Асосӣ Мақолаҳо РОСТӢ МУҶИБИ РИЗОИ ХУДОСТ

РОСТӢ МУҶИБИ РИЗОИ ХУДОСТ

РОСТӢ МУҶИБИ РИЗОИ ХУДОСТ
2022-10-27
1009

Яке аз ахлоқи накӯ, ки имрӯзҳо хеле камранг шудааст, садоқат ва ростӣ ва ростгӯӣ аст. Аз сабаби он, ки вақтҳои охир ин ахлоқи ҳасана аз миёни мо доман кашида, қариб моро тарк намудааст, дар миёни ҷомеа нооромӣ ва нобоварӣ ба маротиб афзудааст. Дар натиҷаи ин нобоварӣ ва камранг шудани садоқату ростӣ шакку тардид ҷамъиятро фаро гирифта, аксарият эҳсоси оромиш ва роҳатро аз даст додаанд. Ҳар гоҳ нафарони зиёди ҷомеа дучори парешонию нороҳатӣ гарданд, ҷомеаи инсонӣ низ суботу осоишро аз даст медиҳад. Ҳамаи ин натиҷаи аз ростӣ рӯйгардон шудан ва ба дурӯғ рӯ овардани инсон аст. Агар мардум баракат ва манфиати ростиро ҳис мекарданд ҳаргиз дурӯғро истифода намекарданд. Худованди мутаъол дар каломи поки худ, дар сураи муборакаи “Моида” ояти 119 мефармояд: “Худо гуфт: “Ин рӯзе аст, ки дар он ростгӯёнро ростии онҳо нафъ кунад, барои онҳо бӯстонҳое бошад, ки аз зери он ҷӯйҳо меравад, дар он ҷо ҳамеша ҷовидонанд; Худо аз онњо хушнуд шуд ва онҳо аз Худо хушнуд шуданд. Ин растагории бузург аст”. Ва Пайғамбари Худо (с) низ дар ин росто мефармоянд: “Он чи, ки туро ба шакку тардид меандозад раҳо карда ва ба сӯи чизе бирав, ки туро ба шак водор намекунад, чаро ки садоқат мояи оромиш ва дурӯғгӯи мояи шакку тардид аст” (Имом Тирмизӣ).

          Вақте дурӯғгӯӣ ом мегардад инсон дар ҳолати нигаронию саргаштагӣ ба сар мебарад, зеро шак ба қалби инсон роҳ меёбад ва дар натиҷа ба инсони саргардону нохушнуд табдил меёбад, ки дарунаш ба ҳеҷ гуна амале итминон пайдо намекунад ва ҳеҷ гуфтору кирдореро тасдиқ наменамояд. Ҳамин сабаб аст, ки зиндагиаш ба бадбахтии ҳамешагӣ табдил меёбад. Баръакси ин, ростӣ ва ростгӯӣ инсонро мутмаин месозад, қалбашро ором нигаҳ медорад ва ў зиндагиашро бо фараҳмандӣ пеш мебарад. Чунончи дар таҷрибаҳо собит аст, инсони ростгӯ ҳамеша сарбаланду обрӯманд аст.

           Дар шарҳи ҳоли Имом Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) омадааст, ки вақте модарашон ба сафари илмомӯзӣ равонашон менамуд, таъкиди зиёд намуд, то ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяд. Вақте дар аснои сафар роҳзанон ба эшон ҳамла бурданд ва корвонро ғорат намуданд, яке аз онҳо аз Имом, ки он замон наврас буданд, пурсид: “Чӣ миқдор пул дорӣ?” Имом Бухорӣ ҷавоб доданд: “Чиҳил динор”. Пурсанда гумон кард, ки шӯх: мекунад ва ба ӯ эътиное накарда гузашт. Роҳзани дигаре омада ҳамин саволро ба ӯ дод ва ҳамин ҷавобро аз эшон гирифт. Ин мард Имомро назди сардорашон бурд. Сардор низ аз ӯ пурсид, ки бо худ чи дорад ва ҳамон ҷавоби чиҳил динорро шунид. Сардори роҳзанон бо ҳайрат пурсид: Чаро рост мегӯӣ? Имом ҷавоб дод: “Бо модарам аҳд бастаам, ки ростгӯ бошам. Метарсам, ки аҳдашро бишканам”. Тарсу ваҳшат саропои сардори дуздонро фаро гирифт ва фарёдзанон гуфт: “Ту метарсӣпаймони модаратро бишканӣ, ҳол он, ки ман аз паймоншиканӣ аз Худо наметарсам?!

             Сипас фармон дод то ҳар чи аз қофила гирифтаанд, бозпас гардонанд ва ба Имом рӯ оварда фармуд: “Ба дасти ту ба даргоҳи Парвардигор тавба кардам!”.

            Чун дигар роҳзанон ин амалкарди сардори худро диданд гуфтанд: “Ту сардори мо барои роҳзанӣ будӣ, имрӯз сарвари мо дар тавба ҳастӣ”. Ва ҳамагӣ ба баракати ростгӯии Имом Бухорӣ тавба карданд.

            Оре! Ростгӯӣ роҳи наҷот аст. Агар банда содиқ ва ростгӯ аст, самараи онро дар ин дунё ва ҳам дар охират хоҳад дид. Ва баръакси ин, дурӯғ ва дурӯғгӯӣ як одати бад ва хислати разила аст, ки гӯяндаашро беобрӯ, беқадру манзалат, шармсор ва радди маърака месозад. Шахси дурӯғгӯро касе бовар намекунад ва ҳеҷ соҳибақле бар ӯ эътимод наменамояд. Ҳатто ҳайвонот низ аз дурӯғ мутанаффир ва безоранд. Шахсе гӯяд: “Боре дар саҳро нишаста будам, ба махлуқоти Худо менигаристам ва аз санъати Худо дар ҳайрат будам. Мӯрчаеро дидам, ки дар ҷӯстуҷӯ ва такопӯ атрофам чарх мезад. Донистам, ки рӯзии худро меҷӯяд ва пас аз хеле ҷӯстӯҷу бо пои малахе бархӯрд. Онро ба кашидан оғоз кард ва хело талош намуд, вале он пои малах хело бузург буду мӯрча аз он якчанд маротиба хурдтар буд. Онро гузошт ва ба сӯе рафт. Муддате гузашт ва он мӯрча бо гурӯҳе аз мӯрчагон баргашт. Чун дидам, ки онҳо бисёрӣ омадаанд, донистам, ки ҳамроҳонашро барои бурдани пои малах овардааст. Барои он ки каме саргарм шавам, он пои малахро гирифтаму пинҳон кардам. Мӯрчаҳо бисёр ҷустуҷӯ карданд ва ниҳоят ноумед шуда баргаштанд. Чанд лаҳза пас дидам, ки он мӯрчаи аввалӣ баргашт. Ман ҳам пои малахро дар наздаш гузоштам ва ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба кашидан оғоз кард ва то нотавон шудан кӯшиш намуд. Чун дид, ки имкони бурдани онро надорад, боз ба ҳамон самти аввалӣ рафт ва чанде пас бо ҷамъи мӯрчагон, ки ба гумони ман ҳамон маҷмӯаи пешина буданд, баргашт. Маро ханда омад ва бори дигар пои малахро пинҳон кардам. Мӯрчагон бо ғайрати тамом пасу пеш ва кунҷу канорро ҷустӯҷӯ карданд ва чизе наёфтанд, пас ҳамагӣ ба он мӯрчаи роҳнамо ҳамла намуда, ӯро пора­пора намуданд. Ман аз ин рӯйдод сахт мутаассир шудам, зеро он мӯрчаи бечора ба сабаби як шӯхии беҷои ман кушта шуд. Мӯрчагон ӯро ба ин сабаб куштанд, ки гумон карданд ба онҳо дурӯғ мегӯяд!

          Натанҳо мӯрчаҳо, балки ҳайвоноти дигар низ дурӯғро гуноҳи бузург медонанд ва соҳибашро ба қатл мерасонанд.

Ва бузургон чи накӯ фармудаанд:

Забони покро ҳайф аст бисёр,

Ки бо лафзи дурӯғ олуда созӣ.

        Забон як неъмати бебаҳоест барои ҳар як сухангӯянда, ки қадри онро шояд касоне донанд, ки аз сухан гуфтан маҳруманд. Барои ҳеҷ соҳибақл арзанда нест, ки ин неъмати худододиро ба дурӯғ, тӯҳмат, ғайбат ва беҳуда истифода кунад, то боиси озори халқи Худо гардад. Мисоли инро дар туҳматҳои беасоси баъзе гурӯҳҳои ифротгаро мушоҳида менамоем. Дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии моро, ки аксари роҳбарони давлатҳою сиёсатмадорони хориҷӣ ва ВАО-и оламӣ баҳои баланд додаанд, нодида гирифта, сафедро сиёҳ нишон медиҳанд, саъю кӯшиш менамоянд гулистонро харобазор муаррафӣ намуда, ба сулҳу сафо, ҳаёти осоиштаи мардум лакнат ворид созанд:

Забон омад аз барои шукру сипос,

Ба ғайбат нагардонадаш ҳақшинос.

Ҷамолиддин Хомушӣ,

сардори Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар