Асосӣ Мақолаҳо АДОЛАТ ВА ФАЗИЛАТИ ОН

АДОЛАТ ВА ФАЗИЛАТИ ОН

АДОЛАТ ВА ФАЗИЛАТИ ОН
2020-12-03
2590

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Худованд ҳамеша ба адл фармон дода, фармудааст: «Ҳамоно ки Худованд ба адлу накўӣ амр менамояд» (Сураи «Наҳл», ояти 90). Боз хабар дода, ки Ў адл ва одилонро дўст медорад, чунонки фармудааст: «Худованд одилонро дўст медорад» (Сураи «Мумтаҳина», ояти 8).

Маънои адл ин миёнаравӣ дар ҳама корҳост ва адолат сифатест, ки аз ҳар он чи ба одамгарӣ халал мерасонад, парҳез карда шавад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Адлкунандагон дар назди Худо болои минбаре аз нур мебошанд, ҳамон касоне, ки дар ҳукм, хонавода ва зердастонашон адл мекунанд» (Ривояти Муслим). Мақому манзалати адл дар Ислом хеле бузург аст ва савоби он назди Худованд гарон аст. Адл чанд намуд мешавад ва ҳар мукаллафро воҷиб аст, то ба андозаи масъулияташ дар ҳаёти худ адл намояд. Имомро воҷиб аст бо зердастонаш одил бошад. Чунонки Худованд фармудааст: «Эй Довуд, мо туро дар рўи замин халифа гардонидаем. Пас дар байни мардум бо ҳақ ҳукм намо ва пайрави ҳаво машав, ки (он) аз роҳи Худо дурат менамояд» (Сураи «Сод», ояти 26) .

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегўяд: «Ҳафт тоифаро Худованд зери сояи худ мегирад дар он рўзе, ки ҷуз сояи ў сояи дигаре нест: Имоми одил…» (Ривояти Бухорӣ).

Қозӣ бояд дар баровардани ҳукмаш одил бошад. Худованд фармудааст: «Худованд мефармояд то амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед ва чун байни мардум ҳукм намоед, бояд бо адл ҳукм намоед» (Сураи «Нисо», ояти 58).

Бояд падар дар байни фарзандонаш дар ато ва дигар чизҳо адл намояд. Чунин нашавад, ки барои баъзеи онҳо чизе бидиҳад ва дигаронро маҳрум созад, хоҳ писар бошанд хоҳ духтар. Аз Нуъмон ибни Башир омадааст, ки падараш ўро ба назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварда гуфт: Ман барои ҳамин писарам як хурмозореро ки доштам, додам. Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсиданд: «Оё барои ҳамаи фарзандонат хурмозорро додӣ?» Гуфт: Не. Пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: «Додаатро баргардон». Дар ривояти дигар Нуъмон бини Башир мегўяд: Падарам маро ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бурд, то ўро ба чизи ба ман додааш шоҳид кунад. Пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Оё ин корро бо ҳамаи писаронат кардӣ?» Гуфт: Не. Гуфтанд: «Аз Худо битарсед ва дар байни фарзандонатон адл кунед» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Падарон бояд ба ин кор аҳаммият бидиҳанд ва набояд ба як писарашон чизе диҳанду дигаронро аз он маҳрум созанд.

Мусалмон бояд дар гуфтаҳояшон одил бошад. Худованд фармудааст: «Вақте ки сухан мегўед, бояд адлро гўед ва агарчи хешатон бошад» (Сураи «Анъом» 152). Яъне агар сухане гўед ва бар зарари хешатон бошад, бояд адл намоед ва аз адл нагузаред, балки ҳамеша ҳақро бигўед, агарчи он талх аст. Агар ҳақ ба фоидаи шумо ва ё бар зарари шумо ва наздикону муҳибонатон бошад, дар ин ҳолат ҳам аз ибрози он худдорӣ макунед. Худованд фармудааст:

«Эй касоне, ки имон овардаед, шумо дар адл устувор бошед ва барои Худо шоҳид бошед, агарчи бар зидди худ ё волидайн ва ё наздиконатон бошад» (Сураи «Нисо», ояти 135) .

Худованди таъоло ҳамеша ба адл кардан дастур медиҳад, агарчи ба муқобили худ ё хешу бегона бошад ва аз ҳар кас дар ҳама ҷо ва ҳама ҳолат адлро талаб мекунад. Мусалмон бояд адлро ҳатто бо душманонаш истифода барад. Худованд фармудааст: «Ва бадии он қавм, ки аз Масҷидулҳаром берунатон карданд, шуморо дар ҷурм қарор надиҳад, то адлро тарк намоед» (Сураи «Моида», ояти 2). Яъне он бадбиние, ки ба онҳо доред, ба сабаби он ки аз Масҷидулҳаром берунатон намуданд, боис ба он нагардад, ки ҳукми илоҳиро, ки адл аст, нодида бигиреду аз рўи зулму таҷовуз аз онҳо қасос ситонед. Балки ҳукми худро дар асоси адле кунед, ки Худованд барои шумо дастур додааст. Чунончи Худованд фармудааст: «Ва бадии он қавм боиси он нагардад, ки адлро истифода накунед. Шумо адл кунед, ин ба тақво наздиктар аст» (Сураи «Моида», ояти 8). Яъне бадбинии он қавм шуморо ба тарки адл водор накунад, зеро адл барои ҳар кас, дар ҳар ҳолат воҷиб аст. Тавассути адл осмонҳо ва замин устувор истодааст, адлро ҳар кас дўст медорад, ободӣ аз адл аст, амнияти ҷону молу обрўйро мардум дар адл мебинанд.

Мусалмонон бояд дар байни ду тоифаи даргир сулҳ биёрад. Худованд фармудааст: «Ва агар ду тоифаи мўъмин бо ҳам ҷанг кунанд, шумо байни онҳо сулҳ андозед. Ва агар якеи онҳо бар сари дигаре таҷовуз намояд, шумо бо таҷовузгар биҷангед, то он ки ба амри илоҳӣ рўй оварад. Ва агар рўй овард, дар байни онҳо одилона сулҳ андозед. Ва адл намоед, Худованд одилонро дўст медорад» Сураи «(Ҳуҷурот», ояти 9).

Пас агар мўъминон дар асоси адлу инсофи ҳар тоифа дар баробари тоифаи дигар сулҳро ҷорӣ кунанд. Бо ҳамин сафою муҳаббат дар байни мўъминон бародарии динӣ эҷод мегардад. Эй мусалмонон, ин аст дини мо, ки дар асоси адл дар ҳамаи аҳком ва дастуроташ қоим аст.

Худованд фармудааст: «Калимоти Парвардигорат аз рўи сидқ ва адл пурра гашт» (Сураи «Анъом», ояти 115). Худованд дар хабар доданаш содиқ ва дар аҳкомаш одил буда, ҷабру зулму бедодгариро қабул надорад ва бо касе ошнобозӣ намекунад. Ў ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҳамроҳи ҳақ аст, барои вафо намудан дар аҳду паймонҳо ҳатто бо кофирон амр кардааст. Худованд фармудааст: «Ва агар аз қавме тарси он дошта бошӣ, ки хиёнат мекунанд, пас ту ҳам паймонро бекор кун. Ҳамоно ки Худованд хоинонро дўст намедорад» (Сураи «Анфол», ояти 57). Яъне агар аз қавми ҳамаҳдат хавф дошта бошӣ, ки ба аҳди худ хиёнат мекунад, аҳдашро ба он қавм баргардон. Яъне ба онҳо хабар деҳ, ки аҳди байни мо ва шумо бударо бекор кардам. Бо ҳамин тариқ, онҳо дар фикри бақои аҳд нашуда, туро хоин нахоҳанд гуфт. Дине, ки чунин сифат дошта бошад, албатта, барои ҳар замону ҳар макон салоҳият дорад. Худованд фармудааст: «Ин аст дини дуруст, вале аксари мардум намедонанд» (Сураи «Юсуф», ояти 40).

Дини мубини Ислом пайравони хешро ҳамеша ба ростиву садоқат ва муомилаи нек бо дигарон тавсия менамояд. Адолату ростӣ тарозуи дин аст, ки мусулмон ба василаи он тамоми корҳои хешро бармекашад ва ҳаққи ҳар шахсро ба соҳибаш медиҳад. Оре, дини Ислом дини поку беолоиш, роҳи одобу ахлоқ, мактаби адолату инсонпарварӣ мебошад.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар