Асосӣ Мақолаҳо АГАР БАНДА ЧОБУК НАБОШАД БА КОР...

АГАР БАНДА ЧОБУК НАБОШАД БА КОР...

АГАР БАНДА ЧОБУК НАБОШАД БА КОР...
2021-06-10
1253

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Бозорҳо ва дӯконҳои пур аз маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум, инчунин дастархони бо файзу баракати шаҳрвандон аз неъматҳои гуногуни худододӣ, ҳамаи  ин маҳсули  меҳнати  ҳалол ва заҳамоти шабонарӯзии марди  деҳқон, боғдорон  ва онҳоест, ки дар ин соҳа шабу рӯз дар ин фасли гармо кор ва меҳнат мекунанд.

       Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Кадом мусулмоне  дарахте бишинонад ё зироате бикорад (яъне кишоварзӣ кунад), парранда, инсон ва ё ин ки чорпое аз он бихӯрад, дар номаи аъмоли он банда садақа навишта мешавад». Ва равиши табиат ҳам ҳамин аст, ки меҳнати деҳқонро пеш аз ҳама парранда, баъд аз он инсон ва дар охир чорпоён (яъне ҳайвонот) истифода мебаранд.

       Паёмбари Худо (с) дар ин ҳадис уммати худро ба меҳнати ҳалол, он ҳам бошад, ба боғдорӣ ва кишоварзӣ даъват ва  таблиғ менамояд, зеро аз ин ду навъи меҳнат, ҳаёт ва зиндагии  мардум вобастагии хеле зиёд дорад. Ваҷҳи дигари ҳадис ин аст, ки ҳар коре, ки бандаи Худо мекунад, бояд дар он нияташ холис дар роҳи ризои Худо бошад. Дар ин сурат, амал ва фаъолияти ӯ баробари рафъи ниёзҳои мардум, инчунин садақаи ҷория  маҳсуб мешавад, ва савобаш то рӯзе, ки парранда, инсон ва  чорпоён аз он истифода мебаранд, ба соҳибаш мерасад. Яъне  мақсад аз меҳнат танҳо ниёзҳои худ не, балки нафъу фоида ба мардум ҳам расонидан дар мадди аввал аст.

         Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ягон нафаре таъоме беҳтар  аз ин, ки бо дастони худ меҳнат карда пайдо кардааст, нахӯрдааст ва Паёмбари Худо Довуд (а) аз  меҳнати дастони  худ  рӯзии  худро меёфтанду мехӯрданд». Ҳазрати Довуд (а) оҳангарӣ  мекарданд, дар ҳоле ки ҳама нўшу неъмат барои ӯ муҳайё буд, бо вуҷуди ин ҳама аз касби оҳангарӣ маош ва ниёзи хонаводаи худро таъмин мекарданд.

          Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ҳар яке аз Шумо (агар ниёзманд бошад), ки ресмоне бардошта ба биёбон биравад ва дарзаи ҳезум бар пушти худ гузошта оварда бифурӯшаду бо ин васила бо тавфиқи Худо худро аз зиллату хории гадоӣ наҷот диҳад, хеле беҳтар аз он аст, ки ба назди мардум дасти гадоӣ дароз кунаду мардум ба ӯ чизе бидиҳанд ё надиҳанд». Яъне нанг ин меҳнати ҳалол аст, агар он меҳнати ҳалол аз кӯҳ ҳезум ҷамъоварӣ кардан, бар пушти худ бор кардану ба мардум фурӯхтан ҳам бошад.

         Паёмбари Худо (с) дар овони ҷавонӣ гӯсфандчаронӣ мекарданд ва дар баробари ин хидмат маоши  зиндагии худро меёфтанд ва бо мурури вақт ба кори тиҷорат ҳам машғул шуданд ва аз даромади он амаки худро низ, ки фарзандҳои зиёд дошт, кумак мекарданд.

         Шахсе аз мардуми ансор назди Паёмбари Худо (с) омада изҳори ниёзмандӣ кард, яъне аз эшон чизе хост: Он ҳазрат фармуданд: Оё дар хона чизе дорӣ? Мард ҷавоб дод: Як дона гилем, ки қисме аз онро паҳн мекунем ва бо қисми дигари аз он худро мепўшонем ва як косаи обнӯшӣ ҳам дорем. Паёмбари Худо (с) фармуданд: Бирав ва он ҳардуро биёр. Чунонки он шахс рафту гилем ва косаро гирифта овард. Он ҳазрат ҳардуро дар даст гирифта эълон карданд: Чӣ касе инҳоро мехарад? Яке аз ҳозирин гуфт: Ман, эй Расули Худо, ба як дирҳам мехарам. Он  ҳазрат  чанд  бори дигар фармуданд: Чӣ касе беш аз як дирҳам мехарад. Шахси дигаре гуфт: Ай Расули Худо, ман ба ду дирҳам мехарам.Он ҳазрат онҳоро ба ӯ доданду ду дирҳамро гирифта ба марди ансорӣ дода фармуданд: Бо як дирҳам барои аҳли хонадонат хўрокворӣ бихар ва бо дирҳами дигар тешае харидорӣ кун ва ба назди ман биё. Он мард ҳамчунон кард ва тешаеро ба назди Паёмбар (с) овард. Он  ҳазрат бо дастони мубораки худ дастаи маҳкаме дар он теша карду фармуд: Бирав ба саҳро ва кӯҳҳо, ҳезум ҷамъ карда биёр ва ба мардум бифурӯш ва давоми понздаҳ рӯз назди ман набиё. Чунонки он ансорӣ рафту тибқи роҳнамоии он Ҳазрат аз биёбон ҳезум оварда мефурӯхт. Ва дар ин муддат аз ин меҳнат соҳиби  даҳ дирҳам шуда буд. Бо қисме аз он маблағ сару либос ва бо  қисми дигари аз он барои хонадони худ хўрокворӣ харида назди Паёмбари худо (с) омад. Расули акрам (с) ҳоли ӯро дида фармуданд: Аз меҳнати дасти хеш хӯрдан беҳтар аз он аст, ки дар рӯзи қиёмат нишонаи гадоӣ аз мардум дар пешонаат намоён бошад.

Аз рафтану баргаштани бисёр бипурс,

Аз тоқати лаҳзаҳои душвор бипурс.

Сахтии ҳалол нон дароварданро,

Аз мӯрчаҳои рӯи девор бипурс

         Аҳодиси дар боло зикршуда ҳама даъват, таблиғ ва тарғиб ба сӯи касбу кор ва меҳнати ҳалол аст. Инсон қобилияти ҳамаи касбу корро дорад, танҳо каме кӯшишу ғайрат, чусту  чолокӣ ва аз ҳар ҷое, ки нон ба даст меорад, бо сари баланд ва ифтихори бузург онро анҷом диҳад, Худованд ҳам ӯро дар ин роҳ азизу муҳтарам медорад. Шайх Саъдӣ дар ин маънӣ фармудааст:

Агар банда чобук набошад ба кор,

Азизаш надорад Худовандгор.

Зикрулло Ҳомидов

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар