гардад. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастӣ борҳо ба пандемияи бемориҳои сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир инсоният сар задани пандемияро ҳамчун раванди ногузир қабул намуда, барои пешгирии он бояд ҳамеша омода бошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ роҳи самараноки пешгирии паҳншавии вирус, ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вуҷуд надорад. 

Мутахассисон ба ин назаранд, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 роҳ надодан ба тарсу ваҳм аст. Инчунин истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосила ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд.

Мубориза бо пандемия мисли мубориза бо дигар хатарҳои глобалӣ азму кӯшишро талаб мекунад. Меҳру муҳаббат нисбат ба наздикон, пиронсолон, барҷомондагон ва ниёзмандон суннати деринаи мардуми мост. Маҳз муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигар баҳри мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ имконият фароҳам меорад.

Пайдо шудани вабои ҳамагири коронавирус ё КОВИД-19 як имтиҳон аст, ки имрӯз ба сари башарият омадааст, аммо ҳатман мегузарад. Вале одаму одамгарӣ дар ин лаҳза мемонад. Шинохти одамӣ мемонад. Одам дар рӯзи сахтӣ одамро мешиносад, одамияташро дарк менамояд. Ваҳму ҳарос ва даҳшати коронавирус воқеан ҳам ҷомеаро рӯҳафтода месозад ва маҳз ҳамин тарсу ҳарос бар вуҷуди одамият вирус аст. Лек инсонҳо набояд дар ин давра одамияти худро аз даст диҳанд ва хулқи бади хешро ба намоиш гузоранд.

Аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, ПМТ бошанд дар фикри ноором кардани ҷомеа шудаанд, ки ин бисёр ҳам хислати пасти онҳоро нишон медиҳад. Зеро  ин тоифаи наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд аз воқеият дуранд ва аз ҳоли миллат бехабаранд.  Ин нафарон аслан аз инсонгарӣ, одамгарӣ хабаре надоранд ва танҳо барои бадномкунии миллат худро насаби тоҷики додаанду халос, аммо дар асл як чоплус, дурӯя, хоин, каҷниҳод, кӯрдил, кӯрботин ва хиёнаткор мебошанд. Онон имрӯз ба хотири ҳамин миллат зиндагии пурнишот доранд, зеро дар вақти дар кишвар буданашон хуб миллатро хароб карданд, заминҳоро фурӯхтанд, беморхонаҳоро фурӯхтанд, то ҷайби худро пур кунанд. Ҳатто ба хиёнат даст заданд, то маблағ кор кунанд. Имрӯз ҳам ба хотири пулу мол зархарид гаштаанд, хиёнат мекунанд, мехоҳанд миллатро гумроҳ ва ҷомеаро ноором созанд, то пул кор кунанд. Мунофиқ ҳамеша дар пайи тавтеа аст, интизори фурсати муносиб, то ин ки дар лаҳзаи даркорӣ, бо сӯиистифода аз боварии мардум, одамонро ба майдон кашад ва хуни бегуноҳонро резад.

Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо на як бору ду бор ба ин гуна хатарҳо рӯ ба рӯ шудааст, эпидемияҳои ваҳшатнокеро аз сар гузаронидааст. Итминон дорем, ки бо якдигарфаҳмию сабру тоқат, эҳтиром ва кумаки якдигарӣ, эҳсоси раҳму шафқат нисбат ба мубталоёни беморӣ ва шахсони ба ёрии тиббӣ ниёзманд пушти сар хоҳем кард.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ,

ходими дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар