ҲАМЕША БО ВАТАН ВА БО ХАЛҚУ МИЛЛАТ ХУД БОШЕМ!
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо зиёиёни мамлакат қайд намуда буданд, ки:
«Дар воқеъ таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».
Мо ҳамагон хуб медонем, ки дар давраи аввали соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон душманон чи бало ва кулфатеро ба сари миллати мо оварданд. Ҳануз аз ёди насли калонсол гуруснагию катлу ғорат ва нооромиҳои он давра фаромўш нашудааст. Воқеан ҳам, чун ба ёд меорем, ҳар маҷлису маърака бо ҷангу ҷанчол ба анҷом мерасид. Кас ҳарос мекард, ки сухани ҳақро баён кунад. Ягон иззату эҳтироме байни хурду калон ва шогирду устод мушоҳида намешуд. Яъсу ноумедӣ ҳамаро фаро гирифта буд.
Шукри Худованд, ки имрўзҳо ба тинҷиву амонӣ расидаем. Дар кишвари азизамон ҳама неъматҳо фаровонанд, ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ҳимоя карда мешавад. Якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳукумфармост.
Мо бояд шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо орем. Худованди таъоло дар ояти 7-ми сураи «Иброҳим» мефармояд:
«Агар Шумо шукр кунед, ҳар оина неъматамро барои шумо фаровон мекунам. Ва агар ношукрӣ кунед, пас азоби ман дарднок аст».
Расули акрам (с) мефармоянд: «Ду неъмат аст, ки мардум аз он ғофил мемонанд - амн ва офият» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, боби «Шукр», ҳадиси 1922 с).
Мо бояд Ватан ва миллати худро дўст дорем. Яке аз нишонаҳои ватандўстӣ он аст, ки дурандеш бошем, нисбат ба мушкилоти ватанамон бепарво набошем. Пешрафти ватанамонро пешрафти худ ва нуқсони онро низ, ҳамчун мушкилоти худ арзёбӣ кунем. Пайғамбари Худо (с) пештар аз фитнаҳои охири замон хабар дода буданд:
«Зуд аст, ки уммати ман ба 73 гурўҳ, (фирқа) ҷудо мешаванд, ки 72 гурўҳи онҳо аҳли ҳавову бидъат (аҳли залолат) ҳастанд». Пайғамбар (с) таъкид карданд, ки шумо ҳамеша бо ахли суннат ва ҷамоат бошед» («Сунан»-и Тирмизӣ, ҳадиси 2192, «Муснад»-и Имоми Аъзам, ҳадиси 1388/13).
Акнун чанд ҳадиси дигарро оид ба фитнаҳои охирзамон ёдовар мешавем:
«Шитоб кунед, барои анҷом додани амалҳои солеҳ қабл аз зоҳир шудани фитнаҳо мисли шаби торик. Зеро баъди зоҳир шудани он субҳ мард муъмин аст ва шом кофир мешавад ва ё шом муъмин аст ва субҳ кофир мешавад ва дини худро ба манфиати ночизи дунявӣ мефурўшад». (Ривояти Имом Муслим, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).
Ҳазрати Расули акрам (с) дар ҳадиси дигари худ мефармоянд:
«Дар ҳақиқат шайтон гурги (ғораткунандаи) инсон аст, мисли гурги гўсфанд. Гург гўсфанди «шозаро» шикор мекунад (осон мегирад), яъне гўсфандеро, ки мегурезад ва аз рама ҷудо мегардад. Ё гўсфанди «косия», яъне гўсфандеро, ки ба хотири чаридани ҷойи хуб аз рама ҷудо мегардад. Ё гўсфанди «ноҳия», яъне гўсфандеро, ки дар гўшае танҳо мемонад ва чўпон аз ў ғофил мемонад. Шумо аз «шиъоб» худдорӣ кунед, яъне гурўҳи алоҳида нашавед ва аз гурўҳи алоҳида шудан ҳазар кунед, ҷамоат ва якҷоягӣ бо оммаи мардумро бар худ лозим гиред»
Ҷавонони олиҳимати азиз, ҳамеша бо ҷамоат, бо Ватан, бо халқу миллати худ бошед, ба қадри заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасед, фирефтаи суханони нарму ҷаззоби ифротиён нагардед! Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро пеши назар оварда, сиёҳро аз сафед, дўстро аз душман ҷудо кунед! Баҳри боз ҳам ободтар гардидани диёрамон саъю кўшиш намоед, зеро ин диёр хонаи муқаддаси ману шумост!
Умар Абдураҳмонов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи «Мавлавӣ Муҳаммадҷон»-и
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар