Асосӣ Мақолаҳо НАҚШИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ

НАҚШИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ

НАҚШИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ
2023-07-28
869

Ба номи Х удованди бахшояндаву меҳрубон

Тоҷикон аз солҳои аввали зуҳури дини мубини Ислом ба мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ намуда, миёни дигар миллатҳо аз ҷумлаи хидматгузорони ин дин маъруф гаштаанд. Модари тоҷик аз домони поки худ фарзандоне ба дунё овард, ки дар фазои динии олам ҳамчун ситора дурахшон шуданд. Таъсири  бевоситаи чунин олимони забардаст, ки ворисони воқеъии Паёмбари ислом (с) буданд, боиси ғанӣ гаштани фарҳанги миллии мо шудаанд. Миллати тоҷик имрўз бо фарзандони фарзонаи худ аз қабили Имом Абўҳафси Кабири Бухорӣ, ки аз шогирдони бевоситаи Имом Муҳаммад (р) – ёри дувуми Имоми Аъзам (р) маҳсуб мешавад, Имом Бурҳониддини Марғилонӣ-соҳиби китоби машҳури «Ҳидоя», Имом Наҷмуддини Насафӣ –соҳиби китоби «Ақоиди Насафӣ», Имом Баздавӣ, Аллома Алӣ Қорӣ ва садҳо нафар аз бузургон ва донимандони худ ифтихор дорад. Хидмати ин бузургон дар рушду инкишофи фарҳанги миллии тоҷикон басо бузург аст.   

Хизмати бузурги Имоми Аъзам он буд, ки бо таълимоти худ ҷилави таассуб ва ифротгароӣ дар ҳукмро гирифта аст. Таълимоти ӯ дар бораи асли имон ва ҳукм кардан ба куфр имрӯз низ барои ислоҳи шуури динӣ дорои аҳамият мебошад. Дар замони Имоми Аъзам баъзе равияву фирқаҳо ҳамдигарро ба куфр маҳкум мекарданд. Дар натиҷаи чунин фатвоҳо ҳазорон нафар равшанфикрону олимон ва мардуми оддӣ ҳатто ба марг маҳкум шудаанд, зеро дар даврони пурҷӯшу хурӯши зиндагии Имоми Аъзам ва минбаъд кофир эълон кардан бо ҳукм ба марг баробар буд. Фатвоҳое, ки дар ин мавзӯъ Имом Абӯҳанифа додааст, то андозае пеши роҳи ин падидаро мегирифтанд ва баёнгари хидмати ин фақеҳи бузург дар ҳифзи мақоми инсон мебошанд. Дар ин маврид мӯҳтарам Пешвои миллат дар мақолааш "Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо" таъкид карда, аз ҷумла гуфтааст, ки: "Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаҳову ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хатари калон дорад" (Э. Раҳмон. Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо. рӯзномаи "Ҷумҳурият").

Пайравӣ аз як мазҳаб яке аз сабабҳои амну субот дар ҷомеа буда, инсонро аз изтироб ва шакку шубҳа дур месозад. Ҳамчунин дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ва ба вуҷуд овардани ҳисси эҳтиром нисбати бузургон ва гузаштагон нақши арзандае дорад. Борҳо дида шуда, ки бархе аз ҷавонони камогоҳ ба сабаби надоштани маълумоти кофии динӣ ва дур будан аз тарбияи ахлоқӣ нисбати бузургони гузашта суханони тавҳиномез мегўянд. Сабаби ин гуна амалҳои нораво дар он аст, ки ҷавонони мазкур аз ҳақиқати мазҳаб огоҳии комил надоранд ва таърихи гузаштаро ба таври кофӣ намедонанд. Ин амр боиси ба вуҷуд омадани низоъ ва ихтилоф дар ҷомеа шуда ва касоне, ки дар пайравӣ аз мазҳаб таассуб ва ифрот доранд, ин ихтилофро дучанд месозанд. Барои рафъи ин гуна мушкилот насли ҷавони ноогоҳро аз ҳақиқати мазҳаб ошно сохта онҳоро бо равиши некў ва боҳикмат панду андарз бояд намуд.  Аз тарафи дигар насли калонсол  бо равиши хирадмандона дар тарбияи насли наврас бикўшанд ва таассубу хушунатро канор бигузоранд, чунки ба кор гирифтани равиши нарм ва некў дар вақти панду андарз боиси пайдо гардидани муҳаббату меҳрубонӣ мегардад ва ин равишро танҳо касоне анҷом медиҳанд, ки дорои сабру тақво ҳастанд. Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Насиҳат гўш кун ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Дини Ислом, ки ҷузъе аз фарҳанги миллии мардуми мо ба шумор меравад ва аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ эътиқодманди ин дини муқаддас мебошанд, ҳоло дар замони ҷаҳонишавӣ, ки давраи бархўрди тамаддунҳо ва ихтилофҳои эътиқодӣ ва мазҳабӣ, пайдоиши равияҳои гуногуни ғайрианъанавӣ дар кишвар мушоҳида мегардад, қарор дорад. Бинобар ин омилҳо барои мардуми кишвар, хоссатан барои диндорони ҷумҳурӣ, ки асрҳои тўлонӣ эътиқодманди мазҳаби ҳанафӣ дар ақоид ва масоили фурўъии амалӣ мебошанд, давраи ҳассос ба шумор меравад.

Бинобар пайдоиши фазои мазкур ба зиммаи рўҳониёни машҳури ҷумҳурӣ, уламои дин, пешвоёни маъруфи мазҳаб, зиёиён, олимон, файласуфон ва дигар муҳаққиқоне, ки дар соҳаи дину фарҳанг пажўҳишҳо доранд, тамоми қувва, зиракии сиёсӣ ва илму дониши худро барои пайдо намудани роҳҳои пешгирии воридшавии идеологияҳои ғайрианъанавии динӣ дар кишвар ва халалдор насохтани фазои динию мазҳабӣ дар ҷомеа сарф намоянд. Ба хусус, масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон бояд дар мадди аввал гузошта шавад, зеро аксари ҷавонон аз фарҳанги динӣ ва мазҳабии аҷдодонамон, ки асрҳои тўлонӣ ба он амал мекарданд, бехабар ҳастанд. Аз ин рў, ҷавонони кишвар бисёртар ба идеологияҳои заҳролуди равияҳои ғайрианъанавӣ ва ифротӣ гирифтор мешаванд.

Ба андешаи мо роҳҳои пешгирии ақидаҳои ғайрианъанавии динӣ, ки аз ҷониби гурўҳҳои ифротӣ паҳн карда мешаванд ва кўшиши ҷалб намудани ҷавононро ба сўйи ақидаҳои худ мақсад гузоштаанд, аз пешниҳодоти зерин иборат мебошанд:

1 – Васеъ намудани ҷаҳонбинии динии мардуми кишвар бо чунин роҳҳо:

а)  исбот намудани нодуруст ва мувофиқат накардани ақидаҳои равияҳои бегона барои фазои динии кишвари мо;

в) баланд бардоштани савияи дониши пешвоёни динии кишвар, имомхатибон ва воизон бо роҳи ташкил намудани курсҳои кўтоҳмуддати такмили ихтисос;

г) баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги динии устодон ва донишҷўёни макотиби олӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки барои амнияти мамлакат кору фаъолият менамоянд.

2 -  Огоҳ намудани ҷавонон аз таърихи динӣ ва мазҳабии кишварамон, хусусан мазҳаби ҳанафӣ ва ифтихор намудан ба он, зеро ин мазҳаб асрҳои тўлонӣ барои мо мазҳаби аҷдодӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин донистан, ифтихор намудан ва ҳифз намудани он вазифаи ҷонӣ ва имонии ҳар фарди мусулмони ҷомеа мебошад.

   3 -  Бояд падару модарон бо мураббиёну омўзгорони кўдаконашон дар  боғчаву мактаб робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар пешрафти илмиву ахлоқии фарзандонашон ҳамкорӣ намоянд. Ба ин восита сатҳи донишу ахлоқи фарзандон боло рафта насли ҷавони соҳибфарҳанг ба воя мерасад ва ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад.

Вазифаи имрўзаи ҳар фарди кишвари тозаистиқлоли мо такмили савияи илму дониш дар партави арзишҳои миллию мазҳабии мардуми тоҷик мебошад. Аз ин рў, баҳрамандшавии мардум аз таълимоти бузургони илму фарҳанг ва дину мазҳаб, ки ҷиҳати ба камол расондани арзишҳои ахлоқии ҷомеаи муосир мусоидат мекунанд, ба василаи омода намудани барномаҳои мукаммали таълимӣ ва омўзишӣ бисёр зарур ва саривақтист. Тарғиби фарҳанги динӣ ва дарку омўзиши арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон боиси беҳтар шудани муҳити ахлоқӣ ва болоравии сатҳи маънавии мардум гардида, дар ҷомеа адлу инсоф, рафтори хубу некро ривоҷ мебахшад, ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ сулҳу осоиш ва ободии ҷомеа қувват медиҳад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар