ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР…
«Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиҳатомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем». Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи башар амалҳои неку бади инсонҳо ва ҳамагуна ҳодисаҳое, ки ба нафъу зарари инсону табиат аст, нигошта шуда, аз ҷониби олимону пажӯҳишгарон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор мегирад. Имрӯз дар пешорӯи рушди босуръати илм, олимон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон як амали хуношому идоранашавандаву номатлуб бо номи ифротгароиву терроризм зуҳур дорад, ки ин боиси нигаронии мардуми олам гардидааст. Ҳар амали хайру савоб, накӯкорӣ, рушду тараққиёт, зисту зиндагии бепархошу кин, ки аз тарафи пешвоён, сиёсатмадорон барои зиндагии босаодати инсонҳо муҳайё мегардад, боиси аҳсану офарин ва шукру сипоси одамон мегардад.
Ҳар оне, ки бо пархошу кин, бухлу ҳасад, рашку душманӣ боис гашта, ин оини аҳриманиро дар ҳар давру замон пайравӣ менамоянд, то дунё боқист ба нафрину лаънати Худованду онҳое, ки аз дасти иблиспешаҳо гирифтори дарду ғам гардидаанд, гирифтор мешаванд. Халқи тоҷик дар тӯли таърих борҳо бо номеҳрубониҳои гардун рӯ ба рӯ омад. Тарроҳони бозиҳои сиёсӣ мардуми аз ҳаводиси таърих фориғу ноогоҳро ба доми худ кашида, дар натиҷаи амали онҳо дарду ғам, фирору фақр дастболо мегардад. Замоне фазои Тоҷикистонро ранҷу дарди эҷодкардаи коргардонҳои пасипардагӣ фаро гирифт. Шукри тақдир, ки Худованд барои халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун ҳадяи Яздонӣ ба тахти бахти миллат нишонд. Таъкидҳои пайваста, ҷаҳду талош, дурандешию муносибатҳои дипломатии Пешвои миллат Ватанро аз фаношавӣ наҷот додаву ба роҳи рушду саодат ҳидоят кард. Ба аҳли мулку миллат андарзе гуфт, ки он абадуддаҳр ҳамчун панди раҳнамо дар ҳар гардиши зиндагӣ моро ҳушдор медиҳад, ки: «Мо агар гузаштаи рангину сангин, ғамгину дар ниҳоят босаодату хешро наомӯзем, аз он панд нагирем, ҳеҷ гоҳ ояндаи босуботи хешро бунёд карда наметавонем».
Дар ҳақиқат, бе омӯзиши таърих ва гузаштаи хеш миллатҳои бузурги олам метавонанд мавриди бозиҳои сиёсӣ қарор гиранд. Имрӯз рақибон дини мубини Исломро ба сиёсат кашида, сабаби муқовиматҳо, ҷангҳо, харобиҳои мардумон гашта, ин ҳамаро ба ислом рабт медиҳанд, ки нодуруст аст. Таассубҳои мазҳабӣ, мамлакатҳоеро, ки сокинонаш зиндагии серу пур доштанд, ба доми бало гирифтор намуданд. Дарднок он аст, ки дар сангарҳои набард мусалмонон бар зидди якдигар меҷанганд, ҳамдигарро террорист мехонанд ва дину мазҳабҳои дигар низ онҳоро террорист меноманд ва ба онҳо чун террорист менигаранд.
Халқу Ватани мо, ки ин имтиҳони сангини зиндагиро пушти сар кардаанд, имрӯз бо андешаи кирдори нек, пиндори нек, гуфтори нек амалҳои шоистаро дар ҷодаи бунёдкорию созандагӣ, рушду пешрафт пиёда намуда истодаанд.
Лаҳзае дур аз илму дур аз тарбия будан бар зарари дӯстон ва бар нафъи рақибон анҷом мепазирад. Аз ин лиҳоз тарбияи фарзанд ва ҷомеа пайваста ба таблиғу омӯзиш ниёз доранд. Огаҳ будаву оқилона амал карда, шукри сулҳу ваҳдати бадастомадаро ба ҷо биёрем. Зиракии сиёсиро шиори зиндагӣ намуда, дар шукуфоии Ватани азиз бо дилу нияти нек баҳри ояндаи босаодати худ ҳиссагузор бошем. Зеро иттиҳоду ваҳдат ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар ҷомеа кину пархош мавқеашро устувор кунад.
Имрӯз ҷомеаи тозабунёди мо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасии чунин мавзӯҳои рӯз бетараф набуда, баҳри устувории чунин як давлати тинҷу осуда пайваста талош меварзад.
Хушбахтона дар заминаи татқиқи қонунҳои дахлдор аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моро муяссар гардидааст, ки дар мавриди баргузории ҳамагуна маъракаҳои хеш, рушди дини мазҳаб ва тарбияи дурусти фарзандон муваффақ гардем. Аз ин лиҳоз дар ҳали иҷрои дастуру супоришҳои дахлдор ходимон бо дарки рисолати мақоми хеш пайваста баҳри сайқал додани маънавиёти шаҳрвандӣ дар амал чораҳои судманд меандешанд.
Усмоналӣ Нуров,
муовини Раиси Шўрои уламо, сархатиби шаҳри Бохтар
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар