ВАТАН - БЕҲТАРИН САРМОЯИ ИНСОН
«Бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст».
Эмомалӣ Раҳмон.
Ватан барои ҳар як инсон мисли падару модар азиз аст, оғозгоҳи меҳру муҳаббатҳост. Зеро Ватан аст, ки аз хоки зархезаш бо хости Худованд рӯзии беминнат ба даст оварда, аз ҳавои атрогинаш нафас мегирем. Баробари ба забон овардани ин вожаи руҳнавоз обу хок ва сарзамини муқаддасе, ки дар он парвардаву бузург шудаем, пеши назар меояд. Хушбахтона имрӯз Тоҷикистон аз шумули он кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад. Родмардони шуҷои Ватан ва ҷавонони сарбаланду хуштолеъ пуштибони ин марзу буми аҷдодиянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки миллати тамадунсозу тамадунофари тоҷик ба найрангҳои бадхоҳон ва нотавонбинон гирифтор нахоҳад шуд. Ақлу хирад ва заковати азалии миллати тоҷик ҳамеша побарҷост ва доимо сулҳу субот ва амну амониро таранум хоҳад кард.
Ҳар яки мо барои ин ганҷи муқаддасро ҳифзу нигоҳубин кардан бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем ва онро баробари ҷони хеш дӯст дорем.Табиист, ки ҷойгоҳи Ватан ва арзиши ватандориро бештар онҳое дарк мекунанд, ки инсонҳои бедордилу равшанфикр ҳастанд. Дар ин росто, рисолати касбии омӯзгорон хизмати шоиста ба халқу Ватан мебошад. Ҳамзамон тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла волидону омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва нангу номуси ватандориро дар қалби хеш ҷо намоянд.
Ҷавонони шарафманду ватандӯст бояд анъанаҳои беҳтарини ниёгонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти он, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо ва арзандаи худро гузоранд. Пайваста пойдории сулҳу суботи кишварро пуштибонӣ намуда, ҳамеша дар фикри пешравию рушди ин марзи муқаддас - Тоҷикистони биҳиштосо бошем. Нагузорем, ки пойи ҳасудону чашми нотавонбинон ба ин хоки аҷдодиямон расаду вазъи ороми моро ноором созанд.
Рисолати инсонию имонии ҳар фарди худогоҳи ин сарзамин дар вазъи печидаю мураккаби минтақа бешак ҳифзи Истиқлолу якпорчагӣ, фикру амали созанда, ободкорию бунёдкорӣ, ҳисси баланди ватандустӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин эҳтиром ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ мебошад.
Тоҷиддин Сабзов
н.Муъминобод
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар