Асосӣ Мақолаҳо ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТ
2023-09-01
933

Тоҷикистони азизи мо соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва худро ҳамчун давлати озоду мустақил ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Истиқлолияти давлатӣ инчунин ҳувиятии миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуд, ки ягон кишвари мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат  дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву нияту нопоки хоҷагони хориҷии худ, хоҳони он буданд, ки иродаи мардуми тоҷики боору номусро бо мағзшӯи ба фарҳангу мазҳаби бегона ворид намоянд ва ба сари халқи бегуноҳ бадбахтиҳо биоранд. Мутаасифона аз рӯи иттиллои пурраи динӣ надоштан ё мафкураи нопухтаи баъзе шаҳрвандон боис гардид, ки Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор шуд.

           Ба ҳамагон маълум аст натиҷаи надонистан ё огоҳ набудан, дар он замон ба он оварда расонд, ки баъзе шаҳрвандон аз нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом огоҳ набуда шомили он гардиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва он зиёда аз панҷ сол идома ёфт. Зарари ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистони моро даҳсолаҳо аз тараққиёту пешравиҳо боздошт, инчунин иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид. Зарбаи аз ҳама даҳшатноки ҷанг ин буд, ки бародар бародарро кушт, боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандони мо, ятим мондани даҳҳо ҳазор кӯдакон, аз фарзанд маҳрум шудани ҳазорон модарон гардид ва беш аз як миллион нафар сокинони Тоҷикистон ҷойи зисти доимии худро тарк намуда, ба худ номи гурезаро гирифтанд.

          Ҳеҷ аз ёд фаромўш намешавад, ки аввалин суханрониҳои Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буданд, «То охирин гурезаи тоҷик ба ватан барнагардад, ман орому осоишта нестам». Ҳақ бар ҷониби ӯст. Шукронаи Худованд, ки дигар миллати тоҷик номи гурезаро бар худ нагирифт. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо фараҳмандӣ, амонӣ дар гирди дастархони пурнозу неъмат бо фарзандони худ зиндагонӣ доранд, аммо он рӯзҳо дар ёдҳо боқӣ мондааст.

          Чуноне шоир гуфтааст:

Аз ёдҳо нарафта рӯзи сиёҳи тоҷик,

Он давраи махуфу ҳоли табоҳи тоҷик,

Дар синаҳост боқӣ пурсӯз оҳи тоҷик,

Сад шукр, гашта равшан имрӯз роҳи тоҷик,

Эмомалии Раҳмон! Аз туст бахти миллат,

Сад сол зинда бошӣ болои тахти миллат!

          Баъди гузашти солҳо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор сохт, ки мисли дигар давлатҳои меросбари давлати абарқудрат ҳаққи худро соҳибӣ намоем, иқтидори давлати ҷавони худро мустаҳкам гардонем ва барои муаррифии он дар арсаи ҷаҳон  ақаллан  рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлоламонро қабул кунем. Ин буд, ки қадамҳои нахустини давлатдории мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бо Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва аз ҳама муҳимаш Конститутсия, ки ҳамчун раҳнамо ва кафили ҳифзи ҳуқукҳои башар аст, оғоз гардид.

            Бо хости Худованди бузург ва кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат халқи парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ падидор аст.

            Натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон ба мардум яке аз неъматҳои бузург - Истиқлолиятро ҳадя кард, ки боварии комил дорем, ки пойдору побарҷо хоҳад монд. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш  бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар