Асосӣ Мақолаҳо ЗИНО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ЗИНО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

ЗИНО АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ
2023-09-20
570

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Сипос Парвардигорро, ки инсонро офарид ва дар вуҷуди ӯ истеъдодҳо ва ғаризаҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Агар эътидол риоят нашавад, ғаризаи инсонӣ сар ба туғён кашида, инсонро ба водии ҳалокату табоҳӣ ва бадномию нокомӣ хоҳад расонд. Аз ҳамин сабаб аст, ки дини мубини Ислом инсонро ба покию тозагӣ дар тамоми заминаҳои зиндагӣ дастур медиҳад. Дини мубини Ислом вуҷуди ғаризаи ҷинсиро инкор намекунад, балки дастур ба эътидол ва миёнаравӣ дар он медиҳад ва аз ҳар навъ нопокию олудагӣ ва каҷравиҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ инсонҳоро бозмедорад. Ғаризаи ҷинсӣ, ки дар инсон вуҷуд дорад, монанди оташи сӯзоне аст, ки аз умқи вуҷудаш забона мекашад ва шуълавар мегардад, агар ба дурустӣ контрол нашавад, тамоми масоили ахлоқӣ ва шарофати инсониро ба нобудӣ мекашонад. Аммо агар ин ғаризаи ҷинсӣ контрол шавад, мояи оромиши инсон гардида, ҳифзи навъи башарро ба армуғон хоҳад овард. Мутаассифона, падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, боиси нигаронии ақли солим аст.

           Беиффатӣ ин худ табоҳии насл, барбодии шараф, латма ба ҳайсият ва номусу ситам ба худу хонавода ва ҷамъияту фарзандон мебошад. Беиффатӣ инсонро ба дараҷаҳои паст мерасонад, ӯро дар сатҳи поёнтар аз ҳайвонот қарор медиҳад ва бадтарин амал ва манҳустарин роҳи қонеъ кардани шаҳват аст. Бояд ҳар шахси солимақл биандешад, ки ҷавонӣ ситораест, ки фақат як бор дар осмони умр медурахшад. Аксари он касоне, ки ба ин падидаҳои номатлуби бебандуборӣ рӯй меоранд, ҷавононанд ва ин беҳаёиро дар беҳтарин лаҳзаҳои умри худ касб кардаанд.

Як инсони шариф метавонад лаҳзаҳои дурахшони зиндагӣ, яъне овони ҷавонии худро ба омӯзишу илму касби пешравиҳои назаррас паси сар намояд. Баръакс афроди сустирода ва бешахсияте низ ҳастанд, ки ин лаҳзаҳои пурқимати умрро бо беҳаёӣ, оворагардӣ, фаҳшо ва беҳудагӯӣ бесамар паси сар мекунанд. Шоир фармуда:

Дар ҷавонӣ пок будан шеваи пайғамбарист,

Вақти пирӣ гурги золим мешавад парҳезгор.

           Хушбахтии инсон дар амал кардан ба фармудаҳои Худованд ва тавсияҳои Расули акрам (с) мебошад, зеро инсон пас аз мубтало шудан ба ин амалҳои зишт агар сидқан пушаймон шавад ва тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад ва роҳи иффату покӣ  насибаш гардад. Худованд дар каломи хеш мефармояд: «Ва ӯ Он аст, ки тавбаро аз бандагони Худ қабул мекунад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чӣ мекунед, медонад». (Сураи «Тавба», ояти 25) Чун банда тавба мекунад, дубора нур ба қалбаш бармегардад. Чунончи шоир мефармояд:

Гар тавбаи ту насуҳ бошад,

З-он тавба туро футуҳ бошад.

               Расули Худо (с) умматашро ташвиқу тарғиб менамояд, ки чун амали бад намуданд, зуд ба дунболи он амали некӯ намоянд: “Дар ҳар куҷое ки бошӣ, аз Худо битарс ва ба дунболи амали бад, кори нек бикун ки онро маҳв созад ва бо мардум бо шеваи ахлоқи хуб муомила кун!” (Ба ривояти имом Тирмизӣ ва Ҳоким) Инсони мусалмон бояд барои ислоҳ ва поксозии нафсаш кӯшиш намояд. Худованд мефармояд: “Ҳар кас нафси худро аз гуноҳ ва бадкорӣ пок ва муназзаҳ созад, бешак растагор хоҳад буд ва ҳар кӣ ӯро ба куфр ва гуноҳ палид гардонад, албатта зиёнкор хоҳад гашт”. (Сураи «Шамс», ояти 9) Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд: “Ҳамаи мардумон субҳ менамоянд, пас баъзе аз онҳо нафси худро мефурӯшад ва баъзе дигар нафси худро (аз оташи дӯзах) озод менамояд, ё онро ҳалок месозад”.(Ривояти Муслим) Ҳамчунин мусалмон дар ислоҳ ва поксозии худ аз дуо истифода менамояд, зеро дуо сипари қавӣ аст, ки мусалмон ба василаи он аз гуноҳон худро нигоҳ медорад ва дар ороста кардани худ ба ахлоқи ҳамида аз он истифода менамояд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар