Асосӣ Мақолаҳо ТАҚВО САРЧАШМАИ ҲАМАИ НАКЎИҲОСТ

ТАҚВО САРЧАШМАИ ҲАМАИ НАКЎИҲОСТ

ТАҚВО САРЧАШМАИ ҲАМАИ НАКЎИҲОСТ
2022-12-31
837

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.

Хислати накуе, ки бештар дар Қуръони карим мадҳ шудааст, ин тақвост. Ҳеҷ хайри деру зуд ва ошкору ниҳоне дида намешавад, магар ин ки тақво бо он алоқа дошта, барои он васила ва роҳнамо мебошад. Ҳеҷ бадии зуду дер ва ошкору ниҳоне дида намешавад, магар ин ки тақво нигаҳдори мустаҳкам ва ҷавшани қавист. Тақво чизест, ки Худованд аввалину охиринро ба он васият намудааст. Худованд мефармояд: «Азони Худованд аст он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва дар ҳақиқат мо касонеро, ки пеш аз шумо барояшон китоб дода шуда буд ва ҳамчунин шуморо васият кардем, ки аз Худо битарсед. Ва агар шумо кофир шавед, пас (бидонед) аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва Худованд бениёз ва шоистаи ситоиш аст» (сураи «Нисо», ояти 131).

Тақво ин даъвати паёмбарон ва шиори авлиё буд. Ҳар паёмбар барои қавми худ мегуфт «Оё тақворо пеша намегиред?» (сураи «Шуаро», ояти 106). Дўстони Худованд буданд, ки имон оварда ботақво мешуданд.

Тақво дар асл он аст, ки банда байни худ ва он чӣ аз он метарсад, чизеро ҳамчун муҳофиз қарор диҳад. Дар ҳақиқат шоистаи тақво Худованд аст ва Ўст, ки бояд аз Ў тарсид ва бузургу гиромӣ дошт. Тақво ба қавли Ҳазрати Алӣ (р) чунин аст: «Тарс аз Худо, амал ба Қуръон, қаноат ба андак ва омодагӣ барои рўзи реҳлат». Аз бандагони Худо касеро муттақӣ мегўянд, ки виҷдони соф ва тарси ҳамешагӣ аз Худо дошта бошад. Тақво пурра мегардад, вақте бандаи мўъмин аз Худованд ба дараҷае сахт метарсад, ки ҳатто аз баъзе корҳои мубоҳ низ даст мекашад. Ин аз хавфи он аст, ки мабодо он мубоҳ ҳаром бошад, ё ин ки аз корҳои шубҳанок дурӣ меварзад, то он пардае байни ў ва байни ҳаромҳо гардад, ин кор агарчи дар назар кори хурд ҳам намояд. Худованд барои бандагонаш, ки ба сўи Ў бармегарданд чунин мефармояд: «Пас ҳар кассе ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро мебинад. Ва ҳар ки ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, кайфари онро мебинад» (сураи «Зилзол», оятҳои 7/8).

Дар Қуръони маҷид сифатҳои зиёде барои аҳли тақво ва гиромидошти ишон ва баландии қадрашон омадааст. Чунончи Худованд мефармояд: «Касоне ҳастанд, ки ба ғайб имон оварда, намозро барпо медоранд ва аз он чӣ барояшон рўзӣ додаем, нафақа мекунанд. Ва касонеянд, ки ба он чӣ бар ту нозил шудааст ва ба он чӣ бар паёмбарони пешин нозил шудааст, имон дошта ва ба рўзи охират яқин доранд» (сураи «Бақара», оятҳои 3-4). Боз Худованд дар васфи муттақиён мефармояд: «Некўкорӣ он нест, ки рўи худро ба тарафи машриқу мағриб мутаваҷҷеҳ кунед; валекин некўкорӣ он аст, ки кас Худо ва рўзи қиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайғамбаронро бовар дорад; ва молро – бо вуҷуди онро дўст доштанаш – ба хешовандон ва ятимон ва фақирон ва мусофирон ва суолкунандагон бидиҳад ва дар боби бардаҳо [харҷ кунад]; ва намозро барпо дорад; ва закотро бидиҳад; ва чун аҳд кунанд, ба аҳди хеш вафокунандагон; ва дар тангдастию сахтӣ ва ба вақти корзор сабркунандагон; инҳо ростгўёнанд ва ҳам инҳо парҳезгоронанд». (сураи «Бақара», ояти 177).

Тақво гиреҳҳои дилро боз мекунад ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд: «Ва тақводор шавед, Худованд ба шумо омўзиш медиҳад» (сураи «Бақара», ояти 282). Тамоми роҳнамоиҳои Қуръони карим танҳо ба сўи нафсҳои ботақво ва дилҳои пок ва қалбҳои дур аз гумроҳӣ равона шудааст. Тавассути тақво метавон ҳақро аз ботил ҷудо кард ва метавон тавассути он дониш ҳосил кард, ки корҳоро равшан намояд ва нуре, дарёфт намуд, ки дилҳоро кушояд. Ҳамчунон ки Худованд мефармояд: «Эй касоне ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба Паёмбараш имон оваред, то аз раҳматаш шуморо ду баҳра бубахшад ва барои шумо нуре қарор диҳад, ки бо он роҳ биҷўед ва шуморо мағфират намояд ва Худованд омўрзандаи меҳрубон аст» (сураи «Ҳадид», ояти 28).

Қабули амалҳо танҳо дар зери тақво ҳосил мешавад. Худованд мефармояд: «…Ҷуз он нест, ки Худо аз парҳезгорон қабул мекунад» (сураи «Моида», ояти 27). Баландтарин иззату обрў низ танҳо барои соҳибони тақвост. Худованд мефармояд: «Ҳамоно, мукаррамтарини шумо назди Худованд ботақвотарини шумост» (сураи «Ҳуҷурот», ояти 13). Онҳо аз оташи дўзах раҳоёфтагонанд. Худованд боз мефармояд: «Ва Худованд касонеро, ки тақво варзидаанд, ба хотири имонашон наҷот медиҳад ва ба онҳо азоб намерасад ва онҳо ғамнок намегарданд» (сураи «Зумар», ояти 61). Дар дори шодмонӣ танҳо муттақиён ба комёбиҳо ноил мегарданд. Худованд мефармояд: «Ин ҳамон ҷаннатест, ки онро ба бандагони парҳезгорамон медиҳем» (сураи «Марям», ояти 63).

Ҳазрати Алӣ (р) муттақиёнро чунин тавсиф намудааст» «Онҳо аҳли фазланд, суханашон дуруст, либосашон миёна, равишашон бо тавозуъ, чашмони худро аз ҳаром пўшида, гўши худро тарафи чизе равона мекунанд, ки аз он фоидае бошад. Дар вақти сахтӣ тан дармедиҳанд, ҳамчунон ки дар вақти осудагӣ таслим мешаванд. Худоро дар дилҳояшон бузург медоранд, аз ин рўй ғайри Худо ҳама чиз дар назарашон ночиз намоён мешавад. Дилҳояшон пур аз ғам аст, аз бадии онҳо ҳама осудаанд, матлабашон аз ин дунё кам аст ва нафсашон аз он пок. Чанд рўзи кўтоҳеро бо сабр мегузаронанд, пас Худованд барояшон роҳати абадӣ медиҳад. Шабона дар сафи намозанду машғули тиловат. Ҳамеша хоҳони наҷот ёфтан аз табоҳӣ ҳастанд. Аз амалҳои шоиста ба андак розӣ нестанд ва агар бисёр амал намоянд ҳам, онро бисёр намеҳисобанд. Аз Парвардигори худ тарсонанду аз корҳои карда дар ҳасрату надомат. Гуруснагиро бардошт мекунанду дар сахтӣ собиронанд ва ба неъматҳо сипосгузор. Орзуҳояшон қарибанду лағжишашон кам. Умеди хайр аз онҳо зиёд аст ва аз бадиашон дар амон».

Дар тақво сидқ таҷаллӣ намекунад, магар вақте ки дар ошкору ниҳон тақвояш яксон бошад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муоз (р) гуфтанд: «Аз Худо битарс ҳар ҷое, ки бошӣ» (Ривояти Тирмизӣ).

Замоне ки инсон хато кард ва шаҳваташ ғолиб омад, дар ин ҳангом тақво кори худро мекунад. Шахси ботақво зуд ба сўи Худои худ бозмегардад ва ба раҳмати Ў паноҳ мебарад ва аз шайтонаш фирор мекунад. Худованд мефармояд: «Дар ҳақиқат касоне, ки тақводор гаштанд, чун васвасае аз шайтон ба онҳо расад, дар ин ҳангом ба ёд меоранд ҳақро ва дарк мекунанд» (сураи «Аъроф», ояти 201). Боз Худованд мефармояд:  «Ва касоне, ки чун кори ношоямеро анҷом диҳанд ва ё бар худ ситам намоянд, Худоро ба ёд меоранд ва аз Ў барои гуноҳҳояшон омўрзиш металабанд. Ва кист ғайри Худованд, ки гуноҳонро омурзад? Ва онҳо огоҳона бар гуноҳ исрор наварзанд» (сураи «Оли Имрон», ояти 135). Ба ростӣ, аҳли тақво дар миёни мўъминон дар мақоми баланд қарор доранд. Аз раҳмати Худованд барои бандагонаш ва аз осонии ин дин аст, ки ҳар гунаҳкор ва бадкоре, ки тавба намуда ба сўи Худованди худ бозгардад ва ба гуноҳаш исрор наварзад, аз ҷумлаи муттақиён ба шумор меравад. Он кас, ки камбудӣ намудааст, чун тавба кунад, дар охири саф ва поёни рўйхат нест, балки ў метавонад болотарин мақомро соҳиб шавад, агар тавбааш содиқ бошаду бозгашташ ҳақиқӣ. Худованд мефармояд: «Мукофоти онҳо омурзиши Парвардигор ва боғҳое аст, ки аз зери он ҷўйҳо равон аст ва дар он ҷовидон мемонанд. Ва чӣ хуш аст подоши накўкорон» (сураи «Оли Имрон», ояти 136).

Саноии Ғазнавӣ дар боби тақво мефармояд:

Даст дар имони Ҳақ зан, то зи дўзах бигзарӣ,

То ба дўзах-дар нагўяндат «фаҳум ло юъминўн».

Тўша аз тақво кун андар роҳи Мавло, то магар

Дар раҳи уқбо нагўяндат «фаҳум ло яттақўн».

Дар китоби Худо тақво бисёр зикр шуда ва чӣ миқдор хайре барои он омадааст, чӣ миқдор савобе барои муттақиён ваъда дода шуда, комёбиҳо ва каромате ба он вобаста шудааст. Худованди таъоло муттақиёнро бо ҳамроҳ будани худ рабт додааст. Ҳамроҳии муҳофазат ва парвариш. Ҳамроҳии кўмаку ёрӣ. «Шумо аз Худо битарсед ва дониста бошед, ки Худованд ҳамроҳи муттақиён аст» (сураи «Бақара», ояти 194). «Ҳамоно Худованд ҳамроҳи касонест, ки тақво доранд ва касоне, ки накўкор ҳастанд» (сураи «Наҳл», ояти 128). Аммо дар савоби ин дунё ва хайроти он тақво калиди ҳамаи неъмату баракат, ризқу рўзӣ ва амонию осонист. «Ва агар онҳо имон оваранду ботақво гарданд, ҳароина савобе, ки назди Худованд аст беҳтар аст, агар онҳо бидонанд» (сураи «Бақара», ояти 103). «Ва агар аҳли диёр имон оваранд ва тақво варзанд, дар ҳақиқат мо барои онҳо баракатҳоро аз осмонҳо ва замин мекушоем» (сураи «Аъроф», ояти 96). «Ва ҳар ки аз Худо битарсад, барояш кушоиш медиҳад ва барояш аз ҷое ризқ медиҳад, ки дар ҳисобаш набуд» (сураи «Талоқ», оятҳои 2-3). «Ва ҳар ки аз Худо битарсад, барои ў дар корҳояш осонӣ меорад» (сураи «Талоқ», ояти 4). «Эй фарзандони Одам! Агар ба назди шумо паёмбарони ман омаданд, ки бароятон оятҳои манро мехонданд, пас агар ҳар ки ботақво гардад ва ислоҳ шавад пас на тарсест барои онҳо ва на онҳо ғамгин мешаванд» (сураи «Аъроф», ояти 35).

Худованд бо карами хеш мо ва шуморо аз ҷумлаи эшон бигардонад. Пас шумо бо тақво омодагиятонро гиред, ки он беҳтарин омодагист. Ва ҳамдигарро ба он насиҳат намоед, ки он беҳтарин насиҳат аст. Умар ибни Абдулазиз (рҳ) ба марде чунин нома навишт: «Туро ба тақвои Худованди азза ва ҷалла насиҳат мекунам, ки Худованд амалро бидуни он қабул намекунад ва раҳм намекунад, магар аҳли тақворо ва савоб намедиҳад магар муттақиёнро. Дар бораи тақво суханварон хеле зиёданд, вале ба он амалкунандагон хеле каманд. Худованд мову шуморо аз ҷумлаи муттақиён гардонад». Марде ба дўсти худ навишта: «Туро ба тақвои Худованд васият менамоям, зеро он азизтарин чизест, ки дар ниҳони ман аст ва бузургтарин чизест, ки дар зоҳири ман аст ва беҳтарин чизест, ки ман ҷамъ намудаам. Худованд мову шуморо мадад расонад ва савоби тақворо ба ману ту арзонӣ диҳад».

Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин маврид фармудааст:

Саъдӣ раҳи Каъбаи ризо гир,

Эй марди Худо дари Худо гир.

Бадбахт касе, ки сар битобад,

З-ин дар, ки даре дигар наёбад.

Худованд ҳамаи моро аз ҷумлаи муттақиён гардонад, дилҳоямонро бо тақво ва баданамонро бо тоат ва забонамонро бо зикру дуо обод созад. Омин!

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар